Филиппиён
4 Эй бародаронам, эй шодии дил ва тоҷи сарам,+ ман шуморо дӯст медорам ва ташнаи дидоратон ҳастам. Эй азизон, дар роҳи Худованд* устувор бимонед.+
2 Аз Авҳудия ва аз Сунтихӣ хоҳиш мекунам, ки дар хизмати Худованд* ҳамфикр бошанд.+ 3 Аз ту низ, эй ҳамкори бовафоям, хоҳиш мекунам, ки ба ин занон ёрӣ расонӣ, зеро онҳо барои хушхабар бо ману Қлимис ва дигар ҳамкоронам, ки номашон дар дафтари ҳаёт навишта шудааст,+ паҳлу ба паҳлу мубориза бурдаанд.
4 Дар хизмати Худованд* ҳамеша шодӣ кунед. Боз мегӯям: шодӣ кунед!+ 5 Бигзор ҳама шуморо чун одамони боандеша*+ шиносанд. Худованд* наздик аст. 6 Ғами чизеро нахӯред,+ балки ҳама вақт бо дуову илтиҷо ва шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо баён кунед,+ 7 он гоҳ осоиштагии+ Худо, ки аз ҳар фикр болотар аст, ақлу дили шуморо ба воситаи Исои Масеҳ нигаҳбонӣ мекунад.+
8 Ниҳоят, эй бародарон, дар бораи ҳар он чӣ росту шоиста аст, ҳар он чӣ дуруст ва поку муҳаббатангез аст, ҳар он чӣ лоиқи таъриф аст, ҳар он чӣ нек ва сазовори ситоиш аст, доимо андеша ронед.+ 9 Он чизҳоеро, ки аз ман омӯхтаед, қабул кардаед, шунидаед ва дидаед, ба ҷо оред,+ он гоҳ Худои сулҳу осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд.
10 Ман чун хизматгори Худованд* бениҳоят шодам, ки ҳоло шумо боз дар бораи ман фикр мекунед.+ Албатта, шумо пештар ҳам ғами маро мехӯрдед, аммо барои ёрӣ додан имконият надоштед. 11 Инро барои он намегӯям, ки муҳтоҷам, чунки дар ҳар вазъу шароит қаноат карданро ёд гирифтаам.+ 12 Ман чӣ будани камбағалӣ+ ва чӣ будани фаровониро медонам. Ман фаҳмидам, ки чӣ тавр дар ҳар чиз ва дар ҳар ҳолат, хоҳ дар серӣ ва хоҳ дар гуруснагӣ, хоҳ дар фаровонӣ ва хоҳ дар муҳтоҷӣ, қаноат кунам. 13 Бо ёрии Оне, ки ба ман қувват мебахшад, ҳама чиз аз дастам меояд.+
14 Лекин хуб кардед, ки дар азобҳоям мададгорам будед. 15 Шумо, эй бародарони филиппӣ, ҳамчунин медонед, ки, вақте бори аввал хушхабарро эълон мекардам, ва, вақте Мақдунияро тарк кардам, ғайр аз шумо ягон ҷамоат ба ман ёрдам надодааст ва ёрдамамро қабул накардааст.+ 16 Вақте дар Таслӯникӣ будам, шумо як бор не, ду бор ба ман кумак фиристодед. 17 Мақсади гапам аз шумо ҳадия рӯёндан нест, ман фақат ҳаминро мехоҳам, ки самари корҳои некатон зиёд шавад. 18 Ҳадияе, ки бо дасти Эпафродитус+ ба ман фиристодед, мисли бӯйи форам,+ қурбонии ба Худо писанд аст. Акнун ман ҳама чизи зарурӣ ва ҳатто зиёда аз онро дорам. 19 Худои ман бошад, ба воситаи Исои Масеҳ бо сарвати пурҷалолаш ҳар камбудии шуморо пур мекунад.+ 20 Худо ва Падари моро то абад ҷалол бод! Омин.
21 Ба ҳамаи покон, ки пайрави Исои Масеҳанд, аз номи ман салом расонед. Бародароне, ки бо мананд, ба шумо салом мерасонанд. 22 Ҳамаи покон, хусусан онҳое, ки аз хонаводаи қайсаранд*,+ ба шумо салом мегӯянд.
23 Лутфу марҳамати Ҳазратамон Исои Масеҳ бо рӯҳияи хуби шумо бод!