Бигзор дигаргуниҳо шуморо аз оромӣ маҳрум насозанд
«Ҷонамро ором ва сокит мекунам» (ЗАБ. 130:2).
1, 2. а) Дигаргуниҳои ногаҳонӣ ба мо чӣ гуна таъсир карда метавонанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Мувофиқи Забур 130 чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки оромии ботинӣ дошта бошем?
ҲАМСАРОН Лойд ва Александра баъди он ки зиёда аз 25 сол дар Байт-Ил хизмат карданд, таъйиноташон дигар шуд. Онҳо акнун бояд бештар дар хизмати мавъиза кӯмак мерасонданд. Аз ин дигаргунӣ онҳо дар аввал ғамгин шуданд. Лойд мегӯяд: «Байт-Ил ва хизмат дар он ҷо маънои ҳаётам буд. Ман сабаби ин дигаргуниро дарк карда бошам ҳам, вале ҳафтаҳову моҳҳо рӯҳафтода будам ва ҳис мекардам, ки гӯё нодаркорам. Табъи ман тез-тез тағйир меёфт ва ман гоҳе хурсанд будаму гоҳе зиқ».
2 Вақте ки ҳаёти мо ногаҳон тағйир меёбад, ин метавонад ташвишу хавотирӣ ба миён орад (Мас. 12:25). Шояд бовариамон наояд, ки ин дигаргунӣ дар ҳақиқат рӯй дод. Дар чунин вазъиятҳо чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки «ором ва сокит» бошем? (Забур 130:1–3-ро хонед.) Биёед дида бароем, ки чӣ тавр баъзе хизматгорони Яҳува, ҳам дар замони қадим ва ҳам имрӯз, ҳангоми дигар шудани ҳаёташон дар дил оромиро нигоҳ дошта тавонистанд.
ЧӢ ТАВР «ОСОИШТАГИИ ХУДО» БА МО ЁРДАМ МЕКУНАД?
3. Чӣ тавр ҳаёти Юсуф ногаҳон тағйир ёфт?
3 Биёед мисоли Юсуфро ба хотир орем. Яъқуб аз байни ҳамаи писаронаш ӯро бештар дӯст медошт. Барои ҳамин, бародарони Юсуф ба ӯ бисёр ҳасад мебурданд. Вақте ки ӯ 17-сола буд, бародаронаш ӯро ба ғуломӣ фурӯхтанд (Ҳас. 37:2–4, 23–28). Тӯли қариб 13 сол ӯ дар Миср азоб мекашид. Дар аввал ӯ ғулом буд, баъд ба зиндон партофта шуд. Ба болои ҳамаи ин, Юсуф аз падари азизаш, Яъқуб, дур буд. Чӣ ба Юсуф кӯмак мерасонд, ки ба ноумедӣ ва қаҳру ғазаб дода нашавад?
4. а) Вақте ки Юсуф дар зиндон буд, диққаташро ба чӣ равона мекард? б) Чӣ тавр Яҳува ба дуоҳои Юсуф ҷавоб медод?
4 Юсуф ҳангоми дар зиндон буданаш эҳтимол диққати худро ба он равона мекард, ки чӣ тавр Яҳува ӯро дастгирӣ мекунад (Ҳас. 39:21; Заб. 104:17–19). Шояд инчунин хобҳое, ки ӯ дар айёми ҷавониаш дида буд, ӯро боварӣ мебахшиданд, ки Яҳува аз вай розӣ аст (Ҳас. 37:5–11). Эҳтимол Юсуф бисёр дуо гуфта, дилашро ба Яҳува холӣ мекард (Заб. 144:18). Яҳува ба дуоҳои Юсуф ҷавоб дода, ӯро боварӣ мебахшид, ки дар ҳар озмоиш «бо ӯ» хоҳад буд (Аъм. 7:9, 10)a.
5. Чӣ тавр «осоиштагии Худо» ба мо қувват мебахшад, ки бо азми қавӣ ба Худо хизмат карданро давом диҳем?
5 Мисли Юсуф мо низ имрӯз бо вазъияти душвор рӯ ба рӯ шуда метавонем. Лекин дар кадом вазъияте, ки набошем «осоиштагии Худо» ба мо оромӣ мебахшад ва кӯмак мекунад, ки «ақлу дили» худро ҳифз намоем (Филиппиён 4:6, 7-ро хонед.) Масалан, вақте бори ғаму андӯҳ ба мо фишор меорад, «осоиштагии Худо» ба мо қувват мебахшад, ки ба фикрҳои манфӣ дода нашуда, бо азми қавӣ хизмати Худоро давом диҳем. Биёед, мисоли якчанд бародарону хоҳаронамонро, ки ин осоиштагиро дар худ ҳис карданд, дида бароем.
БАРОИ ОРОМӢ ЁФТАН АЗ ХУДО МАДАД ПУРСЕД
6, 7. Чӣ тавр, вақте ки мо дар бораи вазъиятамон аниқу равшан дуо мегӯем, Яҳува ба дили мо оромӣ мебахшад?
6 Ҳамсарон, Райен ва Ҷулиет муваққатан пешрави махсус таъйин шуда буданд. Вақте онҳо фаҳмиданд, ки мӯҳлати ин хизматашон ба охир мерасад, ғамгин шуданд. Райен мегӯяд: «Мо дарҳол ба Яҳува дар бораи ин ҳиссиёти худ дуо гуфтем. Ин маҳз он мавриде буд, ки мо бояд ба Яҳува такя карданамонро нишон медодем. Бисёр аъзоёни ҷамъомади мо нав ба ҳақиқат омадаанд ва мо мехостем дар зоҳир кардани имон ба онҳо намунаи ибрат бошем. Барои ҳамин, мо ба Яҳува дуо гуфтем, то дар ин кор ба мо кӯмак кунад».
7 Чӣ тавр Яҳува ба дуои онҳо ҷавоб дод? Райен ба хотир меорад: «Дарҳол баъди дуо гуфтан, ҳиссиёти зиқиву рӯҳафтодагии мо бартараф шуд. Осоиштагии Худо ба ақлу дили мо оромӣ бахшид ва фикру ҳиссиёти манфиро аз мо дур кард. Мо дарк намудем, ки агар назари дурустро нигоҳ дорем, минбаъд низ дар хизмати Яҳува фоидаи зиёд оварда метавонем».
8–10. а) Чӣ тавр бо ёрдами рӯҳи Худо мо бар зиқиву рӯҳафтодагӣ ғолиб омада метавонем? б) Вақте мо диққатамонро ба корҳои рӯҳонӣ равона мекунем, Яҳува бо кадом роҳҳо ба мо кӯмак мекунад?
8 Рӯҳи Худо ба мо на танҳо оромӣ мебахшад, он ҳамчунин ба мо ёрдам мекунад, то дар вақти душвориҳо оиди оятҳои ба вазъиятамон дахлдошта мулоҳиза ронем ва фаромӯш накунем, ки дар ҳаётамон чӣ аз ҳама муҳим аст. (Юҳанно 14:26, 27-ро хонед.) Биёед бинем, ки бо ҳамсарон Филип ва Мэри, ки 25 сол дар Байт-Ил хизмат карда буданд, чӣ рӯй дод. Дар байни чор моҳ модари ҳар дуи онҳо ва боз як хеши наздикашон вафот карданд. Ғайр аз ин, ба онҳо лозим омад, ки ба падари Мэри, ки бемории камақлӣ дошт, нигоҳубин кунанд.
9 Филип мегӯяд: «Ба ин душвориҳо ман гӯё тоб меовардам, вале ҳис мекардам, ки чизе намерасад. Рӯзе дар мақолаи омӯзишии “Бурҷи дидбонӣ” диққати маро ояти Қӯлассиён 1:11 ба худ ҷалб кард. Аз он ман фаҳмидам, ки истодагарии ман нопурра аст, чунки хурсандиамро гум карда будам. Ман бояд “бо пурсабриву шодмонӣ” истодагарӣ мекардам. Ин оят хотиррасон кард, ки хурсандии ман дар ҳаёт на аз вазъияти ман, балки аз таъсире, ки рӯҳи муқаддаси Худо ба ман мерасонад, вобаста аст».
10 Азбаски Филип ва Мэри дар хизмати Яҳува фаъол монданд, Яҳува онҳоро аз бисёр ҷиҳат баракат дод. Баъди аз Байт-Ил рафтанашон, дере нагузашта, ҳар дуи онҳо бо якчанд шахсони самимӣ омӯзиши Китоби Муқаддас сар карданд. Он омӯзандагон хуб пешравӣ мекарданд ва дар ҳафта якчанд бор омӯзиш кардан мехостанд. Мэри мегӯяд: «Онҳо хурсандии мо буданд ва ҳамин тавр Яҳува ба мо гӯё мегуфт, ки ҳамааш хуб мешавад».
АЗ МО ҲАРАКАТ АЗ ХУДО БАРАКАТ
11, 12. а) Юсуф чӣ кор кард, ки Яҳува ӯро баракат дод? б) Яҳува Юсуфро барои истодагариаш чӣ тавр мукофот дод?
11 Вақте ки ҳаёти мо ногаҳон тағйир меёбад, мо метавонем чунон зиқу рӯҳафтода шавем, ки дигар ба кардани ягон кор дасту диламон намеравад. Бо Юсуф низ чунин шуда метавонист. Лекин вай ба ғаму андӯҳ дода нашуд, балки қарор дод, ки дар вазъияти худ ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад. Бо ин рафтораш ӯ ба Яҳува имконият медод, ки ӯро баракат диҳад. Ва мо медонем, ки ӯ дар хонаи Фӯтифар бисёр меҳнат мекард ва баъдтар дар зиндон ҳар як супориши гирифтаашро хеле хуб иҷро мекард (Ҳас. 39:21–23).
12 Як рӯз ба зиндон ду мардеро оварданд, ки пеш дар дарбори фиръавн мартабаи баланд доштанд. Ба Юсуф супориш дода шуд, ки ба онҳо ғамхорӣ кунад. Азбаски Юсуф бо ин мардон меҳрубонона муносибат мекард, онҳо низ худро бо ӯ озод ҳис мекарданд. Як шаб он ду мард хобе диданд, ки онҳоро хавотир кард ва онро ба Юсуф нақл карданд (Ҳас. 40:5–8). Юсуф дарк намекард, ки ин сӯҳбат оқибат ӯро аз зиндон озод мекунад. Ҳарчанд баъди ин воқеа боз ду соли дигар Юсуф дар зиндон монд, оқибат ӯ озод шуд ва худи ҳамон рӯз ҳокими дуюми Миср таъйин гашт (Ҳас. 41:1, 14–16, 39–41).
13. Чӣ тавр мо ба Яҳува имконият медиҳем, ки моро баракат диҳад?
13 Мисли Юсуф мо баъзан бо вазъияте дучор шуда метавонем, ки ба дигар кардани он ягон илоҷ надорем. Лекин, агар мо пуртоқатӣ зоҳир кунем ва дар вазъияти доштаамон ҳаракат карда, ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, бо ин ба Яҳува имконият медиҳем, ки моро баракат диҳад (Заб. 36:5). Албатта, шояд мо баъзан аз рӯй додани ин ё он вазъият «ҳайрон» ва ғамгин шавем. Вале чуноне, ки Павлуси расул гуфт, мо «тамоман ноумед нестем» (2 Қӯр. 4:8; эзоҳ). Агар мо диққатамонро ба корҳои рӯҳонӣ равона созем, Яҳува ҳеҷ гоҳ моро намепартояд.
ДИҚҚАТИ ХУДРО БА ХИЗМАТ РАВОНА КУНЕД
14–16. Чӣ тавр Филиппуси воиз ба дигаргуниҳои ҳаёташ нигоҳ накарда, ҳамеша диққаташро ба хизмат равона мекард?
14 Филиппуси воиз нигоҳ накарда ба дигаргуниҳо дар ҳаёт диққати худро ба хизмат равона мекард ва бо ин ба мо намунаи хуб гузошт. Як вақтҳо ба Филиппус дар Ерусалим вазифаи махсус супорида шуда буд ва ӯ онро бо хурсандӣ иҷро мекард (Аъм. 6:1–6). Лекин баъд ҳама чиз тағйир ёфт. Дар Ерусалим масеҳиён бо зиддият дучор шуданд ва баъди куштори Истефанус таъқибот бисёртар авҷ гирифтb. Нигоҳ накарда ба ин вазъияти хатарнок, Филиппус минбаъд низ бо кори Яҳува банд будан мехост. Барои ҳамин ӯ ба шаҳри Сомария рафт, ки дар он ҷо аксари одамон ҳоло хушхабарро нашунида буданд (Мат. 10:5; Аъм. 8:1, 5).
15 Филиппус тайёр буд, ки ба куҷое рӯҳи Худо ӯро равона намояд, ба ҳамон ҷо рафта хизмат кунад. Аз ин рӯ, Яҳува ӯро ба ҷойҳое фиристод, ки одамон ҳоло хушхабарро нашунида буданд. Бисёри яҳудиён сомариёнро паст мезаданд ва бо онҳо бад муомила мекарданд. Вале Филиппус рӯйбин набуд ва бо хурсандӣ ба онҳо хушхабарро нақл мекард. Ва сомариён «ба вай бодиққат гӯш медоданд» (Аъм. 8:6–8).
16 Сипас рӯҳи Худо Филиппусро ба Ашдӯд ва Қайсария фиристод, ки аксари мардуми ин шаҳрҳо ғайрияҳудӣ буданд (Аъм. 8:39, 40). Дар давоми хизмат дар он минтақа ҳаёти Филиппус боз тағйир ёфт. Ӯ дар он ҷо сокин шуд ва оиладор шуда, хизматашро давом дод. Нигоҳ накарда ба он ки дар ҳаёташ доим дигаргуниҳо рӯй медоданд, ӯ ҳамеша диққаташро ба кори мавъиза равона мекард. Дар натиҷа, Яҳува ӯ ва оилаашро бисёр баракат дод (Аъм. 21:8, 9).
17, 18. Чӣ тавр бо хизмат банд будан ба мо кӯмак мекунад, ки дар вақти дигар шудани ҳаётамон рӯҳияи мусбиро нигоҳ дорем?
17 Бисёр ходимони пурравақт аз таҷрибаи худ мегӯянд, ки ҳамеша бо корҳои рӯҳонӣ банд будан, ба онҳо кӯмак мекунад, ки нигоҳ накарда ба дигаргуниҳои ҳаёт рӯҳияи мусбиро нигоҳ доранд ва хушбахт бошанд. Биёед мисоли ҳамсарон Озборн ва Политро, ки аз Африқои Ҷанубӣ мебошанд, дида бароем. Вақте ки хизмати онҳо дар Байт-Ил ба охир расид, онҳо фикр карданд, ки ба зудӣ ҷойи зист ва кори мувофиқ меёбанд. Вале Озборн мегӯяд: «Афсӯс, хости диламон нашуд ва мо даррав кор наёфтем». Занаш Полит ба хотир меорад: «Мо дар тӯли се моҳ кор ёфта наметавонистем ва ҳамаи пасандози мо тамом шуд. Ин дар ҳақиқат мушкил буд».
18 Чӣ ба Озборн ва Полит кӯмак кард, ки ба ин душворӣ тоб оранд? Озборн кӯтоҳ чунин шарҳ дод: «Мавъиза бо аъзоёни ҷамъомад ба мо хеле ёрдам кард, ки аз ҳад зиқ нашавем ва фикрҳоямонро ба чизҳои мусбӣ равона созем. Мо қарор додем, ки ба ҷойи зиқ шуда шиштан, пурра худро бо кори мавъиза банд созем. Ва ин ба мо хурсандии зиёд бахшид. Мо ҳамчунин ҷустани корро давом медодем ва оқибат кор ёфтем».
ЯҲУВАРО БО ДИЛПУРӢ ИНТИЗОР ШАВЕД
19–21. а) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки диламон орому осуда бошад? б) Агар ба дигаргуниҳои ҳаёт дуруст муносибат кунем, чӣ манфиат ба даст меорем?
19 Чи тавре ки ин мисол нишон медиҳад, агар мо дар вазъияти худ ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем ва бо дили пур Яҳуваро интизор шавем, мо метавонем дар дил оромиро нигоҳ дорем. (Мико 7:7-ро хонед.) Вақте мо ба вазъияти нав мутобиқ мешавем, бо гузашти вақт шояд дарк кунем, ки ба Яҳува наздиктар шудаем. Полит, ки дар боло дар борааш гуфтем, мефаҳмонад: «Баъди он ки таъйиноти мо дигар шуд ва мо бо душвориҳо дучор шудем, ман дар ҳақиқат фаҳмидам, ки ба Яҳува такя кардан дар асл чӣ маъно дорад. Ҳоло муносибати ман бо Ӯ боз ҳам наздиктар шудааст».
20 Хоҳар Мэри, ки дар боло дар борааш гуфтем, то ҳол ба падари бемораш нигоҳубин мекунад ва ҳамзамон пешрав мебошад. Ӯ ошкоро мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки агар ягон ғаму ташвиш ҳис кунам, ман бояд истам, дуо гӯям ва ором шавам. Дарси муҳимтарин бароям ин аст, ки ман ба дасти Яҳува супоридани вазъиятро ёд гирифтам ва ин дар оянда ҳатман ба ман даркор мешавад».
21 Дар аввали мақола дар бораи ҳамсарон Лойд ва Александра гуфта будем. Онҳо иқрор мешаванд, ки дар ҳаёташон рӯй додани дигаргунӣ имони онҳоро тавре озмуд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ интизор набуданд. Вале ин ҳамсарон мегӯянд: «Дар озмоишҳо маълум мешавад, ки оё шахс имони ҳақиқӣ дорад ё не, ва оё имонаш то дараҷае мустаҳкам аст, ки дар вақтҳои тангӣ ӯро қуввату тасаллӣ бахшад. Ҳоло мо ҳис мекунем, ки хислатҳоямон беҳтар гаштаанд».
22. Агар мо дар вазъияти худ ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, аз чӣ дилпур буда метавонем?
22 Дар ин тартибот ҳаёти мо метавонад ногаҳон тағйир ёбад. Масалан, таъйиноти мо дар хизмати Яҳува дигар шуда метавонад, шояд саломатиамон ногаҳон бад шавад ва ё дар оилаамон ягон мушкилие ба миён ояд, ки аз мо қуввати зиёдтарро талаб мекунад. Вале чизе ки рӯй надиҳад, дилпур бошед, ки Яҳува ба шумо ғамхорӣ мекунад ва дар вақти мӯҳтоҷиатон албатта дасти ёрӣ дароз мекунад (Ибр. 4:16; 1 Пет. 5:6, 7). Ҳамчунин, кӯшиш кунед, ки ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед. Дар дуо ба Падари осмониатон наздик шавед ва ташвишҳои худро ба дастони пурмеҳри Ӯ супориданро ёд гиред. Ҳамин тавр, шумо новобаста аз дигаргуниҳои ҳаёт оромии дилро нигоҳ дошта метавонед.
a Юсуф баъди якчанд соли аз зиндон озод шуданаш писардор шуд. Вай дарк кард, ки Яҳува ин фарзандро барои фаромӯш кардани хотираҳои дардовараш ато кардааст. Юсуф ин нахустзодаашро Менашше номид, (маънояш «Он ки фаромӯшӣ меорад») чунки гуфт: «Худо маро аз тамоми машаққатам ва аз тамоми хонаи падарам фаромӯшӣ дод» (Ҳас. 41:51).
b Ба саҳифаи 32, ба мақолаи «Оё шумо медонед?» нигаред.