1 Қӯринтиён
6 Вақте яке аз шумо бар зидди дигаре даъвое дорад,+ чӣ тавр рӯяш мешавад, ки бо даъвои худ пеши покони ҷамоат неву пеши доварони беимон* равад? 2 Оё намедонед, ки ҷаҳонро покон доварӣ мекунанд?+ Шумо, ки ҷаҳонро доварӣ мекунед, магар наметавонед масъалаҳои хурдро ҳал кунед? 3 Магар намедонед, ки мо дар оянда фариштагонро доварӣ мекунем?+ Пас, чаро масъалаҳои ҳаёти имрӯзаро ҳал накунем? 4 Агар дар байни шумо масъалаҳои ҳалталаб бошанд,+ барои чӣ шумо касонеро барои худ довар интихоб мекунед, ки дар назари ҷамоат росткор нестанд? 5 Инро барои он мегӯям, ки шарм доред. Наход дар байни шумо ақаллан як хирадманд ҳам набошад, ки дар миёни бародарони худ доварӣ карда тавонад? 6 Вале бародар бародарро ба маҳкама мекашад, то ки беимонон онҳоро доварӣ кунанд.
7 Бидонед, ки, вақте шумо якдигарро ба маҳкама мекашед, ин шикасти шумост. Чаро шумо зарар диданро авло намедонед?+ Чаро фирефта шуданро беҳтар намешуморед? 8 Ба ҷойи ин шумо ба бародарони худ зарар мерасонед ва онҳоро фиреб медиҳед.
9 Оё намедонед, ки бадкорон Подшоҳии Худоро мерос намегиранд?+ Фирефта нашавед: на зинокорон*,+ на бутпарастон,+ на касоне, ки ба ҳамсари худ хиёнат мекунанд,+ на мардони ҳамҷинсбоз+ — хоҳ ба ҷойи зан бошанд, хоҳ ба ҷойи мард+ —, 10 на дуздон, на чашмгушнагон,+ на бадмастон,+ на бадзабонон ва на ғоратгарон Подшоҳии Худоро мерос намегиранд.+ 11 Баъзеи шумо ҳамин хел ҳам будед, вале ба номи Ҳазратамон Исои Масеҳ ва бо рӯҳи Худои мо шуста, пок шудед,+ муқаддас гаштед+ ва росткор эълон шудед.+
12 Ҳама чиз ба ман равост, вале на ҳар чиз фоиданок аст.+ Ҳама чиз ба ман равост, лекин намегузорам, ки чизе бар ман ҳукмфармо бошад. 13 Хӯрок барои шикам аст ва шикам барои хӯрок, вале Худо ҳам ину ҳам онро аз байн мебарад.+ Бадан барои зино* нест, балки барои Ҳазрат аст,+ Ҳазрат бошад, барои бадан аст. 14 Худо, ки бо қудрати худ+ Ҳазратамонро зинда кардааст,+ моро низ зинда мекунад.+
15 Оё намедонед, ки баданҳои шумо узвҳои Масеҳанд?+ Пас, оё узвҳои Масеҳро гирифта, ба узвҳои фоҳиша бипайвандам? Ҳеҷ гоҳ! 16 Ё намедонед, ки ҳар кӣ бо фоҳиша бипайвандад, бо вай як тан мешавад? Охир, Худо гуфтааст: «Ҳар ду як тан мешаванд».+ 17 Вале ҳар касе, ки бо Ҳазрат бипайвандад, бо ӯ ҳамдилу ҳамандеш аст*.+ 18 Аз зино* гурезед!+ Ҳар гуноҳе, ки одам ба он даст мезанад, берун аз бадани ӯст, вале ҳар касе, ки ба зино даст мезанад, бар зидди бадани худ гуноҳ мекунад.+ 19 Оё намедонед, ки бадани шумо ибодатгоҳи+ рӯҳи муқаддас аст, ки дар шумосту шумо онро аз Худо гирифтаед?+ Шумо аз они худ нестед,+ 20 зеро бо нархи гарон харида шудаед.+ Пас, Худоро дар бадани худ+ ҷалол диҳед.+