Ишаъё
66 Яҳува чунин мегӯяд:
«Осмон тахти ман ва замин қадамгоҳи* ман аст.+
Ман ба одами хоксор ва шикастарӯҳ, ки аз каломи ман меларзад*, назар хоҳам кард.+
3 Касе, ки буққаро қурбонӣ мекунад, мисли одамкуш аст.+
Касе, ки гӯсфандро сар мебурад, мисли касест, ки гардани сагро мешиканад.+
Касе, ки ҳадия меорад, гӯё хуни хукро меорад.+
Касе, ки лоданро чун ҳадияи ёдгорӣ пешкаш мекунад,+ мисли касест, ки бо сеҳру ҷоду баракат медиҳад*.+
Онҳо роҳҳои худро ихтиёр кардаанд
Ва ба ҷони онҳо чизҳои нафратангез мефорад.
4 Барои ҳамин ман низ барои онҳо ҷазо ихтиёр мекунам+
Ва чизеро, ки аз он метарсанд, ба сарашон меорам,
Чунки, вақте сӯяшон фарёд задам, касе ҷавоб надод,
Вақте гап задам, касе гӯш накард.+
Онҳо он чиро, ки дар назари ман бад буд, ба амал меоварданд
Ва хостанд он чиро, ки ба ман нофорам аст, ба ҷо оранд».+
5 Каломи Яҳуваро бишнавед, эй касоне, ки аз каломи ӯ меларзед*:
«Бародарони шумо, ки аз шумо нафрат доранд ва аз барои номи ман шуморо радди маърака мекунанд, гуфтанд: “Яҳуваро ҷалол бод!”+
Аммо ӯ худро маълум месозаду шуморо хурсанд менамояд,
Онҳоро бошад, шарманда мекунад».+
6 Аз шаҳр садои ҳаёҳу, аз ибодатгоҳ садое меояд!
Ин садои Яҳува аст, ки сазои душманонашро медиҳад.
7 Ин зан дард накашида, таваллуд кард,+
Пеш аз он ки ӯро дарди зоиш қапад, писаре ба дунё овард.
8 Кӣ чунин чизеро шунидааст?
Кӣ чунин чизеро дидааст?
Магар кишваре дар як рӯз зода мешавад?
Ё халқе яку якбора ба дунё меояд?
Вале Сион, ҳамин ки дарди зоишаш қапид, писарон ба дунё овард.
9 «Магар ман то дами зоиш мерасонаму намезоёнам? — мегӯяд Яҳува.—
Магар ба зоидан мерасонаму даҳони бачадонро мебандам?» — мегӯяд Худои ту.
10 Бо Ерусалим хурсандӣ кунед ва бо ӯ хушҳол шавед,+ эй ҳамаи онҳое, ки дӯсташ медоред!+
Бо ӯ шодии бисёр кунед, эй ҳамаи онҳое, ки барояш мотам гирифтаед,
11 Чунки ӯ шуморо мемаконад ва ба серӣ тасаллӣ медиҳад
Ва шумо, чун кӯдак аз шири модар, аз ҷалоли беандозаи ӯ хурсанд мешавед.
12 Яҳува чунин мегӯяд:
Ӯ шуморо мемаконаду ба бағал мегирад
Ва сари зону гузошта меҷунбонад.
13 Чуноне ки модар писарашро тасаллӣ медиҳад,
Ман низ шуморо тасаллӣ хоҳам дод+
Ва шумо Ерусалимро дида тасаллӣ меёбед.+
14 Инро дида дили шумо шод мешавад
Ва устухонҳои шумо мисли сабзаи навхез нашъунамо мекунад.
Ӯ омада, бо хашми пурзӯр ҷазо медиҳад
Ва бо забонаҳои оташ сарзаниш менамояд,+
16 Зеро Яҳува бо оташ доварӣ хоҳад кард,
Ҳукми ҳамаи одамизодро бо шамшер ба ҷо хоҳад овард
Ва онҳое, ки аз дасти Яҳува кушта мешаванд, бисёр хоҳанд буд.
17 Касоне, ки худро поку муқаддас мекунанд ва ба боғҳо*+ рафта, дар паси оне, ки дар миёна аст, меистанд, ҳамчунин касоне, ки гӯшти хук,+ чизҳои ҳаром ва муш мехӯранд,+ якҷоя нобуд мешаванд,— мегӯяд Яҳува.— 18 Ман ки корҳои онҳо ва фикрҳои онҳоро медонам, меояму одамонро аз ҳамаи халқҳо ва забонҳо ҷамъ меорам ва онҳо омада, ҷалоли маро мебинанд.
19 Ман дар миёни онҳо аломате мегузорам ва баъзеи онҳоеро, ки халосӣ ёфтаанд, сӯйи халқҳое, ки овозаи маро нашунидаанд ва ҷалоли маро надидаанд — сӯйи Таршиш,+ Фул ва Луд,+ ки камон мекашанд, сӯйи Тубол, Ёвон+ ва ҷазираҳои дурдаст, мефиристам ва онҳо ҷалоли маро дар миёни халқҳо хабар медиҳанд.+ 20 Онҳо тамоми бародарони шуморо аз ҳамаи халқҳо+ гирифта, бар аспҳо, аробаҳои калону майда, хачирҳо ва шутурҳои тезгард чун ҳадияе барои Яҳува ба кӯҳи муқаддаси ман, ба Ерусалим, меоранд, чуноне ки халқи Исроил дар зарфи тозае ба хонаи Яҳува ҳадия меорад,— мегӯяд Яҳува,—
21 Ва ман баъзеи онҳоро коҳин ва левизода мекунам,— мегӯяд Яҳува.—
22 Чуноне ки осмони нав ва замини наве, ки меофарам,+ пеши ман ҳамеша боқӣ мемонанд, ончунон насли шумо ва номи шумо боқӣ хоҳад монд,— мегӯяд Яҳува.+—
23 Навмоҳ ба навмоҳ ва шанбе ба шанбе
Тамоми одамизод омада, пеши ман саҷда хоҳад кард,+— мегӯяд Яҳува.—
24 Онҳо берун омада, ба ҷасадҳои касоне, ки бар зидди ман шӯриш мебардоранд, нигоҳ хоҳанд кард,
Зеро кирмҳои онҳо намемиранд, оташи онҳо хомӯш намешавад+
Ва онҳо дар назари ҳамаи одамон нафратовар хоҳанд буд».