Бо муҳаббати худ дигаронро обод кунед
«Муҳаббат... обод мекунад» (1 ҚӮР. 8:1).
1. Исо шаби пеш аз марги худ кадом мавзӯи муҳимро бо шогирдонаш муҳокима кард?
ШАБИ пеш аз маргаш Исо ба шогирдони худ қариб 30 маротиба дар бораи муҳаббат хотиррасон кард. Ӯ гуфт, ки онҳо бояд «якдигарро дӯст» доранд (Юҳ. 15:12, 17). Муҳаббати пурзӯри онҳо ба якдигар бояд маълум месохт, ки онҳо пайравони ҳақиқии Масеҳанд (Юҳ. 13:34, 35). Исо дар бораи муҳаббати фидокоронае сухан ронд, ки он аз ҳиссиёт дида чизи бештарро дар бар мегирад. Ин гуна муҳаббат хислати беҳамтоест, ки дар амал зоҳир мегардад. Ӯ гуфт: «Муҳаббати бузургтар аз ин нест, ки касе ҷони худро барои дӯстонаш фидо кунад. Агар шумо амри маро иҷро кунед, дӯстони ман хоҳед буд» (Юҳ. 15:13, 14).
2. а) Дар байни халқи Худо чиро дидан мумкин аст? б) Мо дар ин мақола кадом саволҳоро дида мебароем?
2 Имрӯз Шоҳидони Яҳува аз дигарон бо он фарқ мекунанд, ки байнашон муҳаббати самимиву фидокорона ва ягонагӣ ҳукмфармост (1 Юҳ. 3:10, 11). То чӣ андоза хурсандиовар аст, ки гуногунии миллат, забон ва маданият ба онҳо халал намерасонад, ки якдигарро дӯст доранд. Аммо чунин саволҳо ба миён меоянд: Чаро зоҳир кардани муҳаббат хусусан дар рӯзҳои мо муҳим аст? Чӣ тавр муҳаббати Яҳува ва Исо моро обод мекунад? Бо кадом роҳҳо ҳар яки мо метавонем бо муҳаббати худ дигаронро обод кунем? (1 Қӯр. 8:1).
МУҲИМИЯТИ МУҲАББАТ ДАР РӮЗҲОИ МО
3. Ин «замонҳои сахт» ба одамон чӣ тавр таъсир мекунанд?
3 Дар ин «замонҳои сахт» зиндагӣ пур «аз заҳмат ва ҷафо» аст. Бисёриҳо аз ғаму андӯҳи зиёд азоб мекашанд (Заб. 89:10; 2 Тим. 3:1–5). Одамони бешумор аз зиндагӣ дилашон хунук шудааст. Мувофиқи ҳисоботҳо ҳар сол беш аз 800 000 одамон худкушӣ мекунанд, ки ба ҳар 40 сония як нафар рост меояд. Афсӯс ки ҳатто баъзе ҳамимонони мо ба мушкилиҳои зиндагӣ тоб оварда натавониста, оқибат даст ба худкушӣ заданд.
4. Кадом қаҳрамонҳои Китоби Муқаддас аз мушкилиҳои ба сарашон омада ҳатто мурдан мехостанд?
4 Дар замонҳои қадим баъзе хизматгорони содиқи Худо аз азобу уқубатҳои ба сарашон омада чунон хаста мешуданд, ки ҳатто мурдан мехостанд. Масалан, Айюб аз дарду ғами худ нола карда гуфта буд: «Аз ҷон безор шудаам, то абад зиндагӣ нахоҳам кард» (Айюб 7:16; 14:13). Пайғамбар Юнус бошад, рӯзе чунон маъюсу рӯҳафтода шуд, ки ба Яҳува гуфт: «Эй Худованд, ҷони маро аз ман бигир, зеро ки мурданам аз зистанам беҳтар аст» (Юнус 4:3). Илёс-пайғамбар низ боре аз аҳволи бади худ ба дод омада, чунин гуфт: «Бас аст! Алҳол, эй Худованд, ҷони маро бигир» (3 Подш. 19:4). Лекин Яҳува ин хизматгорони содиқи худро дӯст медошт ва намехост, ки онҳо бимиранд. Ӯ онҳоро барои чунин ҳиссиёташон сарзаниш накард. Баръакс ба онҳо кӯмак карда, барои зиндагӣ кардан қувват бахшид. Дар натиҷа, онҳо содиқона ба Ӯ хизмат карданро давом доданд.
5. Чаро хусусан ҳозир бародарону хоҳарон ба муҳаббати мо мӯҳтоҷанд?
5 Имрӯз бародарону хоҳарони мо аз зиндагӣ дилхунук нашуда бошанд ҳам, бо душвориҳои сахт дучор мешаванд. Аз ин рӯ, онҳо ба рӯҳбаландӣ ва муҳаббати мо мӯҳтоҷанд. Баъзеҳо аз сабаби таъқибот ё мазоҳу масхараи дигарон азоб мекашанд. Дигаронро ҳамкоронашон танқид ё ғайбат мекунанд ё онҳо маҷбуранд, ки соатҳои дароз кори вазнинро иҷро кунанд. Баъзеҳо дар оила проблемаҳои ҷиддӣ доранд ва шояд аз таънаву маломати ҳамсари ҳамимоннабуда хаста шудаанд. Чунин душвориҳо мадори бисёриҳоро хушк кардааст ва асабҳояшонро хароб гардондааст. Ба чунин шахсони рӯҳафтода кӣ кӯмак карда метавонад?
МУҲАББАТИ ЯҲУВА МОРО ОБОД МЕКУНАД
6. Яҳува хизматгоронашро чӣ тавр обод мекунад?
6 Яҳува хизматгоронашро беандоза дӯст медорад ва ин муҳаббати Ӯ то абад аст. Донистани ин ба мо қувват мебахшад. Тасаввур кунед, ки халқи Исроил аз шунидани суханони зерини Яҳува то чӣ андоза рӯҳбаланд шуда буд: «Ту дар назари Ман азиз ва гаронбаҳо ҳастӣ, ва Ман туро дӯст доштаам... Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам» (Иш. 43:4, 5). Дилпур бошед, ки барои Яҳува ҳар як ходимаш азизу гаронбаҳостa. Каломи Худо ваъда медиҳад: «Ӯ ҷаббор аст, ва наҷот хоҳад дод; дар ҳаққи ту бо шодмонӣ дилхуш хоҳад шуд» (Саф. 3:16, 17).
7. Ба кадом маъно муҳаббати Яҳува ба муҳаббати модар монанд аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
7 Яҳува ваъда медиҳад, ки халқаш бо кадом озмоише, ки дучор нашаванд, Ӯ онҳоро дастгирӣ мекунад ва тасаллӣ мебахшад. Яҳува ҳиссиёти худро нисбати ходимонаш чунин баён мекунад: «Дар канор гирифта хоҳед шуд, ва бар зонуҳо навозиш хоҳед ёфт. Чунон ки инсонро модараш тасаллӣ медиҳад, ончунон Ман шуморо тасаллӣ хоҳам дод» (Иш. 66:12, 13). Вақте ки модар кӯдакашро ба бағал гирифта оғӯш мекунад ва ӯро навозиш менамояд, кӯдак худро орому осуда ҳис мекунад. Бо ин мисол Яҳува нишон медиҳад, ки ходимонашро то чӣ андоза сахт дӯст медорад ва орому осудагии онҳоро мехоҳад. Ҳеҷ гоҳ шубҳа накунед, ки шумо барои Яҳува хеле азиз ва пурарзишед (Ирм. 31:3).
8, 9. Муҳаббати Исо ба мо чӣ гуна таъсир мекунад?
8 Боз як нишонаи муҳаббати Худоро дар ояти зерин дидан мумкин аст: «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба ӯ имон оварад, нобуд нашавад, балки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гардад» (Юҳ. 3:16). Бо қурбон кардани ҳаёташ Исо ҳам исбот кард, ки моро дӯст медорад. Муҳаббати ӯ низ ба мо қувват мебахшад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ягон «мусибат, ё ранҷу азоб» моро «аз муҳаббати Масеҳ ҷудо» карда наметавонад (Рум. 8:35, 38, 39).
9 Баъзан ба гирдоби озмоишҳо печида, мо бисёр зиқ ва монда мешавем ё дар хизмати Яҳува хурсандиамонро гум мекунем. Вале дар хотир доштани он ки то чӣ андоза Исо моро дӯст медорад, ба мо барои истодагарӣ кардан қувват мебахшад. (2 Қӯринтиён 5:14, 15-ро хонед.) Ин муҳаббат моро водор мекунад, ки ҳангоми мусибатҳо, таъқиботҳо ва ташвишу проблемаҳои шахсӣ дар зиндагӣ таслим нашуда, ба Яҳува хизмат карданро давом диҳем.
ҲАМИМОНОН БА МУҲАББАТИ МО МӮҲТОҶАНД
10, 11. Рӯҳбаланд кардани дигарон вазифаи кист? Фаҳмонед.
10 Яҳува ҳамчунин ба воситаи ҷамъомадаш моро дастгирӣ мекунад. Дар боло гуфтем, ки Яҳува моро дӯст медорад. Ва агар мо низ муҳаббатамонро ба Ӯ нишон додан хоҳем, бояд бародарону хоҳаронро дӯст дорем. Мо кӯмаки аз дастамон меомадаро ба онҳо мерасонем, то онҳо ҳис кунанд, ки ҳам барои Яҳува ва барои мо азизу пурарзишанд (1 Юҳ. 4:19–21). Павлуси расул масеҳиёнро барангехт: «Якдигарро рӯҳбаланд ва обод кунед, чи тавре ки то ин дам мекардед» (1 Тас. 5:11). Ин на танҳо вазифаи пирон аст. Ҳама аъзоёни ҷамъомад ба Яҳува ва Исо пайравӣ карда, метавонанд бародарону хоҳаронро тасаллӣ диҳанд ва обод кунанд. (Румиён 15:1, 2-ро хонед.)
11 Бародарон ва хоҳароне, ки аз депрессия ва ташвишу изтироби зиёд азоб мекашанд, шояд ба дору ва кӯмаки духтур ниёз доранд (Луқ. 5:31). Пирон ва дигар аъзоёни ҷамъомад хоксорона дарк мекунанд, ки онҳо духтури асаб нестанд. Лекин кӯмаку тасаллие, ки онҳо ба чунин ҳамимонон мерасонанд, хеле муҳим аст. Яҳува ба ҳамаи мо мегӯяд: «Рӯҳафтодагонро тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ кунед ва нисбати ҳама пуртоқат бошед» (1 Тас. 5:14). Ҳамаи масеҳиён бояд нисбати шахсони рӯҳафтода дилсӯзу пурсабр бошанд ва бо суханони тасаллибахш онҳоро обод кунанд. Оё шумо кӯшиш мекунед, то дигаронро рӯҳбаланд созед? Бо кадом роҳҳо инро кардан мумкин аст?
12. Мисолеро нақл кунед, ки чӣ тавр муҳаббати аъзоёни ҷамъомад ҳамимонеро обод кард.
12 Чӣ тавр муҳаббати мо касонеро, ки аз ҳиссиёти рӯҳафтодагӣ азоб мекашанд, обод карда метавонад? «Баъзан ман дар бораи худкушӣ фикр мекунам,— мегӯяд як хоҳар аз Аврупо.— Лекин ҳамимонон маро бисёр дастгирӣ мекунанд. Маҳз бо ёрии ҷамъомадам ман то ҳол зиндаам. Бародарону хоҳарон ҳамеша меҳрубонанд ва маро хеле рӯҳбаланд мекунанд. Гарчанд фақат баъзеҳо медонанд, ки ман аз депрессия азоб мекашам, ҳама аъзоёни ҷамъомад ҳамеша тайёранд, то ба ман кӯмак расонанд. Як ҷуфти ҳамсарон бароям мисли волидони рӯҳониянд. Онҳо ба ман бисёр ғамхорӣ мекунанд ва давоми 24 соат дастрасанд». Албатта, аз дасти ҳар яки мо намеояд, ки кӯмаки зиёд расонем. Вале дастгирии самимии мо барои он бародарону хоҳарон аҳамияти калон дорадb.
ЧӢ ТАВР ДИГАРОНРО БО МУҲАББАТ ОБОД КУНЕМ?
13. Барои тасаллӣ додани дигарон мо бояд чӣ кор кунем?
13 Бодиққат гӯш кунед (Яъқ. 1:19). Вақте шумо дигаронро бо дилсӯзӣ гӯш мекунед, нишон медиҳед, ки онҳоро дӯст медоред. Бо додани саволҳои боадабона шумо ҳиссиёти шахси рӯҳафтодаро хубтар фаҳмида метавонед. Ва ин ба шумо ёрӣ медиҳад, ки ҳамдард бошед ва ӯро дилбардорӣ кунед. Бигзор аз чеҳраатон маълум шавад, ки дили шумо дар ҳақиқат ба ӯ месӯзад. Вақте ягон ҳамимонамон дилашро ба мо холӣ карданӣ мешаваду вазъияташро як ба як ба мо нақл мекунад, мо бояд гапи ӯро набурида босаброна гӯш кунем. Бодиққат гӯш карда, шумо дарди дили ӯро хуб мефаҳмед. Дар натиҷа, ӯ ба шумо чун дӯст боварӣ пайдо мекунад ва суханонатонро бо майли бештар гӯш мекунад. Бо зоҳир кардани ғамхории самимона шумо ҳамимононро хеле тасаллӣ медиҳед.
14. Чаро мо бояд дигаронро танқид накунем?
14 Танқид накунед. Агар мо шахси рӯҳафтодаро танқид кунем, аҳволи ӯ аз пештарааш бадтар мешавад. Сипас ба вай ёрдам кардан хеле душвор мегардад. «Баъзеҳо неши забон мезананд, ки мисли зарби шамшер аст, вале забони хирадмандон офият мебахшад» (Мас. 12:18). Албатта мо шахсони зиқу рӯҳафтодаро қасдан бо суханони дардовар зарба намезанем. Вале агар мо андеша накарда гап занем, дарди онҳоро дучанд мегардонем. Барои обод кардани дигарон мо бояд то ҳадди имкон худро дар ҷойи онҳо гузошта ба онҳо ҳамдард бошем (Мат. 7:12).
15. Барои тасаллӣ додани дигарон мо чӣ воситаи беҳамтое дорем?
15 Бо ёрии Каломи Худо дигаронро тасаллӣ диҳед. (Румиён 15:4, 5-ро хонед.) Китоби Муқаддас хазинае мебошад, ки аз фикрҳои тасаллибахш бой аст. Зеро он «ба туфайли Худое, ки истодагарӣ ва тасаллӣ медиҳад», ба мо дастрас шудааст. Ҳамчунин бо ёрии «Индекси адабиётҳои ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» (рус.) ва «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува дар гузаронидани тадқиқот» мо фикрҳои рӯҳбаландкунандаро ёфта метавонем, ки барои тоб овардан ба душвориҳои гуногун кӯмак мекунанд. Дар он ҷо оятҳо ва номи мақолаҳое оварда шудаанд, ки барои рӯҳбаланд кардан ва тасаллӣ додани бародарону хоҳарон ёрдам мекунанд.
16. Барои рӯҳафтодагонро тасаллӣ додан, ба мо кадом хислатҳо заруранд?
16 Дилсӯзу меҳрубон бошед. Яҳува «Сарчашмаи раҳму шафқат ва Худои ҳар тасалло мебошад». Ӯ ба хизматгоронаш «дилсӯзу ҳамдард аст» (2 Қӯринтиён 1:3–6-ро хонед; Луқ. 1:78; Рум. 15:13). Павлус аз ин ҷиҳат намунаи хуб нишон медод, зеро ӯ ба Яҳува тақлид мекард. Ӯ навишт: «Мо нисбати шумо меҳрубон будем, мисли он ки модар фарзандони ширмакашро навозиш мекунад. Азбаски ба шумо меҳр бастем ва бароямон азиз шудед, мо тайёр будем, ки на танҳо хушхабари Худоро ба шумо мавъиза кунем, балки ҷонҳои худро низ фидо намоем» (1 Тас. 2:7, 8). Агар мо мисли Яҳува дилсӯзу меҳрубон бошем, Ӯ моро истифода бурда, ба дуои онҳое, ки ба тасаллӣ мӯҳтоҷанд, ҷавоб дода метавонад.
17. Барои обод кардани ҳамимонон мо бояд ба камбудиҳои онҳо чӣ гуна муносибат дошта бошем?
17 Аз ҳамимонон комилиятро интизор нашавед, зеро дар акси ҳол шумо рӯҳафтода хоҳед шуд. Барои ҳамин, ба камбудиҳои бародарону хоҳарон назари дурустро нигоҳ доред (Воиз 7:21, 22). Дар хотир доред, ки Яҳува воқеъбин аст ва аз хизматгоронаш аз ҳад зиёд талаб намекунад. Мо ҳам бояд дар муносибат бо дигарон пуртоқат бошем (Эфс. 4:2, 32). Бо сухан ё рафтори худ нишон надиҳед, ки гӯё ҳамимонон дар хизмати Яҳува кӯшиши лозима ба харҷ намедиҳанд. Инчунин онҳоро бо дигарон муқоиса накунед. Беҳтараш онҳоро барои он чизе ки мекунанд, самимона таъриф кунед. Зеро таърифи самимӣ метавонад онҳоро қувват бахшад ва кӯмак кунад, ки «аз корҳои худ хурсандӣ» гиранд (Ғал. 6:4).
18. Чаро мо мехоҳем дигаронро дар муҳаббат обод кунем?
18 Ҳар як гӯсфанди Яҳува барои Ӯ ва Исо гаронбаҳо аст. Исо ҳаёташро барои мо фидо кард (Ғал. 2:20). Мо бародарону хоҳаронро сахт дӯст медорем. Ва мехоҳем ба онҳо меҳрубонона ғамхорӣ кунем. Барои дигаронро ҳамеша рӯҳбаланд кардан «биёед аз пайи корҳое бошем, ки сулҳу осоиштагӣ меоранд ва ҳар яки моро обод мекунанд» (Рум. 14:19). Мо бесаброна Биҳиштро интизорем, ки дар он тамоми мушкилиҳое, ки моро рӯҳафтода мекунанд, аз байн мераванд. Он ҷо бемориҳо, ҷангҳо, марги ба меросгирифта, таъқибот, мушкилиҳои оилавӣ ва ноумедӣ намешаванд. Дар охири Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ одамизод ба комилият мерасад. Онҳое, ки озмоиши охиринро мегузаранд, фарзандони заминии Яҳува хонда шуда, «озодии пурҷалолро соҳиб» мешаванд (Рум. 8:21). Биёед ҳамеша муҳаббат зоҳир намуда, якдигарро обод кунем, то наҷот ёбему дар дунёи нави Худо зиндагӣ кунем.
a Нигаред ба боби 24-уми китоби «Ба Яҳува наздик шавед» (рус.)
b Барои кӯмак ба шахсоне, ки фикри худкушӣ доранд, аз мақолаҳои зерини «Бедор шавед!» (рус.) истифода баред: «Почему жить стоит. Три причины не сдаваться» (апрели с. 2014), «Если не хочется жить» (январи с. 2012), «Жить стоит!» (22 октябри с. 2001).