Ишаъё
13 Паём бар зидди Бобил,+ ки Ишаъёи+ писари Омӯс дар рӯъё дид:
2 «Дар кӯҳи бедарахте парчам занед.+
Сӯйи онҳо фарёд занед, бо даст ишора кунед,
То омада, аз дарвозаҳои соҳибмансабон дохил шаванд.
3 Ман ба касони таъйинкардаам*+ фармон додам.
Ҷанговарони худро, ки бо фахр хурсандӣ мекунанд,
Ҷамъ овардам, то хашмамро фурӯ резам.
4 Гӯш диҳед: овози одамон дар кӯҳистон
Мисли ғавғои мардуми сершумор аст!
Гӯш диҳед: ғалоғулаи мамлакатҳо,
Ҳаёҳуи халқҳое, ки ҷамъ омадаанд, ба гӯш мерасад!+
Яҳува, Худои лашкарҳо, барои ҷанг лашкар ҷамъ меорад.+
5 Яҳува ва аслиҳаи ғазаби ӯ
Аз замини дурдаст,+
Аз канори осмон, омада истодааст,
То тамоми заминро хароб кунад.+
6 Нола кунед, зеро рӯзи Яҳува наздик аст!
Он рӯзест, ки Худои Тавоно* нобудӣ меорад.+
7 Аз ин рӯ ҳамаи дастҳо суст мешаванд
Ва дили ҳар инсон аз тарс бемаҷол мегардад.+
Ранги рӯяшон аз азоб сурх мешавад
Ва бо ваҳм ба якдигар менигаранд.
9 Ана, рӯзи Яҳува омада истодааст,
Рӯзи бераҳм ва пур аз хашму ғазаб,
То заминро ба харобазори даҳшатангез табдил диҳад+
Ва гунаҳкорони онро нобуд созад.
10 Ситорагони осмон ва галаситорагон*+ рӯшноӣ нахоҳанд дод.
Офтоб ҳангоми баромадан тира хоҳад буд
Ва моҳтоб нахоҳад дурахшид.
11 Ман заминро барои бадияш
Ва бадкоронро барои гуноҳҳояшон ҷазо медиҳам.+
Ба ғурури худсарон хотима мебахшам
Ва ҳавобаландии ситамгаронро паст мекунам.+
13 Аз ин рӯ ман осмонро ба ларза меорам
Ва дар рӯзи ғазаб аз хашми Яҳува, Худои лашкарҳо,
Замин аз ҷояш меҷунбад.+
14 Мисли ғизоле, ки аз паяш ҳастанд, ва рамае, ки чӯпон надорад,
Ҳар яке назди халқи худ хоҳад баргашт
Ва сӯйи замини худ хоҳад гурехт.+
15 Ҳар касе ёфт шавад, бо найза кушта мешавад
Ва ҳар касе қапида шавад, аз дами шамшер мемирад.+
16 Кӯдакони онҳоро дар пеши назарашон зада майда-майда месозанд,+
Хонаҳояшонро ғорат мекунанд
Ва занонашонро таҷовуз менамоянд.
18 Камони онҳо ҷавононро пора мекунад.+
Онҳо ба тифл раҳм намекунанд
Ва ба кӯдакон дилашон намесӯзад.
19 Он гоҳ Бобил, ки шукӯҳи* мамлакатҳо+
Ва зебоиву фахри калдониён аст,+
Ба Садӯму Амӯро, ки Худо онҳоро нобуд сохт, монанд мешавад.+
Ягон араб дар он ҷо хайма намезанад
Ва чӯпонон рамаҳояшонро дар он ҷо дам намедиҳанд.
21 Он ҷо даррандагони биёбон ҷо мегиранд,
Хонаҳои онҳо пур аз бумҳо мешавад.
22 Ҳайвонҳо дар бурҷҳояш
Ва шағолон дар қасрҳои дабдабанокаш уллос хоҳанд зад.
Вақти ӯ наздик аст ва рӯзҳои ӯ дер намепояд».+