Ишаъё
2 Ӯ фарёд нахоҳад зад ва овози худро баланд нахоҳад кард,
Ӯ овози худро дар кӯчаҳо нахоҳад шунавонид.+
Ӯ аз рӯйи вафодорӣ адолат меорад,+
4 То даме ки дар замин адолатро барқарор накунад, хаставу суст намешавад.+
Ҷазираҳо интизори шариати* ӯянд.
5 Яҳува Худо —
Офаридгори осмон, Худои бузурге, ки онро паҳн кардааст,+
Худое, ки замин ва ҳар чиро дар он аст, ба вуҷуд овардааст,+
Худое, ки ба одамони рӯйи замин нафас+
Ва ба онҳое, ки дар он қадам мегузоранд, рӯҳ мебахшад,+ чунин мегӯяд:
6 “Ман, Яҳува, аз рӯйи росткорӣ туро даъват намудам
Ва дасти туро гирифтам.
Ман туро дар паноҳам нигоҳ медорам, туро чун аҳд ба одамон медиҳам+
Ва нури халқҳо месозам,+
Бандиёнро аз зиндон берун орӣ
Ва касонеро, ки дар торикӣ нишастаанд, аз ҳабс барорӣ.+
8 Ман Яҳуваам, ин номи ман аст.
9 Ана, чизҳои пешина ба амал омаданд
Ва ман чизҳои навро эълон мекунам.
Пеш аз он ки иҷро шаванд, онҳоро ба шумо хабар медиҳам”».+
10 Эй баҳрнавардон ва ҳар чӣ дар баҳр аст,
Эй ҷазираҳо ва сокинони он!+
11 Бигзор биёбон+ бо шаҳрҳояш
Ва маҳалҳои зисти Қедор+ овози худро баланд кунанд,
Бигзор мардуми кӯҳистон нидои шодӣ бароранд,
Аз қуллаи кӯҳҳо фарёд зананд.
12 Бигзор онҳо Яҳуваро ҷалол диҳанд
Ва дар ҷазираҳо ӯро ситоиш кунанд.+
Ӯ фарёд мезанад ва наъра мекашад.
Нишон медиҳад, ки аз душманонаш пурзӯртар аст.+
14 «Ман дер боз хомӯш будам.
Чизе намегуфтам ва худдорӣ мекардам.
Акнун мисли зане, ки таваллуд мекунад,
Нолиш хоҳам кард ва канда-канда нафас хоҳам кашид.
15 Ман кӯҳҳову теппаҳоро хароб мекунам
Ва тамоми сабзаи онҳоро хушк месозам,
Дарёҳоро ба ҷазираҳо табдил медиҳам
Ва кӯлҳои пур аз қамишро беоб мегардонам.+
Ман барои онҳо чунин мекунам ва онҳоро намепартоям».
17 Касоне, ки ба бутҳо таваккал мекунанд
Ва ба ҳайкалҳои рехта «Шумо худои моед», мегӯянд,
Шикаст мехӯранд ва шармандаю шармсор мешаванд.+
18 Гӯш кунед, эй карон!
Бингаред ва бубинед, эй кӯрон!+
19 Кӣ мисли бандаи ман кӯр аст
Ва мисли хабаррасоне, ки фиристодаам, кар аст?
Кӣ мисли касе, ки мукофот гирифтааст,
Мисли бандаи Яҳува, кӯр аст?+
20 Ту чизҳои бисёрро мебиниву аҳамият намедиҳӣ.
Гӯшҳоятро кушодаӣ, вале гӯш намедиҳӣ.+
21 Ба Яҳува писанд афтодааст, ки ба хотири росткорияш
Шариатро* шуҳрату ҷалол диҳад.
22 Вале ин халқро ғорату тороҷ кардаанд,+
Ҳамаи онҳо дар чоҳҳо ба дом афтодаанд ва дар зиндонҳо нишастаанд.+
Онҳоро ғорат карданд ва халосгаре нест,+
Онҳоро тороҷ карданд ва касе нест, ки бигӯяд: «Баргардонед!»
23 Кӣ дар миёни шумо ба ин гӯш медиҳад?
Кӣ диққат медиҳад ва барои оянда дарс мегирад?
24 Кӣ Яъқубро ба ғоратгарон
Ва Исроилро ба тороҷгарон супурдааст?
Магар Яҳува не, ки бар зидди ӯ гуноҳ кардаем?
25 Аз ин сабаб ӯ оташи қаҳру ғазаб
Ва ҷангу ҷӯшро бар онҳо фурӯ мерехт.+
Он дар гирдогирдашон ҳамаро ба комаш кашид, вале онҳо парво накарданд.+
Онҳоро сӯзонд, вале диққате надоданд.+