Ишаъё
50 Яҳува чунин мегӯяд:
«Талоқномаи+ модари шумо, ки ӯро рондаам, куҷост?
Ё ба кадоме аз қарзхоҳони худ шуморо фурӯхтаам?
2 Пас, чаро, вақте ки ман омадам, касе набуд?
Вақте фарёд задам, касе ҷавоб надод?+
Магар дасти ман барои раҳо кардан* кӯтоҳ аст?
Ё ман барои халос кардан қувват надорам?+
Охир, бо фармони ман баҳр хушк мешавад,+
Дарёҳоро ба дашти беоб табдил медиҳам,+
Моҳиёни онҳо аз беобӣ бӯй мегиранд
Ва аз ташнагӣ мемиранд.
4 Парвардигор Яҳува ба ман забони донишҷӯёнро додааст,+
То бидонам, ки чӣ тавр ба бемаҷол сухани нек гӯям.+
Ӯ ҳар саҳар маро бедор мекунад,
Гӯши маро бедор месозад, то мисли донишҷӯён гӯш диҳам.+
6 Ман пуштамро ба зарбазанҳо
Ва бари рӯямро ба ришканҳо гардондам,
Рӯямро аз хориҳо ва туф пинҳон накардам.+
7 Вале Парвардигор Яҳува ба ман мадад мекунад,+
Барои ҳамин ман хиҷолат намекашам,
Барои ҳамин рӯямро мисли санги чақмоқ сахт кардаам+
Ва медонам, ки шарманда намешавам.
8 Сафедкунандаи ман наздик аст.
Пас, кӣ маро айбдор мекунад?+
Биёед рӯ ба рӯ шавем.
Кӣ бар зидди ман даъвое дорад?
Бигзор назди ман ояд.
9 Парваригор Яҳува ба ман мадад мекунад.
Кӣ маро гунаҳкор мебарорад?
Ҳамаи онҳо мисли либосе лах-лах мешаванд.
Онҳоро куя мезанад.
10 Кӣ дар миёни шумо аз Яҳува метарсад
Ва ба овози бандааш гӯш медиҳад?+
Кӣ дар торикӣ, бе ягон рӯшноӣ, қадам мезанад?
Бигзор ӯ ба номи Яҳува таваккал кунад ва ба Худои худ такя намояд.
11 «Эй ҳамаи онҳое, ки оташ дармегиронед,
Шарораҳо мепошед,
Дар рӯшноии оташи худ,
Байни шарораҳое, ки афрӯхтаед, қадам мезанед!
Бидонед, ки ман шуморо чӣ гуна ҷазо медиҳам:
Шумо бо дарду азоб хоҳед хобид.