Ин аст Бандаи писандидаи Яҳува
«Инак, Бандаи Ман ... ки ҷони Ман ба Ӯ таваҷҷӯҳ менамояд» (ИШ. 42:1).
1. Хусусан дар арафаи Шоми ёдбуд ходимони Яҳува ба чӣ ташвиқ карда мешаванд ва чаро?
БО НАЗДИКШАВИИ Шоми ёдбуди марги Масеҳ мо чун халқи Худо бояд ба маслиҳати Павлуси расул гӯш дода, «ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем». Павлус инчунин илова кард: «Дар бораи Ӯ фикр кунед, ки аз дасти гуноҳкорон ба чунин хорӣ тоб овард, то ки шумо дар ҷонҳои худ хаста ва суст нашавед» (Ибр. 12:2, 3). Таваҷҷӯҳи бодиққат ба ҳаёти содиқонаи Исо, ки бо марги пуразоб анҷом ёфт, кӯмак мекунад, ки ҳам масеҳиёни тадҳиншуда ва ҳам ҳамроҳонашон — гӯсфандони дигар — минбаъд содиқона ба Яҳува хидмат намуда, «дар ҷонҳои худ ... суст» нашаванд. (Бо Ғалотиён 6:9 қиёс кунед.)
2. Аз пешгӯиҳои Ишаъё–пайғамбар, ки бо Писари Худо алоқаманданд, мо чӣ мефаҳмем?
2 Ишаъё–пайғамбар зери илҳоми Илоҳӣ як қатор пешгӯиҳое навишт, ки бевосита бо Писари Яҳува алоқаманданд. Ин пешгӯиҳо кӯмак мекунанд, ки «ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем»a. Онҳо ба шахсияти Исо, азобу уқубатҳои кашидааш ва ба мақоми волои ӯ чун Подшоҳ ва Раҳокунандаи мо равшанӣ меандозанд. Ба туфайли ин пешгӯиҳо мо аҳамияти Шоми ёдбудро хубтар хоҳем фаҳмид. Имсол ин маросим рӯзи панҷшанбе, 9–уми апрел, баъди ғуруби офтоб баргузор мегардад.
Он Банда кист?
3, 4. а) Дар китоби Ишаъё калимаи «банда» нисбати кӣ истифода мешавад? б) Мувофиқи Китоби Муқаддас «Банда»–е, ки оидаш дар бобҳои 42, 49, 50, 52 ва 53–юми китоби Ишаъё сухан меравад, кист?
3 Калимаи «банда» борҳо дар китоби Ишаъё вомехӯрад. Баъзан он нисбати худи пайғамбар истифода мешавад (Иш. 20:3; 44:26). Дар бархе мавридҳои дигар он нисбати тамоми халқи Исроил, яъне Яъқуб ба кор бурда мешавад (Иш. 41:8, 9; 44:1, 2, 21). Лекин пешгӯиҳои муҳиме, ки оиди Банда дар бобҳои 42, 49, 50, 52 ва 53–юми китоби Ишаъё навишта шудаанд, дар бораи кистанд? Навиштаҳои Юнонӣ кӯмак мекунанд, ки кӣ будани ин Бандаи Яҳуваро аниқ муайян намоем. Масалан, китоби Аъмол дар бораи ҳоҷасарои ҳабашӣ нақл мекунад: вақте ки ӯ яке аз ин пешгӯиҳоро мехонд, рӯҳулқудс Филиппусро назди вай овард. Ҳоҷасаро аз Китоби Муқаддас оятҳоеро, ки дар Ишаъё 53:7, 8 навишта шудаанд, хонда, аз Филиппус пурсид: «Набӣ инро дар ҳаққи кӣ мегӯяд? Оё дар ҳаққи худаш ё дар ҳаққи каси дигаре?». Филиппус дарҳол фаҳмонд, ки Ишаъё дар бораи Масеҳ, яъне Исо сухан мегӯяд (Аъм. 8:26–35).
4 Вақте ки Исо ҳанӯз тифл буд, Шимъӯни одил зери таъсири рӯҳулқудс дар бораи «Исои Кӯдак» гуфт, ки ӯ «нурест, ки чашми халқҳоро» мекушояд. Бо ин Шимъӯн ба пешгӯии Ишаъё 42:6 ва 49:6 ишора кард (Луқ. 2:25–32). Ғайр аз ин, дар Ишаъё 50:6–9 пешгӯӣ шуда буд, ки дар шабе, ки Исоро доварӣ мекунанд, ба ӯ таҳқиромез муносибат хоҳанд кард (Мат. 26:67; Луқ. 22:63). Баъди Иди рӯзи 50–уми соли 33–юми д. мо Петруси расул ба таври равшан нишон дод, ки Исо ҳамон «Банда»–и Яҳува мебошад. (Иш. 52:13; 53:11; Аъмол 3:13, 26-ро бихонедb.) Аз ин пешгӯиҳо мо дар бораи Масеҳ чӣ мефаҳмем?
Яҳува Бандаи худро таълим медиҳад
5. Банда чӣ гуна таълимот гирифт?
5 Яке аз пешгӯиҳои бо Бандаи Худо алоқаманд ба муносибатҳои наздике, ки Яҳува дар тӯли ҳаёти қабл аз инсонии писари нахустзодааш бо ӯ дошт, равшанӣ меандозад. (Ишаъё 50:4–9-ро бихонед.) Аз суханони худи Банда маълум аст, ки Яҳува ӯро доимо таълим медод: «[Ӯ] гӯши Маро бедор мекунад, то ки мисли донишҷӯён бишнавам» (Иш. 50:4). Дар давоми он вақт Бандаи Яҳува ҳамеша Падарашро гӯш мекард, аз Ӯ таълим мегирифт ва шогирди итоаткор буд. Чӣ имтиёзест таълимгирӣ аз худи Офаридгори даҳр!
6. Чӣ тавр Банда ба Падараш итоаткории комил зоҳир мекард?
6 Дар ин пешгӯӣ Банда Падарашро «Ҳокими Даҳр» (ТДН) меномад. Ин нишон медиҳад, ки ӯ ҳокимияти мутлақи Яҳуваро эътироф мекунад. Аз итоаткории комил ба Падар Банда мегӯяд: «Худованд Худо [«Ҳокими Даҳр», ТДН] гӯши маро кушодааст ва Ман муқобилат накардаам, ақиб нагаштаам» (Иш. 50:5). Ҳангоми офариниши оламу одам Банда «назди Ӯ дастпарвард [«меъмори моҳир», ТДН] буд». Ин «меъмори моҳир» гуфт: «Ман ба ҳузури Ӯ [Худо] ҳамеша хушҳолӣ менамудам,— дар замини офаридаи Ӯ хушҳолӣ менамудам ва ба туфайли банӣ-одам ҳаловат мебурдам» (Мас. 8:22–31).
7. Чӣ нишон медиҳад, ки Банда ба дастгирии Падараш боварии комил дошт?
7 Таълими гирифтааш ва муҳаббати нисбати инсоният доштааш Бандаро ба мухолифати сахте, ки вай дар рӯи замин бо онҳо рӯ ба рӯ шуд, омода сохтанд. Қатъи назар аз таъқиботҳои сахт иҷро кардани иродаи Падар барояш манбаи хурсандӣ буд (Заб. 39:9; Мат. 26:42; Юҳ. 6:38). Дар озмоишҳо Исо боварии комил дошт, ки вай мақбули Падар аст ва Падараш ӯро ҳамеша дастгирӣ мекунад. Мувофиқи пешгӯии Ишаъё Исо гуфта метавонист: «Сафедкунандаи Ман наздик аст. Кист, ки тавонад бо Ман мубоҳиса намояд? ... Худованд Худо, охир, ба Ман ёварӣ мекунад» (Иш. 50:8, 9). Яҳува бешубҳа Бандаи содиқи худро дар давоми хидмати заминиаш ёварӣ мекард. Инро дигар пешгӯиҳои Ишаъё нишон медиҳанд.
Хидмати Банда дар рӯи замин
8. Чӣ нишон медиҳад, ки ходими интихобкардаи Яҳува аз Ишаъё 42:1 Исо аст?
8 Мувофиқи Китоби Муқаддас, вақте ки Исо дар соли 29–уми д. мо таъмид гирифт, «Рӯҳулқудс ... бар Ӯ нозил шуд ва овозе аз осмон омад, ки мегуфт: “Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастӣ; ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Туст!”» (Луқ. 3:21, 22). Ҳамин тавр Яҳува равшан нишон дод, ки Бандаи интихобкардае, ки дар борааш Ишаъё пешгӯӣ намудааст, Исо мебошад. (Ишаъё 42:1–7-ро бихонед.) Дар тӯли хидмати заминиаш Исо ин пешгӯиро ба таври аҷоиб иҷро кард. Дар Инҷили худ Матто Ишаъё 42:1–4-ро иқтибос оварда, онро ба Исо нисбат дод (Мат. 12:15–21).
9, 10. а) Чӣ тавр Исо дар тӯли хидмати заминиаш пешгӯии Ишаъё 42:3-ро иҷро кард? б) Ҳангоми дар замин буданаш Масеҳ чӣ гуна аз рӯи адолат амал мекард ва ӯ кай «инсофро ба замин барқарор» мекунад?
9 Сарварони дини яҳудӣ аз одамони оддӣ нафрат доштанд ва ба онҳо дағалона муносибат мекарданд (Юҳ. 7:47–49). Аз ин рӯ, одамони оддиро ба «наи хамида» ва «фатилаи нимсӯхта»–и қариб хомӯшшаванда монанд кардан мумкин буд. Лекин Исо ба бечорагону азияткашон ҳамдардӣ зоҳир мекард (Мат. 9:35, 36). Ӯ чунин одамонро меҳрубонона даъват намуд: «Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид» (Мат. 11:28). Беш аз ин, Исо аз рӯи «инсоф», яъне аз рӯи адолат амал мекард (Иш. 42:3). Ӯ ба одамон мефаҳмонд, ки чӣ дар назари Яҳува нек асту чӣ бад. Инчунин вай нишон дод, ки Қонуни Худоро оқилона ва аз рӯи марҳамат ба кор бояд бурд (Мат. 23:23). Исо ҳам ба сарватмандон ва ҳам ба камбағалон бе бадгумонӣ мавъиза мекард (Мат. 11:5; Луқ. 18:18–23).
10 Ишаъё ҳамчунин пешгӯӣ намуд, ки бандаи интихобкардаи Яҳува «инсофро ба замин барқарор» мекунад (Иш. 42:4). Ба қарибӣ вай чун Подшоҳи Салтанати Масеҳоӣ ҳамаи «салтанатҳо»-ро несту нобуд карда, ба ҷои онҳо ҳукмронии одилонаи худро барқарор менамояд. Ӯ дунёи наве барпо мекунад, ки дар он «адолат сокин хоҳад буд» (2 Пет. 3:13; Дон. 2:44).
«Нур» ва «Аҳд»
11. Ба кадом маъно Исо дар асри як «нури халқҳо» буд ва чаро имрӯз низ дар бораи ӯ чунин гуфтан мумкин аст?
11 Мувофиқи пешгӯии Ишаъё 42:6 Исо дар ҳақиқат «нури халқҳо» гашт. Дар давоми хидмати заминиаш ӯ асосан ба яҳудиён нури рӯҳонӣ мебахшид (Мат. 15:24; Аъм. 3:26). Лекин Исо гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам» (Юҳ. 8:12). Ӯ ба яҳудиён ва халқҳои дигар на танҳо бо бахшидани маърифати рӯҳонӣ нур гашт, балки бо он ки ҳаёти комилашро бар тамоми инсоният қурбон кард (Мат. 20:28). Баъди эҳё шуданаш ӯ ба шогирдони худ гуфт: «То ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд» (Аъм. 1:8). Павлус ва Барнаббо ибораи «нури халқҳо»-ро ба мавъизае, ки онҳо байни ғайрияҳудиён мекарданд, алоқаманд намуданд. (Аъм. 13:46–48; бо Ишаъё 49:6 қиёс кунед.) Кори мавъиза то ба ҳол идома ёфта истодааст. Бақияи бародарони тадҳиншудаи Исо ва ҳамроҳони онҳо нури рӯҳониро паҳн карда, ба одамон кӯмак мекунанд, ки ба Исо — «нури халқҳо» — имон оранд.
12. Чӣ тавр Яҳува Бандаашро барои халқҳо «аҳд» гардонд?
12 Дар ҳамон пешгӯӣ Яҳува ба Бандаи интихобкардааш гуфт: «Туро нигаҳбонӣ хоҳам кард, ва Туро аҳди қавм ... хоҳам гардонид» (Иш. 42:6). Шайтон пайваста мекӯшид, ки Исоро бикушад ва барои анҷом додани хидмати заминиаш ба вай халал расонад, лекин Яҳува нагузошт, ки Исо аз вақти муайяншуда барвақттар кушта шавад (Мат. 2:13; Юҳ. 7:30). Сипас Яҳува Исоро эҳё кард ва ӯро барои халқҳои рӯи замин «аҳд» ё ваъда гардонд. Ин ваъдаи қатъӣ гарави он аст, ки Бандаи содиқи Худо минбаъд ҳам «нури халқҳо» хоҳад буд ва касонеро, ки асири зулмоти рӯҳониянд, озод хоҳад кард. (Ишаъё 49:8, 9-ро бихонед.)c
13. Бо кадом роҳ Исо тӯли хидмати заминиаш «дар зулмот нишастагонро» озод мекард ва чӣ тавр ӯ ин корро имрӯз мекунад?
13 Мувофиқи ин ваъда Бандаи интихобкардаи Яҳува «чашмони кӯронро» мекушояд, «бандиёнро аз ҳабс» берун мекунад ва «дар зулмот нишастагонро» озод менамояд (Иш. 42:7). Дар тӯли хидмати заминиаш Исо ба Худо номақбул будани баъзе расму оинҳои диниро нишон медод ва хушхабари Салтанатро мавъиза мекард (Мат. 15:3; Луқ. 8:1). Бо ин роҳ, ӯ яҳудиёнеро, ки шогирдаш мешуданд, аз асорати рӯҳонӣ озод менамуд (Юҳ. 8:31, 32). Исо ҳамчунин ба миллионҳо ғайрияҳудиён озодии рӯҳонӣ бахшид. Ӯ ба пайравонаш супориш дод, ки онҳо бираванд ва «ҳамаи халқҳоро шогирд» созанд. Вай ҳамчунин ваъда дод: «Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:19, 20). Ҳоло Исои Масеҳ бар кори умумиҷаҳонии мавъиза аз осмон роҳбарӣ мекунад.
Яҳува «Банда»–и худро баланд кард
14, 15. Чаро ва чӣ тавр Яҳува Бандаи худро баланд кард?
14 Дар дигар пешгӯии бо Бандаи Масеҳоӣ алоқаманд, Яҳува мегӯяд: «Инак, бандаи Ман комёб хоҳад гардид, олиқадр ва болодаст ва ниҳоятдараҷа баланд хоҳад шуд» (Иш. 52:13). Азбаски Писар ҳамеша ба ҳокимияти Падар содиқона итоат менамуд ва зери озмоишҳои сахттарин ба Ӯ вафодор монд, Яҳува ӯро баланд кард.
15 Петруси расул дар бораи Исо менависад: «Ӯ ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишастааст ва фариштаҳо ва ҳукуматдориҳо ва қудратҳо мутеи Ӯ шудаанд» (1 Пет. 3:22). Павлуси расул низ фикри ба ин монанде мегӯяд: «[Исо] Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд. Бинобар ин, Худо низ Ӯро сарафроз кард ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст, то ки ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад» (Фил. 2:8–11).
16. Дар соли 1914 Исо чӣ тавр «ниҳоятдараҷа баланд» карда шуд ва аз он вақт ӯ кадом корҳоро иҷро намуд?
16 Дар соли 1914 Яҳува Исоро Подшоҳи Салтанати Масеҳоӣ карда, ӯро «ниҳоятдараҷа баланд» намуд (Заб. 2:6; Дон. 7:13, 14). Аз он вақт Масеҳ «дар миёни душманони Худ ҳукмронӣ» карда истодааст (Заб. 109:2). Ӯ чун Подшоҳ дар аввал Шайтон ва фариштаҳояшро ба замин партофт (Ваҳй 12:7–12). Сипас, Масеҳ чун Куруши Бузургтар амал намуда, бақияи бародарони тадҳиншудаашро аз асорати «Бобили бузург» озод кард (Ваҳй 18:2; Иш. 44:28). Ҳоло Исо бар кори умумиҷаҳонии мавъиза роҳбарӣ мекунад, ки ба туфайли он бақияи бародарони рӯҳонии ӯ ва сипас миллионҳо «гӯсфандони дигар», ки ҳамроҳони содиқи «рамаи хурд» мебошанд, ҷамъ шуда истодаанд (Ваҳй 12:17; Юҳ. 10:16; Луқ. 12:32).
17. Аз ин мақола мо дар бораи «Банда»–и пешгӯишуда чӣ фаҳмидем?
17 Ба туфайли омӯзиши пешгӯиҳои аҷоиби китоби Ишаъё мо бешубҳа, Подшоҳ ва Раҳокунандаамон — Исои Масеҳро бештар қадрдонӣ хоҳем кард. Дар итоаткорие, ки ӯ тӯли хидмати заминӣ чун Писар нишон дод, таълими то ин вақт аз Падар гирифтааш зоҳир гашт. Исо бо хидмати худ нишон дод, ки ӯ «нури халқҳо» мебошад. Ҳамчунин вай имрӯз бар кори мавъиза роҳбарӣ мекунад. Дар мақолаи оянда мо пешгӯиҳои дигари бо Бандаи Масеҳоӣ алоқамандро дида мебароем. Мувофиқи онҳо Банда бояд азобу уқубат мекашид ва ҳаёташро барои манфиати мо қурбон мекард. Дар арафаи Шоми ёдбуди марги Масеҳ дар бораи ҳамаи ин ҷиддан фикр кардан бамаврид аст (Ибр. 12:2, 3).
[Эзоҳҳо]
a Ин пешгӯиҳо дар Ишаъё 42:1–7; 49:1–12; 50:4–9 ва 52:13–53:12 навишта шудаанд.
b «Худои Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, Худои падарони мо, Писари Худ [«Бандааш», ТДН] Исоро ҷалолат бахшид. Шумо Ӯро таслим кардед ва дар ҳузури Пилотус, ки мехост Ӯро озод кунад, Ӯро рад намудед»; «Худо Писари Худ [«Бандааш», ТДН] Исоро муваккал карда, аввал назди шумо фиристод, то ки Ӯ ҳар якеро аз роҳҳои шароратомези шумо баргардонида, шуморо баракат диҳад» (Аъм. 3:13, 26).
c Пешгӯии Ишаъё 49:1–12 дар китоби «Пешгӯии Ишаъё — нур барои тамоми инсоният» (рус.), ҷилди ду, саҳифаҳои 136–145 муҳокима мешавад.
Саволҳо барои такрор
• «Банда»–е, ки дар борааш Ишаъё пешгӯӣ кард, кист ва мо инро аз куҷо медонем?
• То ба замин омаданаш Банда аз Яҳува чӣ гуна таълимоте гирифт?
• Чӣ тавр Исо «нури халқҳо» буданашро нишон дод?
• Банда чӣ гуна баланд карда шуд?