Луқо
22 Иди Фатир, ки ҳамчунин Иди Раҳоӣ+ ном дошт, наздик мешуд.+ 2 Коҳинони калону шариатдонон барои куштани Исо пайт мепойиданд,+ аммо аз мардум метарсиданд.+ 3 Он гоҳ ба дили Яҳудо, ки Исқарют номида мешуд ва аз ҷумлаи 12 расул буд,+ Шайтон роҳ ёфт 4 ва ӯ рафта, бо коҳинони калон ва сардорони посбонони ибодатгоҳ гапзанон кард, ки чӣ тавр Исоро ба онҳо таслим кунад.+ 5 Онҳо аз ин шод гашта, розӣ шуданд, ки ба ӯ тангаҳои нуқра диҳанд.+ 6 Ӯ низ розӣ шуд ва фурсат меҷуст, ки Исоро аз мардум пинҳонӣ ба дасти онҳо супорад.
7 Рӯзи Иди Фатир, ки дар он бояд қурбонии Иди Раҳоӣ оварда мешуд,+ фаро расид. 8 Исо Петрус ва Юҳанноро фиристода, ба онҳо гуфт: «Биравед ва хӯроки Иди Раҳоиро барои мо тайёр кунед».+ 9 Онҳо аз ӯ пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳӣ онро тайёр кунем?» 10 Ӯ гуфт: «Вақте ба шаҳр дароед, бо марде рӯ ба рӯ мешавед, ки дар кӯзаи гилин об мебарад. Аз ақиби вай ба хонае, ки ӯ медарояд, биравед+ 11 ва ба соҳиби он хона бигӯед: “Устод чунин мегӯяд: “Меҳмонхонае, ки дар он ҳамроҳи шогирдонам хӯроки Иди Раҳоиро хӯрда метавонам, куҷост?” 12 Он шахс ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки чизҳои лозима дорад. Ҳама чиро дар ҳамон ҷо тайёр кунед». 13 Шогирдон рафтанд ва ҳама чиз айнан мувофиқи суханони ӯ ба амал омад. Онҳо ҳама чиро барои Иди Раҳоӣ тайёр карданд.
14 Ҳангоме ки вақту соат расид, Исо бо расулонаш дар сари дастархон нишаста,+ 15 гуфт: «Ман сахт мехостам, ки пеш аз азобу уқубат кашиданам ин хӯроки Иди Раҳоиро бо шумо бихӯрам. 16 Ба шумо мегӯям: то даме ки ҳама чиз дар Подшоҳии Худо иҷро нагардад, дигар аз он намехӯрам». 17 Сипас ӯ пиёлаи шаробро гирифт ва шукргузорӣ карду гуфт: «Инро гирифта, ба якдигар диҳед. 18 Ба шумо мегӯям: минбаъд, то даме ки Подшоҳии Худо наояд, дигар аз ҳосили ток, аз шароб, наменӯшам».
19 Ҳамчунин ӯ нонро гирифт+ ва пас аз шукргузорӣ кардан онро шикаста, ба шогирдон доду гуфт: «Ин рамзи бадани ман аст,+ ки барои шумо қурбон мешавад.+ Инро барои ёдоварии ман ба ҷо оваред».+ 20 Мисли ин, баъд аз хӯроки шом ӯ пиёларо ба даст гирифта, гуфт: «Ин пиёла аҳди нав аст*+ дар асоси хуни ман,+ ки барои шумо рехта мешавад.+
21 Вале касе, ки ба ман хиёнат мекунад, ҳамроҳам дар сари дастархон нишастааст.+ 22 Фарзанди одам ҳамон тавре меравад, ки пешгӯйӣ шудааст,+ лекин вой бар ҳоли касе, ки ба ӯ хиёнат кунад!»+ 23 Расулон инро шунида аз якдигар пурсидан гирифтанд, ки кадоми онҳо ба чунин кор даст мезада бошад.+
24 Баъд аз ин байни шогирдон дар бораи он ки кадоме аз онҳо бузургтар аст, баҳсу мунозираи сахте шуд.+ 25 Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Подшоҳони халқҳо бар онҳо ҳукм меронанд ва фармонфармоёни онҳо некукор номида мешаванд.+ 26 Вале шумо набояд чунин бошед,+ балки ҳар касе, ки дар миёни шумо бузургтар аст, чун хурдтарин бошад+ ва ҳар касе, ки роҳбариро ба уҳда мегирад, чун хизматгор бошад. 27 Ба фикратон, кӣ бузургтар аст: касе, ки дар сари дастархон мешинад, ё оне, ки хизмат мекунад? Магар на он касе, ки дар сари дастархон мешинад? Вале ман дар байни шумо чун хизматгор ҳастам.+
28 Шумо касоне ҳастед, ки дар озмоишҳоям+ бо ман будед.+ 29 Ман бо шумо аҳди подшоҳӣ мебандам, чуноне ки Падарам бо ман бастааст,+ 30 то шумо дар Подшоҳии ман дар сари дастархон бихӯреду бинӯшед+ ва бар тахтҳо нишаста,+ 12 қабилаи Исроилро доварӣ кунед.+
31 Шимъӯн, Шимъӯн! Шайтон талаб кард, ки ҳамаи шуморо мисли гандум аз ғалбер гузаронад.+ 32 Аммо ман дар ҳаққи ту ба Худо дуо гуфта илтиҷо кардам, ки имонат суст нашавад,+ ва ту, баъд аз он ки тавба карда баргардӣ, бародаронатро устувор гардон».+ 33 Он гоҳ Петрус ба ӯ гуфт: «Ҳазрат, ман тайёрам, ки бо ту ҳабс шавам ва бо ту бимирам».+ 34 Лекин Исо гуфт: «Эй Петрус, ба ту мегӯям, ки имрӯз, пеш аз он ки хурӯс фарёд кунад, ту се бор мегӯӣ, ки маро намешиносӣ».+
35 Ӯ ҳамчунин аз онҳо пурсид: «Вақте шуморо бе ҳамён, бе тӯшаи роҳ ва бе пойафзол фиристода будам,+ оё ба чизе муҳтоҷ шудед?» Онҳо гуфтанд: «Не». 36 Он гоҳ ӯ гуфт: «Ҳоло бошад, касе, ки ҳамён дорад, онрову тӯшаи роҳашро гирад ва касе, ки шамшер надорад, ҷомаашро фурӯхта, шамшер харад. 37 Ба шумо мегӯям, ки ин сухани Навиштаҳо дар ҳаққи ман бояд иҷро шавад: “Ӯ ба қатори ҷинояткорон дароварда шуд”,+ зеро он чӣ дар бораи ман навишта шудааст, ба амал омада истодааст».+ 38 Он гоҳ онҳо гуфтанд: «Ҳазрат, ин ҷо ду шамшер ҳаст». Ӯ гуфт: «Бас аст».
39 Аз он ҷо баромада, ӯ аз рӯйи одат ба тарафи кӯҳи Зайтун рафт ва шогирдонаш низ аз паси ӯ рафтанд.+ 40 Вақте ба он ҷо расиданд, ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Дуо гӯед, то ба васваса наафтед».+ 41 Худаш бошад, ба масофаи санграс аз онҳо дуртар рафт ва зону зада, дуо гуфт: 42 «Эй Падар, агар хоҳӣ, ин пиёларо аз ман дур кун. Лекин бигзор на хости ман, балки хости ту шавад».+ 43 Он гоҳ фариштае аз осмон пайдо шуда, ӯро қувват бахшид.+ 44 Лекин дарду азоби Исо чунон сахт буд, ки ӯ бо ҷидду ҷаҳди бештар дуо гуфт+ ва арақаш мисли қатраҳои хун буд, ки ба замин мечакид. 45 Пас аз дуо гуфтан Исо аз ҷояш хеста, назди шогирдон рафт ва дид, ки онҳо аз ғаму ғусса бемадор шуда хоб рафтаанд.+ 46 Ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро шумо хоб рафтаед? Бархезед ва дуо гӯед, то ба васваса наафтед».+
47 Ҳанӯз Исо гапашро тамом накарда, одамони зиёде омаданд ва Яҳудо, ки яке аз 12 расул буд, пешопеши онҳо меомад. Ӯ ба назди Исо омада, ӯро бӯса кард.+ 48 Аммо Исо ба ӯ гуфт: «Эй Яҳудо, магар ба Фарзанди одам бо бӯса хиёнат мекунӣ?» 49 Онҳое, ки бо Исо буданд, оқибати корро пай бурда гуфтанд: «Ҳазрат, шамшерҳоямонро ба кор барем?» 50 Яке аз онҳо ҳатто ғуломи саркоҳинро зарба зада, гӯши росташро бурид.+ 51 Вале Исо гуфт: «Бас кунед», ва ба гӯши ғулом даст расонида, ӯро шифо дод. 52 Сипас Исо ба коҳинони калон, нозирони ибодатгоҳ ва пирон, ки барои дастгир кардани ӯ омада буданд, гуфт: «Магар ман ғоратгарам, ки шумо бо шамшеру таёқҳо омадед?+ 53 Вақте ман ҳар рӯз дар миёни шумо, дар ибодатгоҳ будам,+ маро дастгир намекардед.+ Вале ҳоло вақти шумову ҳукмронии торикӣ аст».+
54 Он гоҳ онҳо Исоро дастгир карда,+ ба хонаи саркоҳин бурданд. Петрус бошад, каме дуртар аз паси онҳо мерафт.+ 55 Вақте ки одамон дар миёни ҳавлӣ оташ даргиронда, якҷоя менишастанд, Петрус низ ҳамроҳи онҳо буд.+ 56 Яке аз канизон Петрусро, ки дар назди гулхан менишаст, дида ба ӯ бодиққат нигоҳ кард ва гуфт: «Ин мардак ҳам бо ӯ буд». 57 Вале Петрус инро инкор карда гуфт: «Эй зан, ман ӯро намешиносам». 58 Чанде пас каси дигаре ӯро дида, гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». Аммо Петрус гуфт: «Э не, ту чиҳо мегӯӣ?!»+ 59 Тахминан пас аз як соат марди дигаре боисрор гуфт: «Аниқ, ин мард ҳам бо ӯ буд, зеро ӯ ҷалилӣ аст!» 60 Аммо Петрус гуфт: «Ман намедонам, ки ту чӣ гуфта истодаӣ». Ҳамон лаҳза, ӯ суханашро тамом накарда, хурӯс фарёд кард. 61 Он гоҳ Ҳазрат рӯяшро гардонда, рост ба Петрус нигоҳ кард ва ӯ суханони Ҳазратро ба ёд овард: «Имрӯз, пеш аз он ки хурӯс фарёд кунад, ту се бор маро инкор мекунӣ».+ 62 Пас аз ин ӯ аз он ҷо баромада, зор-зор гирист.
63 Онҳое, ки Исоро посбонӣ мекарданд, ӯро мазоқу масхара карда,+ мезаданд+ 64 ва рӯяшро пӯшонида, мепурсиданд: «Агар пайғамбар бошӣ, ку бигӯ: туро кӣ зад?» 65 Онҳо дар ҳаққи ӯ боз куфри бисёр гуфтанд.
66 Вақте ки рӯз шуд, шӯрои пирони халқ, яъне коҳинони калон ва шариатдонон, ҷамъ омада,+ Исоро ба Шӯрои олӣ оварданд ва гуфтанд: 67 «Ба мо бигӯ, ки ту Масеҳӣ ё не».+ Лекин ӯ ба онҳо гуфт: «Бигӯям ҳам, шумо бовар намекунед 68 ва, агар савол диҳам, ҷавоб намедиҳед. 69 Аммо аз ин пас Фарзанди одам+ аз тарафи рости Худои Қодир менишинад».+ 70 Он гоҳ ҳамаи онҳо гуфтанд: «Пас, ту Писари Худо* ҳастӣ?» Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳамон тавре аст, ки мегӯед». 71 Онҳо гуфтанд: «Боз шоҳидии кӣ ба мо даркор аст? Мо худамон инро аз даҳони ӯ шунидем».+