Ибриён
4 Пас, азбаски ваъдаи ба оромии ӯ дохил шудан то ҳол боқӣ мондааст, биёед эҳтиёт шавем, ки касе аз мо ин ваъдаро аз даст надиҳад.+ 2 Охир, ба мо низ чун ба онҳо хушхабар эълон карда шуд,+ аммо каломе, ки онҳо шуниданд, барояшон фоидае наовард, чунки онҳо мисли касоне, ки итоат карданд, имон надоштанд. 3 Мо, ки имон дорем, ба он оромӣ дохил мешавем, вале дар бораи дигарон ӯ чунин гуфтааст: «Аз ин рӯ бо ғазаб қасам хӯрдам: “Онҳо ба оромии ман дохил нахоҳанд шуд”»,+ гарчанде ки корҳои ӯ аз бунёди олам* анҷом ёфта буданд.+ 4 Ӯ дар ҷое дар бораи рӯзи ҳафтум чунин гуфтааст: «Худо дар рӯзи ҳафтум аз ҳама корҳои худ ором гирифт»,+ 5 ва боз дар ин ҷо мегӯяд: «Онҳо ба оромии ман дохил нахоҳанд шуд».+
6 Касоне, ки хушхабарро аввал шуниданд, аз сабаби беитоатияшон ба оромӣ дохил нагаштанд. Вале, азбаски баъзеҳо бояд ба он дохил шаванд,+ 7 ӯ пас аз муддати зиёде бори дигар дар таронаи Довуд «имрӯз» гуфта, як рӯзро муқаррар мекунад, чуноне ки дар боло гуфта шуд: «Имрӯз, агар овози ӯро бишнавед, дили худро сахт накунед».+ 8 Охир, агар Юшаъ+ онҳоро ба ҷойи оромӣ мебурд, Худо баъдтар дар бораи рӯзи дигар сухан намегуфт. 9 Пас, барои халқи Худо оромии шанбе боқӣ мемонад,+ 10 зеро касе, ки ба оромии Худо дохил шудааст, аз корҳояш низ ором ёфтааст, чуноне ки Худо аз корҳои худ ором гирифт.+
11 Бинобар ин биёед сахт кӯшида, ба он оромӣ дохил шавем, то ки ҳеҷ кас ба намунаи нофармонии онҳо пайравӣ накунад.+ 12 Каломи Худо зиндаву таъсирбахш аст+ ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст.+ Он то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон* ва рӯҳ*, буғумҳову иликҳо рафта мерасад ва метавонад фикру ниятҳои дилро бисанҷад. 13 Ҳеҷ офаридае нест, ки аз назари Худо пӯшида бошад,+ балки ҳама чиз дар пеши чашмони Оне, ки ба ӯ ҷавоб медиҳем, бараҳна ва аён аст.+
14 Бинобар ин, азбаски мо саркоҳини бузурге дорем, ки ба осмон дохил шудааст, ва ӯ Исои Писари Худост*,+ биёед доимо дар бораи имоне, ки ба ӯ дорем, ба ҳама гап занем.+ 15 Охир, саркоҳини мо чунин нест, ки дар сустиҳоямон ба мо ҳамдардӣ карда натавонад,+ зеро ӯ мисли мо аз ҳар ҷиҳат озмуда шуд, вале гуноҳе накард.+ 16 Пас, биёед ба тахти лутфу марҳамат наздик шуда, озодона ба Худо дуо гӯем,+ то аз раҳму лутфи ӯ кумаки саридарвақт ёбем.