3 Мӯсо
5 Чунин шуданаш мумкин аст, ки шахсе шоҳиди ягон ҷиноят мешавад ва ё аз он хабардор мегардад. Сипас ӯ мешунавад, ки мардумро қасам дода мегӯянд, ки касе аз ин воқеа хабардор бошад, омада, шоҳидӣ диҳад*.+ Агар он шахс, ки аз ин воқеа хабар дорад, омада, шоҳидӣ надиҳад, ӯ гунаҳкор мешавад ва барои гуноҳаш ҷавоб медиҳад.
2 Агар касе ба чизи нопок даст расонад, хоҳ он ҷасади ҳайвони ваҳшии нопок бошад, хоҳ ҷасади ҳайвони хонагии нопок, хоҳ ҷасади ягон ҳайвони хурди* нопок,+ ӯ нопок гаштааст ва, ҳатто агар худаш аз ин огоҳ набошад, айбдор аст. 3 Агар касе худаш огоҳ набошаду ба нопокии одам, яъне ба ҳар он чизе, ки ӯро нопок гардонда метавонад, даст расонад+ ва баъдтар аз ин огоҳ шавад, ӯ айбдор ҳисобида мешавад.
4 Агар касе фикр накарда барои кардани кори неке ё баде қасам хӯрад, вале баъдтар фаҳмад, ки фикр накарда қасам хӯрдааст, ӯ айбдор ҳисобида мешавад*.+
5 Агар ӯ яке аз ин корҳоро кунаду айбдор шавад, бояд гуноҳашро ба гардан гирад.+ 6 Ғайр аз ин, ӯ бояд барои гуноҳи кардааш ба Яҳува қурбонии айб биёрад.+ Ӯ бояд аз рамаи худ чун қурбонии гуноҳ барраи мода ё модабузи ҷавонеро биёрад ва коҳин бо он гуноҳашро рӯпӯш мекунад*.
7 Вале, агар зӯраш ба гӯсфанд нарасад, ӯ бояд ба Яҳува ду мусича ва ё ду кафтарбачаро+ барои гуноҳаш чун қурбонии айб биёрад, яктояш барои қурбонии гуноҳ ва яктояш барои қурбонии сӯхтанӣ.+ 8 Ӯ бояд онҳоро назди коҳин биёрад. Коҳин якеи онҳоро чун қурбонии гуноҳ меорад ва сарашро аз гарданаш нимкан мекунад, яъне пурра ҷудо намекунад. 9 Сипас коҳин каме аз хуни қурбонии гуноҳро ба паҳлуи қурбонгоҳ мепошад ва боқимондаи хуни паранда аз баданаш ба бехи қурбонгоҳ мечакад.+ Ин қурбонии гуноҳ аст. 10 Ӯ дигар парандаро чун қурбонии сӯхтанӣ мувофиқи дастур меорад.+ Ҳамин тавр коҳин барои гуноҳи кардаи ӯ товон медиҳад ва гуноҳаш бахшида мешавад.+
11 Вале, агар зӯраш ба ду мусича ё ду кафтарбача нарасад, ӯ бояд барои гуноҳи худ даҳяк эфа*+ орди маҳинро чун қурбонии гуноҳ биёрад. Ӯ набояд ба он равған омехта кунад ё лодан гузорад, зеро ин қурбонии гуноҳ аст. 12 Ӯ онро назди коҳин биёрад ва коҳин аз он як мушт гирифта, чун намунае аз тамоми ҳадия бар қурбонгоҳ, ба болои ҳадияе, ки барои Яҳува дар оташ сӯзонда мешавад, сӯзонда, дуд мекунад. Ин қурбонии гуноҳ аст. 13 Агар ӯ яке аз ин гуноҳҳои номбурдаро карда бошад, коҳин барои гуноҳаш товон медиҳад ва гуноҳаш бахшида мешавад.+ Он чӣ аз ҳадияи гуноҳ боқӣ монад, мисли ҳадияи ғалла,+ аз они коҳин аст”».+
14 Яҳува суханашро бо Мӯсо давом дода гуфт: 15 «Агар касе надониста бевафоӣ кунад, яъне бар зидди чизҳои муқаддаси Яҳува гуноҳ кунад,+ ӯ бояд аз рамаи худ барои Яҳува қӯчқори солимеро чун қурбонии айб биёрад.+ Қимати он, яъне чанд сиқл* нуқра арзиш доштани он, аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас муайян карда мешавад.+ 16 Ӯ, барои он ки бар зидди ҷойи муқаддас гуноҳ кардааст, товон биёрад ва панҷяки онро илова намояд.+ Ӯ бояд онро ба коҳин диҳад, то вай бо қӯчқори қурбонии айб гуноҳҳояшро рӯпӯш кунад,+ ва он гоҳ гуноҳҳои ӯ бахшида мешаванд.+
17 Агар касе ба яке аз корҳое, ки Яҳува манъ кардааст, даст занад, ҳатто агар худаш аз ин огоҳ набошад, ӯ айбдор аст ва барои хатояш ҷавоб медиҳад.+ 18 Ӯ бояд ба коҳин аз рамаи худ қӯчқори солимеро биёрад. Арзиши қӯчқор бояд ба қимате, ки барои қурбонии айб муқаррар шудааст,+ баробар бошад. Вақте ӯ қӯчқорро назди коҳин биёрад, коҳин онро чун товони хатое, ки ӯ нохост кардааст, пешкаш мекунад ва гуноҳи ӯ бахшида мешавад. 19 Ин қурбонии айб аст. Ӯ, бешак, айбдор шудааст ва бар зидди Яҳува гуноҳ кардааст».