1 Мӯсо
22 Баъди ин воқеаҳо Худо Иброҳимро санҷид.+ Ӯ гуфт: «Иброҳим!» Иброҳим ҷавоб дод: «Лаббай!» 2 Худо гуфт: «Писаратро, ҷигарбанди ягонаи худ, Исҳоқро,+ ки ӯро дӯст медорӣ,+ бигир ва ба замини Мӯриё+ бирав. Дар он ҷо, дар кӯҳе, ки ба ту мегӯям, ӯро ба ман чун қурбонии сӯхтанӣ биёр».
3 Иброҳим саҳарии барвақт хест ва хари худро зин кард. Ӯ ҳамроҳи худ ду хизматгораш ва Исҳоқро гирифт ва барои қурбонии сӯхтанӣ ҳезум шикаст. Баъд ӯ бархест ва, ба ҷое ки Худо гуфта буд, рафт. 4 Дар рӯзи сеюм Иброҳим нигоҳ карда, он ҷойро аз дурӣ дид 5 ва ба хизматгоронаш гуфт: «Шумо бо хар дар ин ҷо бимонед, ману писарам бошем, ба он ҷо меравем ва Худоро ибодат карда, назди шумо бармегардем».
6 Иброҳим ҳезумеро, ки барои қурбонии сӯхтанӣ гирифта буд, ба пушти Исҳоқ бор кард. Ӯ оташ ва корд гирифт ва онҳо якҷоя рафтанд. 7 Исҳоқ ба падараш Иброҳим гуфт: «Эй падар!» Ӯ ҷавоб дод: «Лаббай, писарам!» Ӯ гуфт: «Дар ин ҷо оташу ҳезум ҳаст, лекин гӯсфанд барои қурбонии сӯхтанӣ дар куҷост?» 8 Иброҳим гуфт: «Писарам, Худо худаш барои қурбонии сӯхтанӣ гӯсфандро медиҳад».+ Бо ҳамин онҳо роҳашонро якҷоя давом доданд.
9 Оқибат онҳо, ба ҷое ки Худо гуфта буд, расиданд. Иброҳим дар он ҷо қурбонгоҳ сохт ва ба рӯйи он ҳезум монд. Ӯ дасту пойи писараш Исҳоқро баст ва ӯро дар қурбонгоҳ ба болои ҳезум гузошт.+ 10 Сипас Иброҳим дасташро дароз карда, кордро гирифт, то писари худро кушад.+ 11 Лекин фариштаи Яҳува аз осмон ба ӯ гуфт: «Иброҳим, Иброҳим!» Ӯ ҷавоб дод: «Лаббай!» 12 Ӯ гуфт: «Ба писарат даст нарасон ва бо ӯ ҳеҷ кор накун. Акнун медонам, ки ту дар ҳақиқат худотарсӣ, зеро аз ман* писари худ, ҷигарбанди ягонаатро, дареғ надоштӣ».+ 13 Он гоҳ Иброҳим назар андохт ва каме дуртар қӯчқореро дид, ки шохҳояш дар буттаҳо дармондааст. Иброҳим рафта, қӯчқорро гирифт ва оварда, ба ҷойи писараш чун қурбонии сӯхтанӣ пешкаш кард. 14 Иброҳим номи он ҷойро Яҳува-Ире* монд. Барои ҳамин то ҳол мегӯянд: «Дар кӯҳи Яҳува дода мешавад».+
15 Фариштаи Яҳува бори дуюм аз осмон ба Иброҳим муроҷиат кард ва 16 гуфт: «Ба номи худ қасам ки,— мегӯяд Яҳува,+— азбаски ту ин корро кардӣ ва писари худро, ки ҷигарбанди ягонаи туст, аз ман дареғ надоштӣ,+ 17 ман туро ҳатман баракат медиҳам ва насли туро мисли ситорагони осмон ва реги лаби баҳр бешумор мегардонам+ ва насли ту шаҳрҳои* душманонашонро соҳиб хоҳанд шуд.+ 18 Ҳамаи халқҳои рӯйи замин ба воситаи насли ту+ баракат меёбанд, чунки ту ба гапи ман гӯш додӣ».+
19 Баъд Иброҳим пеши хизматгоронаш баргашту онҳо хеста, якҷоя ба Баир-Шобаъ+ равона шуданд ва Иброҳим дар Баир-Шобаъ зиндагӣ карданро давом дод.
20 Баъди ин ба Иброҳим хабар доданд: «Милкои зани бародарат Ноҳӯр низ писарон таваллуд кардааст:+ 21 калонии ӯ Ус, бародараш Бӯз, Қамуил (падари Арам), 22 Касад, Ҳазӯ, Филдош, Идлоф ва Батуил».+ 23 Батуил Ривқоро+ ба дунё овард. Ин ҳашт нафарро Милко барои Ноҳӯр, бародари Иброҳим, таваллуд кард. 24 Ноҳӯр ҳамчунин Реумо ном суррияе* дошт. Ӯ Табаҳ, Ҷаҳам, Таҳаш ва Маъкоро ба дунё овард.