Юҳанно
13 Исо ҳанӯз пеш аз Иди Раҳоӣ медонист, ки соати ӯ расидааст,+ то ин ҷаҳонро тарк карда, назди Падар равад.+ Азбаски ӯ пайравони худро, ки дар ин ҷаҳон буданд, дӯст медошт, онҳоро то охир дӯст дошт.+ 2 Вақти хӯроки шом буд ва Иблис аллакай ба дили Яҳудои Исқарют,+ писари Шимъӯн, фикри онро гузошта буд, ки Исоро фурӯшад.+ 3 Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасташ супурдааст ва ӯ аз пеши Худо омадаасту боз назди Худо меравад.+ 4 Ӯ аз сари дастархон хесту ҷомаашро кашид ва сачоқро гирифта, ба миёнаш баст.+ 5 Пас аз он Исо дар тағорае об гирифта, ба шустани пойҳои шогирдонаш сар кард ва бо сачоқе, ки дар миёнаш баста буд, пойҳояшонро хушк кард. 6 Вақте ки навбати Шимъӯни Петрус расид, ӯ ба Исо гуфт: «Ҳазрат, наход ки ту пойҳои маро шӯӣ?!» 7 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ин корамро ту ҳозир намефаҳмӣ, лекин баъдтар мефаҳмӣ». 8 Петрус гуфт: «Не, пойҳои маро ҳаргиз намешӯӣ!» Исо гуфт: «Агар пойҳои туро нашӯям,+ бо ман буда наметавонӣ». 9 Он гоҳ Шимъӯни Петрус гуфт: «Ҳазрат, ин хел бошад, на танҳо пойҳо, балки дастону сарамро низ бишӯй». 10 Исо ба вай гуфт: «Ба ҳар касе, ки шустушӯ кардааст, шустани пойҳояш кифоя аст, чунки ӯ комилан пок аст. Шумо пок ҳастед, вале на ҳамаатон». 11 Исо медонист, ки ба ӯ кӣ хиёнат мекунад+ ва барои ҳамин гуфт: «На ҳамаи шумо пок ҳастед».
12 Баъд аз он ки Исо пойҳои онҳоро шуст, ҷомаашро пӯшида, боз дар сари дастархон нишаст ва ба шогирдон гуфт: «Оё медонед, ки бароятон чӣ кор кардам? 13 Шумо маро “Устод” ва “Ҳазрат” меномед ва рост мегӯед, зеро ҳамин тавр аст.+ 14 Агар ман — Ҳазрат ва Устоди шумо, пойҳоятонро шуста бошам,+ пас, шумо низ бояд пойҳои якдигарро бишӯед.+ 15 Ман ба шумо намуна гузоштам, то шумо ҳам мисли ман рафтор кунед.+ 16 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ғулом аз хӯҷаинаш ва фиристода аз фиристандааш бузургтар нест. 17 Агар ин чизҳоро донеду ба кор баред, хушбахт мешавед.+ 18 Ман на дар бораи ҳамаи шумо гуфта истодаам; ман касонеро, ки интихоб кардаам, мешиносам. Аммо ин барои он аст, ки навиштаи зерин иҷро шавад:+ “Он касе, ки нони маро мехӯрд, пошнаашро бар ман бардоштааст*”.+ 19 Ман инро пешакӣ ба шумо мегӯям, то, вақте ин ба амал ояд, шумо бовар кунед, ки ман ҳамоне ҳастам, ки ба шумо гуфтам.+ 20 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ фиристодаи маро қабул кунад, маро низ қабул мекунад+ ва ҳар кӣ маро қабул кунад, Фиристандаи маро низ қабул мекунад».+
21 Пас аз гуфтани ин суханон Исо ба изтироб омаду гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: яке аз шумо ба ман хиёнат мекунад».+ 22 Шогирдон ба якдигар нигоҳ мекарданд ва ҳайрон буданд, ки ӯ инро дар бораи кӣ мегӯяд.+ 23 Яке аз шогирдон, ки Исо дӯсташ медошт,+ дар назди* ӯ каҷпаҳлу зада буд. 24 Шимъӯни Петрус аз вай пурсид: «Ӯ дар бораи кӣ гап зада истодааст?» 25 Он шогирд рӯяшро сӯйи Исо карда, пурсид: «Ҳазрат, ӯ кист?»+ 26 Исо ба ӯ гуфт: «Ҳамон касе, ки пораи нонро тар карда, ба ӯ диҳам».+ Сипас ӯ нонро тар карда, ба Яҳудо, писари Шимъӯни Исқарют, дароз кард. 27 Вақте ки Яҳудо пораи нонро гирифт, Шайтон ба дилаш роҳ ёфт.+ Пас, Исо ба ӯ гуфт: «Кореро, ки карданӣ ҳастӣ, тезтар кун». 28 Аммо ҳеҷ кадоми онҳое, ки дар сари дастархон нишаста буданд, нафаҳмиданд, ки барои чӣ ӯ ин гапро гуфт. 29 Баъзеҳо фикр карданд, ки, азбаски қуттии пул дар дасти Яҳудо буд,+ Исо ба ӯ гуфтанӣ аст, ки чизҳои барои ид лозимаро харад ё ба камбағалон чизе диҳад. 30 Яҳудо пораи нонро гирифт ва ҳамон дам, шабошаб, аз он ҷо баромада рафт.+
31 Баъд аз он ки ӯ рафт, Исо гуфт: «Ҳоло Фарзанди одам ҷалол ёфта истодааст+ ва Худо низ ба воситаи ӯ ҷалол ёфта истодааст. 32 Худи Худо ӯро ҷалол медиҳад+ ва инро ба зудӣ мекунад. 33 Эй фарзандони азиз, ман боз андаке бо шумо ҳастам. Шумо маро мекобед, вале, чуноне ки ба яҳудиён гуфтам, ба шумо низ мегӯям: “Ба он ҷое ки меравам, шумо рафта наметавонед”.+ 34 Ба шумо амри наве медиҳам: якдигарро дӯст доред. Чуноне ки ман шуморо дӯст доштам,+ шумо низ якдигарро дӯст доред.+ 35 Агар дар байнатон муҳаббат бошад, ҳама мефаҳманд, ки шогирдони ман ҳастед».+
36 Шимъӯни Петрус аз ӯ пурсид: «Ҳазрат, ба куҷо рафтанӣ ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ба ҷое ки ман меравам, ту ҳозир рафта наметавонӣ, аммо баъдтар меравӣ».+ 37 Петрус ба ӯ гуфт: «Ҳазрат, барои чӣ ҳозир аз паси ту рафта наметавонам? Ман тайёрам, ки ҷонамро бароят фидо кунам».+ 38 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ҷонатро бароям фидо мекунӣ? Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: пеш аз он ки хурӯс фарёд кунад, ту се бор маро инкор мекунӣ».+