Ошкорсозӣ
1 Худо ба воситаи Исои Масеҳ* воқеаҳоеро, ки бояд ба қарибӣ ба амал оянд, ба бандагонаш+ ошкор кард.+ Ӯ фариштаи худро фиристода, ин чизҳоро бо рамзҳо ба бандааш Юҳанно+ нишон дод. 2 Юҳанно ҳама чизҳои дидаашро баён карда ба ҳаққонияти сухани Худо ва шаҳодати Исои Масеҳ гувоҳӣ дод. 3 Хушбахт аст касе, ки суханони ин пешгӯйиро бо овоз мехонад, ва хушбахтанд касоне, ки онро мешунаванду навиштаҳояшро риоя мекунанд,+ зеро вақти муқарраршуда наздик аст.
4 Ман — Юҳанно, ба ҳафт ҷамоати+ Осиё чунин менависам:
Лутфу осоиштагӣ бод бар шумо аз ҷониби «Оне, ки буд, ҳаст ва меояд»+ ва аз ҷониби ҳафт рӯҳе,+ ки дар пеши тахти ӯ мебошанд, 5 ҳамчунин аз ҷониби Исои Масеҳ, ки «Шоҳиди боваринок»,+ «Нахустзода аз мурдагон»+ ва «Ҳокими подшоҳони замин»+ аст.
Ба оне, ки моро дӯст медорад,+ бо хуни худ аз гуноҳҳоямон озод кардааст+ 6 ва подшоҳону+ коҳинони*+ Худо ва Падараш гардондааст, абадан ҷалол ва қудрат бод! Омин.
7 Инак, ӯ бо абрҳо меояд+ ва ҳама, аз он ҷумла касоне, ки баданашро шикоф карда буданд, ӯро бо чашми худ хоҳанд дид. Аз барои ӯ ҳамаи қабилаҳои рӯйи замин аз ғаму андуҳ ба сина хоҳанд зад.+ Бале, чунин хоҳад шуд! Омин.
8 «Ман Алфа ва Омега* ҳастам,+ Оне, ки ҳаст, буд ва меояд. Ман Худои Тавоно*+ ҳастам»,— мегӯяд Яҳува Худо.
9 Ман — Юҳанно, бародари шумо, ки ҳамчун пайрави Исо+ мислатон азоб мекашаму+ истодагӣ мекунам+ ва дар подшоҳӣ+ бо шумо шарикам, аз сабаби он ки дар бораи Худо гап мезадаму дар бораи Исо шаҳодат медодам, ба Патмос ном ҷазирае фиристода шудам. 10 Бо таъсири рӯҳи муқаддас ман дар рӯзи Ҳазрат ҳузур доштам ва аз қафои худ садои пурзӯре мисли садои карнай шунидам, 11 ки мегуфт: «Чизҳои дидаатро дар лӯлаи қоғаз бинавис ва онро ба ҳафт ҷамоате, ки дар Эфсӯс,+ Исмирно,+ Парғомус,+ Тиётира,+ Сардис,+ Филоделфия+ ва Лудкияанд,+ бифирист».
12 Ман рӯямро сӯйи овоз гардондам, то бубинам, ки бо ман кӣ гап зада истодааст, ва, вақте ба қафо нигоҳ кардам, ҳафт чароғпояи тиллоиеро дидам+ 13 ва дар байни чароғпояҳо касе меистод, ки мисли фарзанди одам буд.+ Ӯ дар тан либоси дароз дошт ва қафаси синааш бо матои тиллоӣ баста шуда буд. 14 Сару мӯйи ӯ мисли пашм ё барф сап-сафед буд ва чашмонаш чун оташ аланга мезаданд,+ 15 пойҳояш мисли миси тозае+ буд, ки дар оташдон сурх шудааст, ва овозаш мисли садои обҳои бисёр. 16 Дар дасти рости ӯ ҳафт ситора+ буд ва аз даҳонаш шамшери дудамаи тезу дароз+ берун меомад. Рӯйи ӯ бошад, мисли офтобе буд, ки дар нисфирӯзӣ медурахшад.+ 17 Вақте ӯро дидам, чун мурда пеши пояш афтодам.
Ӯ дасти росташро бар ман гузошта, гуфт: «Натарс. Ман Аввалин+ ва Охирин+ ҳастам, 18 ҳамонеям, ки зинда аст.+ Ман мурда будам,+ вале акнун то абад зиндаам+ ва калидҳои маргу гӯр* дар дасти ман аст.+ 19 Пас, чизҳои дидаатро, он чиро, ки ҳоло рӯй дода истодааст, ва он чиро, ки баъд аз ин ба амал меояд, бинавис. 20 Маънои сирри муқаддаси ҳафт ситорае, ки дар дасти рости ман дидӣ, ва ҳафт чароғпоя чунин аст: ҳафт ситора фариштагони ҳафт ҷамоатанд ва ҳафт чароғпоя худи ҳафт ҷамоат.+