Ошкорсозӣ
20 Ман фариштаеро дидам, ки аз осмон мефаромад ва калиди чоҳи бетаг+ ва занҷири калоне дар даст дошт. 2 Ӯ аждаҳо,+ яъне мори қадимиро,+ ки Иблис+ ва Шайтон+ аст, дастгир карда, ба муддати 1000 сол бандубаст намуд. 3 Он фаришта аждаҳоро ба чоҳи бетаг+ партофта, даҳони онро маҳкам кард ва бар он муҳр зад, то ки вай халқҳоро дигар гумроҳ насозад. Пас аз гузаштани 1000 сол вай бояд ба муддати кӯтоҳе озод карда шавад.+
4 Ман тахтҳо ва касонеро дидам, ки бар онҳо менишастанд; ба онҳо қудрат дода шуд, то доварӣ кунанд. Бале, ман касонеро дидам, ки онҳоро барои шаҳодат додан дар бораи Исо ва сухан гуфтан дар бораи Худо кушта буданд*. Инҳо касонеянд, ки ба ҳайвони ваҳшӣ ва ҳайкали он саҷда накарданд ва бар пешониву дасти худ аломат нагирифтанд.+ Онҳо зинда шуданд ва ҳамроҳи Масеҳ 1000 сол подшоҳӣ карданд.+ 5 Ин зиндашавии якум аст.+ (Мурдагони боқимонда,+ то даме ки 1000 сол ба охир нарасид, зинда нашуданд.) 6 Хушбахт ва поку муқаддас аст ҳар кӣ дар зиндашавии якум+ аз байни мурдагон бармехезад. Марги дуюм+ бар ин касон қудрат надорад,+ балки онҳо коҳинони+ Худо ва Масеҳ мешаванд ва бо ӯ 1000 сол подшоҳӣ мекунанд.+
7 Ҳамин ки 1000 сол ба охир расад, Шайтон аз зиндон озод карда мешавад. 8 Ӯ берун меояд, то халқҳоеро, ки дар чор гӯшаи заминанд, яъне Ҷуҷу Маҷуҷро, гумроҳ созад ва барои ҷанг ҷамъ оварад. Шумораи онҳо мисли реги баҳр аст. 9 Онҳо дар тамоми замин паҳн шуданд ва қароргоҳи покону шаҳри азизро иҳота карданд, вале аз осмон оташ фаромада, онҳоро фурӯ бурд.+ 10 Иблис, ки онҳоро гумроҳ мекард, ба кӯли оташ ва кибрит*, ки ҳайвони ваҳшӣ+ ва пайғамбари бардурӯғ аллакай он ҷо буданд,+ партофта шуд ва онҳо шабу рӯз то абад азоб хоҳанд кашид*.
11 Пас аз ин ман тахти бузурги сафед ва Нишинандаи онро дидам.+ Замин ва осмон аз пеши ӯ гурехтанд+ ва ҷое барои онҳо ёфт нашуд. 12 Ман дидам, ки мурдагон, ҳам хурдону ҳам бузургон, дар пеши тахт истодаанд ва дастхатҳо кушода шуданд. Ҳамчунин дастхати дигаре кушода шуд, ки дастхати ҳаёт+ буд. Мурдагон аз рӯйи он чӣ дар он дастхатҳо навишта шудааст, аз рӯйи корҳояшон, доварӣ шуданд.+ 13 Он гоҳ баҳр, марг ва гӯр* мурдагонеро, ки дар онҳо буданд, доданд ва ҳар яки онҳо аз рӯйи корҳояшон доварӣ шуданд.+ 14 Пас аз ин марг ва гӯр ба кӯли оташ партофта шуд.+ Кӯли оташ+ марги дуюм аст.+ 15 Касе, ки номаш дар китоби ҳаёт+ навишта нашудааст, ба кӯли оташ партофта шуд.+