МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 21
Ошкорсозӣ. Он дар бораи ояндаи мо чӣ мегӯяд?
«Омин! Биё, эй Ҳазратамон Исо» (ОШКОР. 22:20).
СУРУДИ 54 Мо бояд имон дошта бошем
ПЕШГУФТОРa
1. Одамон бояд чӣ гуна қарори муҳимро қабул кунанд?
ИМРӮЗ одамон бояд як қарори муҳим қабул кунанд: онҳо тарафдори Яҳува Худо, Ҳокими барҳақи олам, мешаванд ё тарафи душмани ашадиаш Шайтон Иблисро мегиранд? Дар ин масъала бетараф будан номумкин аст. Ҳар як шахс бояд ягон тарафро интихоб кунад (Мат. 25:31–33, 46). Зеро ба қарори шахс вобаста аст, ки ӯ дар биҳишт зиндагӣ мекунад ё не. Ҳамин тавр ҳангоми «азоби азим» одамон ё барои наҷот ё барои нестшавӣ аломат мегиранд (Ошкор. 7:14; 14:9–11; Ҳиз. 9:4, 6).
2. а) Мувофиқи Ибриён 10:35–39 мо бояд чӣ кор кунем? б) Чӣ тавр китоби Ошкорсозӣ ба мо кумак карда метавонад?
2 Ибриён 10:35–39-ро хонед. Агар шумо имрӯз тарафи ҳокимияти Худоро гирифта бошед, қарори хирадмандона баровардаед. Ҳоло шумо самимона мехоҳед, ки ба дигарон кумак кунед, то онҳо низ қарори дуруст бароранд. Барои ин маълумотеро, ки дар китоби Ошкорсозӣ оварда шудааст, истифода баред. Дар ин китоби назаррас гуфта мешавад, ки бо душманони Яҳува чӣ мешавад. Ҳамзамон қайд шудааст, ки онҳоеро, ки содиқона ҳокимияти Худоро тарафдорӣ мекунанд, чӣ гуна баракатҳо интизор аст. Маҳз барои ҳамин баррасӣ кардани ин ҳақиқатҳо бароямон хеле муҳим аст. Зеро ин тавр карда мо минбаъд низ бо азми қавӣ хизмати Яҳуваро ба ҷо меорем. Ҳамзамон дониши гирифтаамонро ба кор бурда ба дигарон кумак карда метавонем, то қарори дуруст бароварда ҳамчунин хизмати Худоро ба ҷо оранд.
3. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
3 Дар ин мақола мо ба саволҳои зерин ҷавоб мегирем: Онҳоеро, ки тарафдори ҳокимияти Худоянд, чӣ дар пеш аст? Бо тарафдорони ҳайвони ваҳшии сурхранг, ки дар китоби Ошкорсозӣ дар борааш гуфта шудааст, чӣ мешавад?
ХИЗМАТГОРОНИ БОВАФОИ ЯҲУВАРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?
4. Юҳанно дар рӯъёяш кадом гурӯҳро дар осмон бо Исо мебинад?
4 Юҳаннои расул дар рӯъёяш ду гурӯҳи одамонеро дид, ки ҳокимияти Яҳуваро тарафдорӣ мекунанду соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мешаванд. Гурӯҳи якум аз 144 000 нафар иборат аст (Ошкор. 7:4). Онҳо аз миёни одамон интихоб шуда дар осмон ҳамроҳи Исо ҳокимият ё худ Подшоҳиро ташкил медиҳанд. Ҳамин тавр якҷоя бар замин ҳукмронӣ хоҳанд кард (Ошкор. 5:9, 10; 14:3, 4). Юҳанно дар рӯъё онҳоро ҳамроҳи Исо ба маънои рамзӣ дар осмон дар кӯҳи Сион мебинад (Ошкор. 14:1).
5. Ба наздикӣ бо боқимондаи тадҳиншудагон чӣ рӯй медиҳад?
5 Тӯли асрҳо аз миёни одамон ҳазорҳо нафар интихоб шудаанд, то қисми 144 000 нафар бошанд (Луқ. 12:32; Рум. 8:17). Дар рӯъё ба Юҳаннои расул гуфта шуда буд, ки танҳо шумораи ками интихобшудагон дар рӯзҳои охир, дар замин хоҳанд буд. Ин «бақия»-и тадҳиншудагон «муҳр»-и охирини розигии Яҳуваро пеш аз сар шудани азоби азим мегиранд (Ошкор. 7:2, 3; 12:17). Ниҳоят андак пас аз оғози азоби азим ба осмон рафта 144 000 тадҳиншудагони содиқро ташкил медиҳанд ва дар он ҷо ҳамроҳи Исо дар Подшоҳии Худо ҳукмронӣ хоҳанд кард (Мат. 24:31; Ошкор. 5:9, 10).
6, 7. а) Юҳанно дар рӯъё боз кадом гурӯҳро мебинад ва мо дар бораи онҳо чӣ мефаҳмем? б) Чаро китоби Ошкорсозӣ боби ҳафт бояд ҳам барои боқимондаи тадҳиншудагон ва ҳам барои «мардуми сершумор» ҷолиби диққат бошад?
6 Сипас Юҳаннои расул «мардуми сершумореро» мебинад. Баръакси 144 000 нафар тадҳиншудагон шумораи ин гурӯҳ беҳисоб аст (Ошкор. 7:9, 10). Мо дар бораи онҳо чӣ мефаҳмем? Дар рӯъё ба Юҳаннои расул гуфта шуда буд: «Инҳо касонеянд, ки аз азоби азим гузаштаанд ва либосҳои худро бо хуни Барра шуста, сафед кардаанд» (Ошкор. 7:14). Азоби азимро паси сар намуда ин «мардуми сершумор» дар рӯйи замин соҳиби бисёр баракатҳо мешаванд (Заб. 37:9–11, 27–29; Пнм. 2:21, 22; Ошкор. 7:16, 17).
7 Хоҳ тадҳиншуда бошем, хоҳ умеди заминӣ дошта бошем, оё мо худро дар рӯйдодҳои Ошкорсозӣ боби 7 мебинем? Дар асл, бояд бинем. Он замон барои ҳар ду гурӯҳи хизматгорони Худо хотирмон мешавад. Мо нидоҳои шодӣ хоҳем кард, ки дар вақташ ҳокимияти Яҳуваро тарафдорӣ кардем. Ҳоло бошад, биёед фаҳмем, ки дар китоби Ошкорсозӣ дар бораи азоби азим боз чӣ гуфта шудааст (Мат. 24:21).
БО ОНҲОЕ, КИ МУҚОБИЛИ ХУДО МЕБАРОЯНД, ЧӢ МЕШАВАД?
8. Азоби азим чӣ тавр сар мешавад ва бисёриҳо чӣ кор мекунанд?
8 Чи хеле ки дар мақолаи гузашта гуфтем, ба наздикӣ қувваҳои сиёсии ин ҷаҳон ба Бобили Бузург — империяи ҷаҳонии дини дурӯғ ҳамла меоранд (Ошкор. 17:16, 17). Ин ҳамла оғози азоби азим мешавад. Ба фикратон он лаҳза одамон дарҳол ба ибодати Яҳува рӯ меоранд? Баръакс, дар Ошкорсозӣ боби 6 гуфта мешавад, ки дар он замони ноором онҳое, ки Яҳуваро ибодат намекунанд, дар ҳокимиятдорон ва дунёи тиҷорат паноҳ меҷӯянд, ки ба кӯҳҳо монанданд. Азбаски ин одамон тарафдори Подшоҳии Худо намешаванд, Яҳува онҳоро душманони худ меҳисобад (Луқ. 11:23; Ошкор. 6:15–17).
9. Ҳангоми азоби азим халқи Худо аз кадом ҷиҳат фарқ мекунад ва ин чӣ натиҷа меорад?
9 Дар он замони сахт, ҳангоми азоби азим, хизматгорони бовафои Яҳува аз дигарон фарқ мекунанд. Онҳо ягона гурӯҳи одамоне мешаванд, ки дар замин Яҳува Худоро ибодат карда «ҳайвони ваҳшӣ»-ро тарафдорӣ намекунанд (Ошкор. 13:14–17). Азми қавии онҳоро дида ғазаби душманони Худо аланга мезанад. Дар натиҷа Иттиҳоди халқҳо дар саросари ҷаҳон аз як гиребон сар бароварда ба хизматгорони Худо ҳамла меорад. Ин ҳамлаи бошиддат дар Китоби Муқаддас ҳамлаи Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ номида шудааст (Ҳиз. 38:14–16).
10. Чи хеле дар Ошкорсозӣ 19:19–21 гуфта шудааст, Яҳува ба ҳамла ба халқаш чӣ гуна муносибат мекунад?
10 Яҳува ба ин ҳамлаи шадид чӣ хел муносибат мекунад? Ӯ мегӯяд: «Хашми пурзӯри ман аланга мезанад» (Ҳиз. 38:18, 21–23). Дар Ошкорсозӣ боби 19 бошад, фаҳмонда шудааст, ки баъд чӣ мешавад. Яҳува писарашро мефиристад, то душманони худро шикаст дода халқашро муҳофизат кунад. Дар ин ҳамла Исоро «лашкарҳои осмонӣ», яъне фариштаҳои бовафо ва 144 000 тадҳиншуда ҳамроҳӣ мекунанд (Ошкор. 17:14; 19:11–15). Ин ҷанг чӣ натиҷа меорад? Ҳамаи одамон ва ташкилоте, ки ба Худо муқобил мебароянд, несту нобуд мегарданд. (Ошкорсозӣ 19:19–21-ро хонед.)
БАЪДИ ҶАНГ ТӮЙ МЕШАВАД
11. Аз ҳама воқеаи муҳиме, ки дар китоби Ошкорсозӣ дар борааш гуфта шудааст, кадом аст?
11 Як тасаввур кунед, ки баъд аз нест шудани душманони Худо ҳангоми азоби азим хизматгорони бовафои Яҳува дар рӯйи замин чӣ сон шодӣ мекунанд. Он замон бешак хотирмон мешавад! Ҳарчанд дар осмон баъди нест шудани Бобили Бузург нидоҳои шодӣ мекунанд, лекин воқеаи дигаре рӯй медиҳад, ки аз ин ҳам хушбахтии бештар меорад (Ошкор. 19:1–3). Ин аз ҳама воқеаи ҳаяҷоноварест, ки дар китоби Ошкорсозӣ дар борааш гуфта шудааст. Он «базми арӯсии Барра» мебошад (Ошкор. 19:6–9).
12. Мувофиқи Ошкорсозӣ 21:1, 2 базми арӯсии Барра кай барпо мегардад?
12 Базми арӯсии барра кай барпо мегардад? Пеш аз ҷанги Ҳармаҷиддӯн 144 000 тадҳиншудагон аллакай пурра дар осмон мешаванд, вале тӯйи Барра он вақт ҳоло рӯй намедиҳад. (Ошкорсозӣ 21:1, 2-ро хонед.) Базми арӯсӣ баъди ҷанги Ҳармаҷиддӯн барпо мегардад, вақте ҳамаи душманони Худо несту нобуд мешаванд (Заб. 45:3, 4, 13–17).
13. Дар базми арӯсии Барра чӣ рӯй медиҳад?
13 Ин базми арӯсӣ барои иштирокчиён чӣ аҳамият дорад? Хуб, чи хеле баъд аз тӯй марду зан бо ҳам мепайванданд, ба ҳамин монанд ба маънои маҷозӣ Шоҳ Исои Масеҳ бо «арӯс»-аш, ки 144 000 нафар тадҳиншударо тасвир мекунад, мепайванданд. Дар натиҷаи ин маросими муҳим ҳокимияти наве барпо мегардад, ки тӯли 1000 сол бар замин ҳукмронӣ хоҳад кард (Ошкор. 20:6).
ШАҲРИ ПУРҶАЛОЛ ВА ОЯНДАИ МО
14, 15. Дар боби 21-уми Ошкорсозӣ 144 000 тадҳиншуда бо чӣ муқоиса шудаанд? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
14 Сипас дар боби 21-уми китоби Ошкорсозӣ 144 000 тадҳиншуда бо шаҳри беҳамтое муқоиса шудаанд, ки «Ерусалими нав» ном дорад (Ошкор. 21:2, 9). Таҳкурсии ин шаҳр 12 санг дорад, ки бар онҳо «номи 12 расули Барра навишта шуда»-аст. Чаро донистани ин чиз барои Юҳанно ҷолиб буд? Зеро ӯ номи худро дар он сангҳо дид. Чӣ шарафи бузурге! (Ошкор. 21:10–14; Эфс. 2:20).
15 Ин шаҳри рамзӣ бемислу монанд аст. Кӯчаи асосии он аз тиллои тоза бунёд шудаанд. Дувоздаҳ дарвозааш бошад, аз марворид. Деворҳо ва таҳкурсии шаҳр бо сангҳои қиматбаҳо оро дода шудаанд ва шакли он чоркунҷа аст (Ошкор. 21:15–21). Дар рӯъё Юҳаннои расул пай бурд, ки як чиз намерасад. Ин чӣ буд? Ӯ мегӯяд: «Ман дар шаҳр ибодатгоҳро надидам, чунки ибодатгоҳи он Яҳува, Худои Тавоно, ва ҳамчунин Барра мебошанд. Он шаҳр ба нури офтобу моҳтоб эҳтиёҷ надорад, зеро ҷалоли Худо онро равшан мекунад ва чароғи он Барра мебошад» (Ошкор. 21:22, 23). Бале, онҳое, ки Ерусалими навро ташкил медиҳанд, бо Яҳува хоҳанд буд (Ибр. 7:27; Ошкор. 22:3, 4). Бинобар ин маъбади ин шаҳр Яҳува ва Исо мебошанд.
16. Дар вақти ҳукмронии Ҳазорсолаи Худо одамон соҳиби кадом баракатҳо мешаванд?
16 Барои тадҳиншудагон ва онҳое, ки умеди заминӣ доранд, дар бораи ин шаҳр мулоҳиза рондан шавқовар аст. Дар давоми ҳукмронии Ҳазорсолаи Подшоҳии Худо Ерусалими нав заминро бо баракатҳо саршор мегардонад. Дар рӯъёи Юҳаннои расул ин баракатҳо мисли «дарёи оби ҳаёт» тасвир ёфтаанд. Аз ду тарафи ин дарё «дарахтони ҳаёт мерӯиданд», ки баргҳояшон «барои шифо додани халқҳо буд» (Ошкор. 22:1, 2). Ҳамаи одамоне, ки дар дунёи нав зиндагӣ мекунанд, аз ин неъматҳои Худо баҳра мебаранд ва ниҳоят комил мегарданд. Он вақт беморӣ, дард, гиря ва фиғон дигар намешавад (Ошкор. 21:3–5).
17. Чи хеле дар Ошкорсозӣ 20:11–13 гуфта шудааст, кӣ баракатҳои Подшоҳии Ҳазорсоларо соҳиб мегардад?
17 Кӣ соҳиби ин баракатҳои Яҳува мегардад? Аввалан, мардуми сершуморе, ки дар ҷанги Ҳармаҷиддӯн зинда мемонанд ва кӯдаконе, ки эҳтимол, дар дунёи нав таваллуд мешаванд. Ҳамчунин дар Ошкорсозӣ боби 20 гуфта шудааст, ки мурдагон зинда мешаванд. (Ошкорсозӣ 20:11–13-ро хонед.) Бале, «росткорон» ва «бадкорон»-е, ки имконияти хуб надоштанд, то дар бораи Яҳува дониш гиранд, дар биҳишти рӯйи замин зинда мешаванд (Кор. 24:15; Юҳ. 5:28, 29). Пас, оё гуфтан мумкин аст, ки дар давоми ҳукмронии Ҳазорсолаи Исо ҳама мурдагон зинда мешаванд? Не. Онҳое, ки имконияти ба Яҳува хизмат карданро рад карданд, ба ҳаёт баргардонда намешаванд. Чунки Яҳува ба онҳо имконият дод, вале аз қарорашон маълум гашт, ки онҳо лоиқи биҳишт нестанд (Мат. 25:46; 2 Тас. 1:9; Ошкор. 17:8; 20:15).
ОХИРИН ОЗМОИШ
18. Вазъият дар рӯйи замин дар охири Ҳазорсола чӣ гуна мешавад?
18 Дар охири подшоҳии Ҳазорсола тамоми сокинони замин комил мешаванд. Ҳеҷ кас дигар таъсири гуноҳеро, ки аз Одам ба наслаш гузашт, эҳсос наменамояд (Рум. 5:12). Лаънати гуноҳи Одам пурра бартараф мегардад. Аз ин рӯ сокинони замин дар охири подшоҳии Ҳазорсола комил гашта ба маъное «зинда» мешаванд (Ошкор. 20:5).
19. Чаро озмоиши охирин зарур аст?
19 Мо медонем, ки вақте Шайтон Исоро аз роҳи рост заданӣ буд, ӯ дар озмоиш содиқ монд. Лекин, агар ба Шайтон имконият дода шавад, ки одамони комилро санҷад, онҳо мисли Исо бовафо мемонанд? Вақте дар охири Подшоҳии Ҳазорсола Шайтон аз чоҳи бетаг озод мешавад, ҳар як сокини комили замин ба ин савол ҷавоб дода метавонад (Ошкор. 20:7). Онҳое, ки дар ин озмоиши охирин содиқ мемонанд, соҳиби ҳаёти ҷовидона гашта озодии ҳақиқиро ба даст меоранд (Рум. 8:21). Вале исёнкорон бо Иблис ва девҳояш несту нобуд мегарданд (Ошкор. 20:8–10).
20. Дар бораи пешгӯйиҳои китоби Ошкорсозӣ мулоҳиза ронда шумо чӣ ҳис кардед?
20 Баъд аз мухтасар дида баромадани китоби Ошкорсозӣ шуморо чӣ эҳсосот фаро гирифт? Худро дар иҷрошавии ин пешгӯйиҳои ҳайратовар дидан ҳаяҷоновар аст, ҳамин хел не? (Ошкор. 22:17). Баъди ин шумо бешак, мехоҳед, дигаронро даъват кунед, ки моро дар ибодати пок ҳамроҳӣ кунанд. Ҳоло ки мо ин воқеаҳои ҳайратовари ояндаро муҳокима кардем, мисли Юҳаннои расул гуфтан мехоҳем: «Омин! Биё, эй Ҳазратамон Исо» (Ошкор. 22:20).
СУРУДИ 9 Яҳува — Худои моро ҳамд гӯед!
a Ин мақолаи ниҳоии силсиламақола дар бораи китоби Ошкорсозӣ мебошад. Аз мақолаи мазкур мо мефаҳмем, ки онҳое, ки ба Яҳува бовафо мемонанд, ояндаи дурахшон хоҳанд дошт. Лекин касоне, ки зидди ҳокимияти Худо мебароянд, оқибат нобуд мегарданд.