Ишаъё
9 Аммо он тирагӣ мисли замони дар азоб будани замин нахоҳад буд, мисли замони пешинае, ки замини Забулун ва Нафтолиро паст мезаданд.+ Баъдтар бошад, Худо онро — роҳи сӯйи баҳрро, ки дар минтақаи Урдун аст, Ҷалили халқҳоро, сарбаланд месозад.
2 Мардуме, ки дар торикӣ роҳ мерафт,
Рӯшноии бузургеро дид.
Бар касоне, ки дар замини зулмоти тор мезистанд,
Нур дурахшид.+
3 Ту халқро сершумор кардӣ,
Шодияшро беҳадду канор намудӣ.
Онҳо мисли касоне, ки дар мавсими ғундоштани ҳосил,
Мисли касоне, ки аз тақсими ғанимат шод мешаванд,
Пеши ту шодию хурсандӣ мекунанд.
4 Зеро ту юғи* вазнини онҳоро,
Чӯберо, ки бар китфашон мезаданд, калтаки корфарморо,
Чун дар рӯзи шикасти Мидён пора-пора мекунӣ.+
5 Тамоми пойафзоли сарбозон, ки аз қадам заданашон замин ба ларза меояд,
Ва тамоми либосе, ки оғуштаи хун аст,
Туъмаи оташ мешавад.
Ӯ Маслиҳатгари доно,+ Худои* тавоно,+ Падари ҷовидонӣ ва Мири осоиштагӣ номида мешавад.
Ғайрати Яҳува, Худои лашкарҳо, инро ба ҷо хоҳад овард.
8 Яҳува бар зидди Яъқуб паём фиристод
Ва он бар сари Исроил омад.+
9 Тамоми мардум — Эфроим ва сокинони Сомария, инро хоҳад донист,
Мардуме, ки бо ҳавобаландӣ ва дили мағрур чунин мегӯяд:
10 «Хиштҳо афтиданд,
Вале мо бо сангҳои тарошида бино мекунем.+
Дарахтони тутанҷирро буриданд,
Вале мо бо чӯби сидра месозем».
11 Яҳува бадхоҳони Расинро бар зидди ӯ бармехезонад
Ва душманонашро ба шӯр меорад, то амал намоянд.
12 Ӯ Арамро* аз шарқ ва фалиштиёнро аз ғарб* меорад+
Ва онҳо даҳони худро калон кушода, Исроилро фурӯ мебаранд.+
Аз сабаби ин бадкориҳояшон хашми ӯ паст нашудааст
Ва дасташ аз задан бознаистодааст.+
13 Охир, ин халқ сӯйи Занандаи худ барнагашт,
Яҳува, Худои лашкарҳоро, ҷӯё нашуд.+
15 Пири обрӯманд сар
Ва пайғамбари дурӯғомӯз дум аст.+
16 Пешвоёни ин халқ гумроҳ месозанд
Ва пайравони онҳо саргардонанд.
17 Барои ҳамин Яҳува аз ҷавонони онҳо шод намешавад
Ва ба ятимону бевазанони онҳо раҳм намекунад,
Зеро ҳамаашон осиву бадкирдоранд+
Ва даҳони ҳар яке бадгуфтор аст.
Аз сабаби ин бадкориҳояшон хашми ӯ паст нашудааст
Ва дасташ аз задан бознаистодааст.+
18 Бадӣ мисли оташ даргирифтааст
Ва хору хасро ба коми худ мекашад.
Он ҷангалзорро алов мезанад
Ва сутунҳои дудаш ба осмон мепечад.
19 Аз хашму ғазаби Яҳува, Худои лашкарҳо,
Замин оташ зада шуд
Ва халқ туъмаи алов мешавад.
Касе ҳатто ба бародари худ раҳм намекунад.
20 Кас аз тарафи рост реза мекунад,
Лекин аз гушнагӣ халос намешавад,
Аз тарафи чап мехӯрад,
Лекин сер намешавад.
Ҳар яке гӯшти дасти худро мехӯрад,
21 Менашше Эфроимро
Ва Эфроим Менашшеро фурӯ мебарад.
Онҳо якҷоя шуда зидди Яҳудо мешаванд.+
Аз сабаби ин бадкориҳояшон хашми ӯ паст нашудааст
Ва дасташ аз задан бознаистодааст.+