Панднома
9 Ҳикмат хонаи худро бино кардааст,
Ҳафт сутуни онро тарошидааст.
2 Ӯ гӯшт тайёр кардааст,
Шаробро омехта намудааст
Ва дастархон оростааст.
3 Ӯ канизони худро фиристодааст,
То аз баландиҳои шаҳр фарёд зананд:+
4 «Ҳар кӣ сода аст, ин ҷо биёяд».
Ӯ ба ҳар кӣ ақли расо надорад, мегӯяд:
5 «Биёед, нони маро бихӯред
Ва шароберо, ки омехтаам, бинӯшед.
7 Касе, ки нописандро* ислоҳ мекунад, беобрӯ мегардад+
Ва касе, ки бадкорро танбеҳ медиҳад, бар сари худ нанг меорад.
8 Нописандро* танбеҳ надеҳ ки, дар назараш шум мешавӣ.+
Хирадмандро танбеҳ деҳ ва ӯ туро дӯст хоҳад дошт.+
9 Хирадмандро сабақ омӯз ва ӯ бохирадтар мешавад,+
Росткорро таълим деҳ ва ӯ ба донишаш дониш зам мекунад.
12 Агар хирадманд шавӣ, ба фоидаи худат мешавӣ,
Агар нописанд* шавӣ, азобашро худат мекашӣ.
13 Овози зани аблаҳ баланд аст.+
Ӯ сабукмағз аст ва чизеро намедонад.
14 Вай дар даҳани дари хонааш,
Дар баландиҳои шаҳр нишаста,+
15 Сӯйи раҳгузарон, онҳое, ки бо роҳи худ равонаанд,
Фарёд мезанад:
16 «Ҳар кӣ сода аст, ин ҷо биёяд».
Ӯ ба ҳар кӣ ақли расо надорад, мегӯяд:+