МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 28
Минбаъд низ худотарс бошед!
«Касе, ки бо роҳи рост равад, аз Яҳува метарсад» (ПНМ. 14:2).
СУРУДИ 32 Матину устувор бошед!
ПЕШГУФТОРa
1, 2. Мисли Лут имрӯз мо бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем?
РАФТОРИ бади одамони ин ҷаҳонро дида, худро мисли Лути росткор ҳис мекунем. Ӯ медонист, ки Падари осмониямон аз рафтори бад нафрат дорад. Барои ҳамин «аз беҳаёгии одамони бадкор ҷонаш ба танг омада буд» (2 Пет. 2:7, 8). Лут аз муҳаббату эҳтироми Яҳува ба бадрафтории одамони гирду атрофаш шарик намешуд. Мо низ дар байни одамоне зиндагӣ мекунем, ки Яҳува ва меъёрҳои ӯро писанд намекунанд. Лекин, агар Яҳуваро дӯст дорему худотарсии солимро инкишоф диҳем, ахлоқан пок монда метавонем (Пнм. 14:2).
2 Яҳува ба воситаи китоби Панднома ба мо кумак мекунад, ки пок монем. Ҳамаи масеҳиён, пиру ҷавон, зану мард, аз маслиҳатҳои бохирадонаи он манфиат мегиранд.
ХУДОТАРСӢ НИГАҲБОНИ МОСТ
3. Мувофиқи Панднома 17:3 асосан чаро мо бояд диламонро ҳимоя кунем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
3 Асосан чаро мо бояд диламонро ҳимоя кунем? Зеро Яҳува, Санҷандаи дилҳо, онро мебинад. Одамон аз дилу нияти мо бехабар бошанд ҳам, Яҳува бохабар аст. (Панднома 17:3-ро хонед.) Агар суфраи диламонро аз хиради ҷонбахши Худо пур кунем, барои заҳри дунёи Шайтон ҷо намемонем ва муҳаббати Яҳуваро соҳиб мешавем (Юҳ. 4:14; 1 Юҳ. 5:18, 19). Ҳар қадаре ба Яҳува наздик шавем, ҳамон қадар муҳаббату эҳтиромамон нисбати ӯ зиёд мегардад. Азбаски мо Яҳуваро хафа кардан намехоҳем, ҳатто фикри гуноҳ кардан бароямон нафратовар аст. Бинобар ин, вақте тухми ҳаваси гуноҳ дар диламон неш мезанад, аз худ мепурсем: «Чӣ тавр Худоро, ки ин қадар маро дӯст медорад, дидаю дониста ранҷонам?» (1 Юҳ. 4:9, 10).
4. Чӣ тавр худотарсӣ пойи хоҳареро аз доми васваса нигоҳ дошт?
4 Мартаb ном хоҳаре аз Хорватия, ки бо васвасаи бадахлоқӣ мубориза мебурд, мегӯяд: «Он лаҳзаҳо дуруст мулоҳиза кардан бароям душвор буд. Гуноҳ чунон маро ба худ мекашид, ки барои муқобилат қувват надоштам. Лекин маҳз тарси Яҳува маро аз васвасаи лаззати муваққатӣ нигаҳ дошт». Чӣ тавр худотарсӣ ӯро ҳимоя мекард? Марта мегӯяд, ки ӯ дар бораи оқибати корҳои нодуруст мулоҳиза мекард. Мо ҳам чунин карда метавонем. Ранҷондани Яҳува ва абадан гум кардани муносибат бо ӯ талхтарин оқибат мебошад (1 Мӯсо 6:5, 6).
5. Шумо аз Лео чӣ меомӯзед?
5 Одами худотарс рафтори бади худро сафед намекунад. Лео ном бародаре аз Конго инро нағз фаҳмид. Баъди чор соли таъмидаш ӯ бо ҷӯраҳои бад ҳамнишин шуд. Ӯ фикр мекард, ки то худаш ба ягон кори бад даст назанад, гуноҳ ба ҳисоб намеравад. Сад афсӯс ки, ин дӯстони бадаш ӯро ба арақхӯрӣ кашиданд ва вай ба бадахлоқӣ даст зад. Баъдтар ӯ таълиму тарбияи волидони худотарсаш ва хушбахтиеро, ки пештар дошт, ба ёд овард. Ин чӣ натиҷа овард? Ӯ ба худ омад ва бо ёрдами пирон аз одатҳои бадаш халос шуда, сӯйи Яҳува баргашт. Ҳозир ӯ пири ҷамоат ва пешрави махсус мебошад.
6. Мисоли кадом ду зани маҷозиро ҳозир дида мебароем?
6 Биёед боби нуҳуми Пандномаро дида бароем. Он ҷо гап дар бораи ду зани маҷозие меравад, ки яке аблаҳӣ, дигаре ҳикматро тасвир мекунад. (Бо Румиён 5:14 ва Ғалотиён 4:24 муқоиса кунед.) Имрӯз ҷаҳони Шайтон аз ҳавои бадахлоқӣ ва порнография нафас мекашад (Эфс. 4:19). Барои ҳамин муҳим аст, ки худотарсиро инкишоф диҳем ва аз бадӣ дур шавем (Пнм. 16:6). Суханони ин боб барои ҳамаамон судманд аст — хоҳ мард бошем, хоҳ зан. Ду зане, ки дар ин боб тасвир шудаанд, касони сода, ҳар касеро, ки «ақли расо надорад», даъват мекунанд. Ҳар дуи ин зан мегӯянд: “Ба хонаи ман биёед ва хӯрок хӯред” (Пнм. 9:1, 5, 6, 13, 16, 17). Лекин, агар таклифи якеро қабул кунӣ, оқибаташ дигар асту даъвати дигарашро қабул кунӣ, оқибаташ дигар.
БА ХОНАИ АБЛАҲӢ НАРАВЕД
7. Мувофиқи Панднома 9:13–18 бо касоне, ки таклифи «зани аблаҳ»-ро қабул мекунанд, чӣ мешавад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
7 Биёед даъвати «зани аблаҳ»-ро аз Панднома 9:13–18 хонем. Ӯ бешармона касонеро, ки ақли расо надоранд, ба хонааш даъват карда мегӯяд, ки бо ӯ хӯрок хӯранд. Оқибати касоне, ки даъваташро қабул мекунанд, марг аст, зеро «хонаи ӯ макони мурдаҳои беҷон аст». Шояд, шумо ташбеҳи ба ин монандро аз боби дуюми Панднома хонда будед. Он моро аз «зани бероҳа» ва «сабукпое» огоҳ мекунад, ки «хонаи ӯ ба коми марг фурӯ меравад» (Пнм. 2:11–19). Дар Панднома 5:3–10 бошад, дар бораи дигар «зани бероҳа» гуфта шудааст, ки «пойҳои ӯ сӯйи марг мераванд».
8. Мо чӣ интихобе дорем?
8 Касоне, ки овози «зани аблаҳ»-ро мешунаванд, интихоб доранд, ки ба он гӯш диҳанд ё не. Эҳтимол, мо низ дар интернет ё дигар ҷо бо васвасаи зино ё порнография дучор шуда овози «зани аблаҳ» ба гӯшамон расад. Он гоҳ мо чӣ кор мекунем?
9, 10. Баъзе сабабҳое, ки мо бояд аз бадахлоқӣ гурезем, кадом аст?
9 Сабабҳои муҳиме ҳаст, ки чаро мо бояд аз бадахлоқии ҷинсӣ дурӣ ҷӯем. «Зани аблаҳ» чунин мегӯяд: «Оби дуздӣ ширин аст». Дар Китоби Муқаддас муносибати маҳрамонаи зану шавҳар ба оби софу зулол монанд карда шудааст (Пнм. 5:15–18). Ҳар кас метавонад бо ҳамсари ҳаққу ҳалолаш наздикӣ карда, хурсандӣ гирад. Набошад, «оби дуздӣ» чист? Нӯшандагони «оби дуздӣ» бо касе алоқаи ҷинсӣ мекунанд, ки ҳамсарашон нест. Рафтори норавову пинҳонкоронаашон мисли дуздист. Барояшон «оби дуздӣ» ширин аст, зеро онҳо фикр мекунанд, ки ҳеҷ кас ин кори бадашонро намефаҳмад. Аммо онҳо хато мекунанд, зеро Яҳува ҳамаашро мебинад. Ҳеҷ чиз аз гум кардани розигии Яҳува талхтар нест. Ин фоҷиаи бузург ҳеҷ ҷойи ширинӣ надорад (1 Қӯр. 6:9, 10). Зинову бадахлоқӣ дигар оқибатҳои талх низ дорад.
10 Касоне, ки гирифтори балои зино мешаванд, якумр аз шармандагӣ, ҳисси нодаркорӣ, ҳомиладории нохоҳам ва пош хӯрдани оила азоб мекашанд. Барои ҳамин, агар боақл бошем, таклифи «зани аблаҳ»-ро рад мекунем. Бисёр касонеро, ки ба чанголи бадахлоқӣ афтодаанд, марги рӯҳонӣ интизор аст. Ба болои ин, онҳо ба бемориҳое мубтало мешаванд, ки оқибаташон марги аслӣ, марги бемаҳал, буда метавонад (Пнм. 7:23, 26). Боби 9-ум бо ояти 18 хулоса шудааст: «Меҳмонони вай дар чуқурии гӯр мебошанд». Набошад, барои чӣ бисёриҳо таклифи маргбори «зани аблаҳ»-ро қабул мекунанд? (Пнм. 9:13–18).
11. Чаро тамошои порнография хеле дардовар аст?
11 Як доми дигаре, ки бояд аз он гурезем, порнография мебошад. Баъзеҳо тамошои порнографияро безарар меҳисобанд, лекин оқибати он дардовар аст ва шахс ҳам ба худ ва ҳам ба дигарон эҳтиромашро гум мекунад. Одам метавонад ба он побанд шавад. Тасвирҳои бадахлоқӣ чунон ба майнаи шахс мечаспанд, ки аз онҳо халос шудан хеле мушкил аст. Тамошои порнография оташи шаҳватро хомӯш намекунад, баръакс, ба он равған мерезад (Қӯл. 3:5; Яъқ. 1:14, 15). Бисёр касоне, ки порнография тамошо мекунанд, оқибат ба бадахлоқӣ даст мезананд.
12. Чӣ тавр аз тамошои расмҳои шаҳватангез дурӣ ҷӯем?
12 Агар дар таҷҳизоти электрониятон расми порнографӣ пайдо шавад, чӣ кор бояд кунед? Онро дарҳол аз пеши назаратон дур кунед. Чӣ дар ин ба мо ёрӣ мерасонад? Агар ба ёд биёрем, ки чизи бароямон аз ҳама пурқимат дӯстӣ бо Яҳува аст. Баъзан ҳатто расмҳое, ки порнография нестанд, шахсро ба бадахлоқӣ тела дода метавонанд. Мо бояд онҳоро низ тамошо накунем, чунки намехоҳем ҳатто дар дил як қадам ба зино наздик шавем (Мат. 5:28, 29). Дэвид ном пири ҷамоате аз Таиланд мегӯяд: «Ман ҳамеша аз худ мепурсам: “Расмҳое, ки тамошо мекунам, шояд, порнография набошанд, лекин, агар онҳоро тамошо кардан гирам, ба Яҳува маъқул мешавад?” Чунин мулоҳизаронӣ ба ман кумак мекунад, ки аз рӯйи хирад амал кунам».
13. Чӣ кор кунем, ки хирад ёрамон шавад?
13 Агар мо аз ранҷондани дили Яҳува тарсем ва ин тарсро парвариш диҳем, хирад ёрамон мешавад, зеро «тарс аз Яҳува оғоз»-у бунёди «хирад аст» (Пнм. 9:10). Ин гуна «ҳикмат» ё хирад дар аввали боби 9-уми китоби Панднома чун зани дигаре тасвир ёфтааст.
ДАЪВАТИ ҲИКМАТРО ҚАБУЛ КУНЕД
14. Аз Панднома 9:1–6 боз дар бораи кадом даъват мехонем?
14 Панднома 9:1–6-ро хонед. Дар ин оятҳо даъвати Яҳува, Сарчашма ва Бунёди ҳикмат, оварда шудааст (Пнм. 2:6; Рум. 16:27). Дар ин порча хонаи калоне тасвир мешавад, ки ҳафт сутун дорад. Ин мисол нишон медиҳад, ки Яҳува саховатманд аст ва ҳар касеро, ки хиради ӯро ба кор бурданӣ аст, бо оғӯши кушода пешвоз мегирад.
15. Яҳува моро ба чӣ даъват мекунад?
15 Яҳува Рӯзидеҳи саховатманд аст. Ин хислат дар мисоли зане, ки дар боби 9-уми Панднома «ҳикмат»-ро тасвир мекунад, акс ёфтааст. Дар бораи ин зан гуфта шудааст, ки барои меҳмонон дар хонааш гӯшт тайёр кардааст, шаробро омехта намудааст ва дастархон оростааст (Пнм. 9:2). Дар оятҳои 4 ва 5 гуфта шудааст: «Ӯ ба ҳар кӣ ақли расо надорад, мегӯяд: “Биёед, нони маро бихӯред”». Чаро мо бояд ба хонаи ҳикмат оему аз дастархонаш хӯрок хӯрем? Зеро Яҳува мехоҳад фарзандонаш бохирад бошанду ранҷи беҳуда накашанд. Ӯ намехоҳад, ки мо аз таҷрибаи талхи рӯзгор бо азобу пушаймонӣ чизеро ёд гирем. Аз ин рӯ «ӯ барои росткорон хирадро нигоҳ медорад» (Пнм. 2:7). Дили одами худотарс ҳамеша дар пайи шод кардани Яҳува аст. Ӯ ба маслиҳати бохирадонаи Худо гӯш медиҳад ва онро бо омодагӣ ба кор мебарад (Яъқ. 1:25).
16. Чӣ тавр худотарсӣ ба Алан кумак кард, ки қарори бохирадона барорад ва ин чӣ натиҷа овард?
16 Биёед бинем, ки чӣ тавр худотарсӣ ба Алан кумак кард, ки қарори бохирадона кунад. Алан пири ҷамоат ва муаллими мактаб аст. Ӯ мегӯяд: «Бисёр ҳамкасбонам тамошои филмҳои порнографиро як тарзи гирифтани маълумот дар бораи алоқаи ҷинсӣ меҳисобанд». Лекин Алан бо ин фикр розӣ нест. Ӯ мегӯяд: «Аз худотарсӣ ман тамошои чунин филмҳоро қатъиян рад карда, сабабашро ба ҳамкоронам мефаҳмондам». Алан «бо роҳи фаҳм қадам» зада, ба овози «ҳикмат» гӯш дод (Пнм. 9:6). Ин рафтори ӯ ба баъзе ҳамкасбонаш чунон таъсир кард, ки онҳо омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карда, ба вохӯриҳо омадан гирифтанд.
17, 18. Касоне, ки даъвати «ҳикмат»-ро қабул мекунанд, соҳиби кадом баракат мешаванд ва дар оянда онҳоро чӣ интизор аст? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
17 Бо мисоли ду зани маҷозӣ Яҳува ба мо нишон медиҳад, ки чӣ тавр хушбахтиро ба даст орем. Касоне, ки таклифи «зани аблаҳ»-ро қабул мекунанд, диққатро ба ширинии зино ва лаззати пинҳонии он равона мекунанд. Онҳо хурсандии муваққатиро аз ояндаи хушбахтона авлотар медонанд. Охиру оқибат манзили онҳо «чуқурии гӯр» мешавад (Пнм. 9:13, 17, 18).
18 Ояндаи касоне, ки даъвати «ҳикмат»-ро қабул мекунанд, тамоман дигар аст. Меҳмонони «ҳикмат» ҳозир аз нозу неъмати хубу фоидабахш баҳра мебаранд. Ин ғизои маънавӣ дӯстияшонро бо Яҳува қувват мебахшад (Иш. 65:13). Яҳува ба воситаи пайғамбар Ишаъё гуфта буд: «Ба ман бодиққат гӯш диҳед ва чизҳои нағз бихӯред, то ҷони шумо аз хӯрокҳои серравған лаззат» барад (Иш. 55:1, 2). Ҳамин тавр мо завқу табъи худро ба хӯрдани хӯрокҳои дурусти рӯҳонӣ омӯхта мекунем: ба дӯст доштани он чӣ Яҳува дӯст медорад ва нафрат кардан аз чизе, ки Яҳува бад мебинад (Заб. 97:10). Ғайр аз ин, ба мо маъқул аст, ки дигаронро ба меҳмонии «ҳикмат» даъват кунем. Мо гӯё «аз баландиҳои шаҳр» фарёд зада мегӯем: «Ҳар кӣ сода аст, ин ҷо биёяд». Ҳам мо ва ҳам онҳое, ки ба ин даъват гӯш медиҳанд, на танҳо имрӯз, балки абадан манфиат мегирем, чунки «бо роҳи фаҳм қадам» задан сӯйи ҳаёти ҷовидона мебарад (Пнм. 9:3, 4, 6).
19. Мувофиқи Пандгӯ 12:13, 14 мо бояд ба чӣ азм дошта бошем? (Ба чорчӯбаи «Фоидаи худотарсӣ» нигаред.)
19 Пандгӯ 12:13, 14-ро хонед. Бигзор худотарсӣ доимо ҳисори гирди диламон бошад ва моро дар ин рӯзҳои бади охир покрафтору покандеш нигаҳ дорад. Биёед аз чунин тарси солим одамони ҳар чи бештарро ба меҳмонии ҳикмат даъват кунем, то аз он фоида баранд.
СУРУДИ 61 Мехоҳам, ки ба Ту дилписанд бошам
a Хизматгорони Худо бояд худотарсии солимро ёд гиранд, зеро он моро аз бадахлоқӣ ва порнография ҳимоя мекунад. Дар ин мақола мо боби 9-уми китоби Пандномаро мебинем. Дар он фарқи ду зани маҷозӣ фаҳмонда шудааст, ки яке аблаҳӣ ва дигаре ҳикматро тасвир мекунад. Мо аз шиносоӣ бо ин боб бисёр манфиат мегирем.
b Баъзе номҳо иваз шудаанд.