Юҳанно
1 Дар аввал Калом буд+ ва Калом бо Худо буд+ ва Калом илоҳӣ* буд.+ 2 Ӯ дар аввал бо Худо буд. 3 Ҳама чиз ба воситаи ӯ ба вуҷуд омад+ ва бе ӯ ҳеҷ чиз ба вуҷуд наомад.
4 Ба воситаи ӯ ҳаёт ба вуҷуд омад ва ҳаёти ӯ барои одамон нур буд.+ 5 Нур дар торикӣ медурахшад,+ вале торикӣ бар он ғолиб намеояд.
6 Шахсе ба миён омад, ки фиристодаи Худо буд, ва ӯ Яҳё+ ном дошт. 7 Ӯ ҳамчун шоҳид омад, то дар бораи нур шоҳидӣ диҳад+ ва ба воситаи ӯ ҳар гуна одамон имон оранд. 8 Худи ӯ нур набуд,+ балки барои он омад, ки дар бораи нур шоҳидӣ диҳад.
9 Нури ҳақиқие, ки ба ҳар гуна одамон равшанӣ медиҳад, бояд ба ҷаҳон меомад.+ 10 Ӯ дар ҷаҳон буд+ ва ҷаҳон ба воситаи ӯ ба вуҷуд омад,+ вале ҷаҳон ӯро нашинохт. 11 Ӯ ба назди халқи худ омад, вале онҳо ӯро қабул накарданд. 12 Аммо ба ҳамаи онҳое, ки ӯро қабул карданд, ӯ ҳақ дод, ки фарзандони Худо+ шаванд, зеро онҳо ба номи ӯ имон оварданд.+ 13 Онҳо на аз ҷисму хун ё на бо хости падари инсонӣ, балки бо хости Худо ба дунё омаданд.+
14 Калом ҷисм гардид+ ва дар миёни мо зиндагӣ кард ва мо ҷалоли ӯро дидем — ҷалолеро, ки писари ягоназод*+ аз падари худ ёфтааст. Ӯ пур аз лутфу марҳамати илоҳӣ ва ростӣ буд. 15 (Яҳё дар бораи ӯ шоҳидӣ медод ва чунин нидо мекард: «Ин ҳамонест, ки дар борааш гуфтаам: “Касе, ки аз паси ман меояд, аз ман бузургтар гаштааст, зеро ӯ пеш аз ман вуҷуд дошт”».)+ 16 Азбаски ӯ пур аз лутфу марҳамати илоҳӣ буд, ҳамаи моро аз ин лутфу марҳамат ба фаровонӣ баҳравар гардонд. 17 Зеро Худо Шариатро ба воситаи Мӯсо+ дода буду лутфу марҳамат+ ва ростиро ба воситаи Исои Масеҳ*.+ 18 Касе ҳаргиз Худоро надидааст,+ вале писари ягоназоде, ки табиати илоҳӣ дораду*+ дар паҳлуи* Падар аст,+ ӯро ба мо ошкор кард.+
19 Яҳудиён коҳинон* ва левизодагонро аз Ерусалим назди Яҳё фиристоданд, то аз ӯ пурсанд: «Ту кистӣ?»+ 20 Ӯ аз ҷавоб рӯ натофта рӯирост гуфт: «Ман Масеҳ нестам». 21 Он гоҳ онҳо аз ӯ пурсиданд: «Пас, ту кистӣ? Оё Илёсӣ?»+ Ӯ гуфт: «Не». Боз пурсиданд: «Шояд, ҳамон пайғамбаре ҳастӣ, ки дар борааш пешгӯйӣ шуда буд?»+ Ӯ ҷавоб дод: «Не!» 22 Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Набошад, ту кистӣ? Ба мо бигӯ, то ба фиристандагонамон ҷавоб диҳем. Ту дар бораи худат чӣ мегӯӣ?» 23 Яҳё ҷавоб дод: «Ман, чи тавре ки пайғамбар Ишаъё гуфта буд,+ касе ҳастам, ки дар биёбон нидо мекунад: “Роҳи Яҳуваро ҳамвор намоед”».+ 24 Он одамонро фарисиён* фиристода буданд. 25 Онҳо боз аз ӯ пурсиданд: «Агар ту Масеҳ, Илёс ё пайғамбари пешгӯйишуда набошӣ, барои чӣ мардумро таъмид медиҳӣ*?» 26 Яҳё дар ҷавоб гуфт: «Ман дар об таъмид медиҳам, аммо дар байнатон касе ҳаст, ки шумо ӯро намешиносед. 27 Ӯ касест, ки аз паси ман меояд ва ман сазовор нестам, ки ҳатто банди пойафзоли ӯро кушоям».+ 28 Ҳамаи ин дар Байт-Ҳинӣ, дар он тарафи Урдун, ки Яҳё он ҷо таъмид медод, ба амал омад.+
29 Рӯзи дигар Яҳё Исоро дид, ки сӯйи ӯ меомад, ва чунин гуфт: «Ана Барраи Худо,+ ки гуноҳи ҷаҳонро+ дур мекунад!+ 30 Ин ҳамон касест, ки дар борааш гуфтаам: “Аз паси ман касе меояд, ки аз ман бузургтар гаштааст, зеро ӯ пеш аз ман вуҷуд дошт”.+ 31 Худи ман низ ӯро намешинохтам, лекин барои он омада, дар об таъмид медиҳам, ки ӯ ба Исроил маълум гардад».+ 32 Яҳё боз чунин шоҳидӣ дод: «Ман дидам, ки рӯҳи муқаддас чун кабӯтаре аз осмон фаромада, бар ӯ қарор гирифт.+ 33 Ман ҳам ӯро намешинохтам, аммо Оне, ки маро барои дар об таъмид додан фиристод, чунин гуфта буд: “Бар касе, ки рӯҳ фаромада, қарор гирад,+ ӯ ҳамонест, ки бо рӯҳи муқаддас таъмид медиҳад”.+ 34 Ман инро дидаму шоҳидӣ додам, ки ӯ Писари Худост*».+
35 Рӯзи дигар Яҳё бо ду шогирдаш истода буд ки, 36 аз наздашон гузаштани Исоро дид ва чунин гуфт: «Ин аст Барраи+ Худо!» 37 Он ду шогирд суханони ӯро шунида аз пайи Исо равона шуданд. 38 Вақте Исо ба ақибаш нигоҳ карда, дид, ки онҳо аз паси ӯ меоянд, ба онҳо гуфт: «Ба шумо чӣ лозим аст?» Онҳо гуфтанд: «Раббӣ, ту дар кадом хона истодаӣ?» (Маънои калимаи “Раббӣ” “Устод” аст.) 39 Вай ба онҳо гуфт: «Рафтем, мебинед». Вақте бо вай рафта, дар куҷо истоданашро диданд, соат тахминан чори бегоҳ* буд ва онҳо ҳамон рӯз бо ӯ монданд. 40 Яке аз онҳое, ки суханони Яҳёро шунида аз пайи Исо рафт, Андриёс,+ бародари Шимъӯни Петрус, буд. 41 Ӯ аввал бародари худ Шимъӯнро ёфта, гуфт: «Мо Масеҳро ёфтем!»+ (Маънои калимаи «Масеҳ» «тадҳиншуда» мебошад.) 42 Андриёс ӯро назди Исо овард. Исо ба ӯ рӯ оварда, гуфт: «Ту Шимъӯн,+ писари Юҳанно ҳастӣ. Акнун ту Кифо номида мешавӣ». (Ба забони юнонӣ «Петрус*».)+
43 Рӯзи дигар Исо ба Ҷалил рафтанӣ шуд ва Филиппусро+ ёфта, гуфт: «Биёву маро пайравӣ кун». 44 Филиппус ҳам мисли Андриёс ва Петрус аз шаҳри Байт-Сайдо буд. 45 Ӯ Натанъилро+ ёфта, гуфт: «Мо он касеро ёфтем, ки дар Тавроти Мӯсо ва Навиштаҳои пайғамбарон дар борааш гуфта шудааст: ӯ — Исо, писари Юсуф,+ аст, ки аз Носира мебошад». 46 Вале Натанъил ба ӯ гуфт: «Магар аз Носира ягон чизи хуб баромада метавонад?» Филиппус ҷавоб дод: «Биё, худат мебинӣ». 47 Вақте Исо дид, ки Натанъил наздаш меояд, дар борааш гуфт: «Ана исроилии ҳақиқӣ, ки дар дил макре надорад».+ 48 Натанъил аз ӯ пурсид: «Ту маро аз куҷо медонӣ?» Исо ҷавоб дод: «Пеш аз он ки Филиппус туро даъват кунад, вақте зери дарахти анҷир нишаста будӣ, ман туро дидам». 49 Он гоҳ Натанъил гуфт: «Эй Устод, ту Писари Худоӣ*, ту Подшоҳи Исроил ҳастӣ».+ 50 Исо дар ҷавоб гуфт: «Оё барои он имон овардӣ, ки “туро зери дарахти анҷир дидам” гуфтам? Ту чизҳои аз ин бузургтарро мебинӣ». 51 Ӯ боз илова намуд: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: шумо осмони кушода ва фариштагони Худоро хоҳед дид, ки он ҷо мебароянд ва назди Фарзанди одам мефароянд».+