Юҳанно
2 Дар рӯзи сеюм дар Қоно, яке аз шаҳрҳои Ҷалил, тӯйи арӯсие барпо шуд ва модари Исо дар он ҷо буд. 2 Исо ва шогирдонашро низ ба он тӯй даъват карда буданд.
3 Вақте ки шароб кам монд, модари Исо ба ӯ гуфт: «Онҳо дигар шароб надоранд». 4 Вале Исо ба вай гуфт: «Эй зан*, барои чӣ ману ту ғами инро хӯрем? Вақту соати ман ҳоло нарасидааст». 5 Он гоҳ модараш ба онҳое, ки дар тӯй хизмат мекарданд, чунин гуфт: «Ҳар чӣ ӯ ба шумо бигӯяд, ба ҷо оред». 6 Дар он ҷо мувофиқи расму таомули покшавии яҳудиён+ барои обгирӣ шаш кӯзаи сангин буд, ки ҳар кадомаш 44 ё 66 литр* ғунҷоиш дошт. 7 Исо ба онҳо гуфт: «Ин кӯзаҳоро аз об пур кунед», ва онҳо кӯзаҳоро лабрез карданд. 8 Сипас ӯ гуфт: «Акнун каме аз он гирифта, ба сардори тӯй баред», ва онҳо бурданд. 9 Сардори тӯй аз куҷо будани шаробро намедонист, инро фақат касоне медонистанд, ки обро ба ӯ оварда буданд. Вақте ӯ оберо, ки шароб гардонда шуд, чашид, домодро фарёд карда, 10 гуфт: «Ҳар кас дар аввал шароби хубро мегузорад ва пас аз маст шудани меҳмонон бадтарашро меорад. Ту бошӣ, шароби хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ». 11 Исо дар Қонои Ҷалил ин муъҷизаи аввалинашро ба амал оварда, қудраташро* ошкор кард+ ва шогирдон ба ӯ имон оварданд.
12 Баъд аз он Исо бо модар, бародарон+ ва шогирдонаш ба Кафарнаҳум+ рафт, лекин онҳо дар он ҷо бисёр наистоданд.
13 Азбаски Иди Раҳоии+ яҳудиён наздик мешуд, Исо роҳи Ерусалимро пеш гирифт. 14 Вақте ба ибодатгоҳ даромад, касонеро дид, ки гову гӯсфанду кафтар+ мефурӯхтанд, дар он ҷо саррофон* низ буданд. 15 Исо аз банд қамчин сохта, ҳамаи онҳоро бо гову гӯсфандашон аз ибодатгоҳ пеш кард. Ӯ тангаҳои саррофонро пош дода, мизҳояшонро чаппа кард.+ 16 Ба кафтарфурӯшон бошад, гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо бароред! Хонаи Падарам барои шумо бозор нест!»+ 17 Он гоҳ шогирдон ин навиштаро ба хотир оварданд: «Рашки хонаи ту маро хоҳад хӯрд».+
18 Яҳудиён ин кори Исоро дида ба ӯ гуфтанд: «Бо чӣ аломате исбот мекунӣ,+ ки ба ин кор ҳақ дорӣ?» 19 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ин ибодатгоҳро вайрон кунед ва ман онро дар се рӯз аз нав бино мекунам».+ 20 Он гоҳ яҳудиён гуфтанд: «Ин ибодатгоҳро дар 46 сол сохтанд, ту бошӣ, онро дар се рӯз бино мекунӣ?!» 21 Вале Исо «ибодатгоҳ» гуфта, ҷисми худро дар назар дошт.+ 22 Вақте ӯ аз мурдагон зинда шуд, шогирдонаш ба хотир оварданд, ки ӯ борҳо дар ин бора ба онҳо гуфта буд.+ Он гоҳ онҳо ба навиштаҳо ва ба гуфтаҳои Исо имон оварданд.
23 Вақте Исо рӯзи Иди Раҳоӣ дар Ерусалим буд, мардуми бисёре муъҷизаҳояшро дида ба номи ӯ имон оварданд. 24 Аммо дили ӯ аз онҳо пур набуд, зеро онҳоро нағз медонист, 25 ӯ аз дили ҳар кас хабардор буд ва ҳоҷат набуд, ки касе дар бораи одамон ба ӯ шаҳодат диҳад.+