Панднома
1 Ин аст пандҳои Сулаймон,+ писари Довуд,+ подшоҳи Исроил,+
2 То шахс хирад+ ва адаб* омӯзад,
Ба суханони хирадмандона сарфаҳм равад,
3 Насиҳат+ шунида,
Дурандешӣ*,+ росткорӣ,+ пухтакорӣ* ва инсофро омӯзад,
4 Содаҳо ҳушёрӣ+
Ва ҷавонон дониш ва ақлу фаҳм ёбанд.+
5 Хирадманд бишнавад, донишаш зиёд гардад,+
6 Ва зарбулмасал, суханони пардапӯш,
Гуфтаҳои хирадмандон ва чистону муаммоҳои онҳоро фаҳмад.+
7 Тарс аз Яҳува оғози дониш аст.+
Фақат беақлон аз хираду насиҳат нафрат доранд.+
10 Эй писарам, агар гунаҳкорон туро аз роҳ бароварданӣ шаванд,
Ба гапашон надаро.+
11 Агар бигӯянд: «Бо мо биё,
То барои рехтани хун камин гирем.
Пинҳон мешавем ва барои дилхушӣ ба одамони бегуноҳ ҳамла мекунем.
12 Онҳоро зинда ба зинда мисли гӯр* фурӯ мебарем
Ва мисли қабр ба коми худ мекашем.
13 Тамоми ганҷашонро аз худ мекунем
Ва хонаҳоямонро пур аз ғанимат месозем.
14 Ҳамроҳу ҳамкисаи мо шав»,
15 Эй писарам, аз пайи онҳо нарав,
Ба роҳи онҳо по намон,+
16 Зеро пояшон барои бадкорӣ мешитобад,
Онҳо барои хунрезӣ шитоб мекунанд.+
17 Домро пеши назари паранда паҳн кардан бефоида аст.
18 Онҳо барои рехтани хун камин мегиранд,
Пинҳон мешаванд, то ҷони дигаронро бигиранд.
19 Ин аст роҳу равиши касоне, ки аз пайи моли ҳаром мешаванд,
Онро ба даст оварда ҷонашонро аз даст медиҳанд.+
20 Ҳикмат+ дар кӯча нидо мекунад,+
Дар майдонҳо овозашро баланд месозад,+
21 Дар сари кӯчаҳои серодам даъват менамояд,
Дар даҳани дарвозаҳои шаҳр мегӯяд:+
22 «То ба кай, эй содаҳо, содагиро дӯст медоред?
То ба кай, эй масхарагарон*, аз масхара лаззат мебаред?
То ба кай, эй аблаҳон, донишро бад мебинед?+
23 Ба ман гӯш диҳед ва ислоҳ шавед,+
Он гоҳ рӯҳи ман бароятон чун чашма ҷӯш мезанад,
Суханонам ба шумо маълум мешавад.+
24 Ман даъват намудам, вале шумо рад кардед,
Дастамро дароз кардам, вале касе аҳамият надод.+
25 Шумо ба маслиҳатҳои ман бепарвоӣ кардед
Ва ислоҳ шудан нахостед.
26 Ман ҳам, вақте бар саратон бало ояд, ба ҳолатон механдам,
Вақте чизе, ки аз он тарс доред, бар шумо биёяд, шуморо масхара мекунам,+
27 Вақте тарсу биматон мисли тӯфон
Ва бало бар саратон мисли тундбод биёяд,
Вақте ба ғаму нохушӣ гирифтор шавед,
28 Маро хоҳед хонд, вале ман ҷавоб нахоҳам дод,
Маро ҷустуҷӯ хоҳед намуд, вале нахоҳед ёфт,+
29 Зеро аз дониш нафрат кардед+
Ва аз Яҳува тарсиданро написандидед.+
30 Онҳо ба маслиҳати ман гӯш надоданд
Ва, ҳар боре онҳоро ислоҳ карданӣ мешудам, бепарвоӣ менамуданд.