Ирмиё
12 Эй Яҳува, хоҳ ба ту шикоят кунам
Ва хоҳ дар бораи адлу инсоф бо ту сухан ронам, ту росткорӣ,+
Аммо чаро бадкорон дар роҳҳои худ комёбанд+
Ва чаро хоинон орому осуда зиндагӣ мекунанд?
2 Ту онҳоро шинондӣ ва онҳо реша давонданд,
Онҳо нашъунамо ёфтанд ва самар оварданд.
Ту дар даҳонашон ҳастӣ, лекин аз дилу дарунашон* дурӣ.+
Онҳоро мисли гӯсфандон барои сар буридан ҷудо кун
Ва барои рӯзи куштор тайёр намо.
4 То ба кай замин хушк шавад
Ва алафи саҳроҳо пажмурда гардад?+
Аз пушти бадкории сокинони он
Ҳайвонҳою парандаҳо нест шудаанд.
Онҳо мегӯянд: «Ӯ ояндаи моро намебинад».
Ҳатто агар дар замини тинҷу ором хотирҷамъ бошӣ,
Дар ҷангалзори сердарахти лаби Урдун чӣ хоҳӣ кард?
6 Охир, ҳатто бародарони худат, хонадони падарат,
Ба ту хиёнат кардаанд.+
Онҳо бар зидди ту доду фиғон бардоштаанд.
Ҳатто агар ба ту чизҳои хуб гӯянд,
Ба онҳо бовар накун.
7 «Хонаамро тарк кардаам,+ аз мулки худ рӯй гардондаам.+
Ҷононаамро ба дасти душманонаш супурдаам.+
8 Мулкам бароям мисли шери бешазор аст.
Ӯ бар сарам наъра зад,
Барои ҳамин ӯро бад дидам.
9 Мулкам барои ман мисли парандаи рангаи соҳибчангол аст,
Парандагони дигари соҳибчангол ӯро гирд карда, ҳамла мекунанд.+
Биёед, ҷамъ шавед, эй ҳама ҳайвонҳои саҳро,
Биёеду бихӯред.+
10 Чӯпонони зиёд токзорамро хароб карданд,+
Қитъаи заминамро поймол намуданд,+
Порчаи дилписандамро ба биёбони харобазор табдил доданд.
11 Он дашти вайрона гаштааст, хушк шудааст*.
Он пеши назарам харобазор гардидааст.+
Тамоми замин харобазор гаштааст,
Вале касе диққат намедиҳад.+
12 Аз ҳама роҳҳои похӯрдаи биёбон харобгарон омаданд,
Зеро шамшери Яҳува аз як канори замин то канори дигараш фурӯ мебарад,+
Ҳеҷ кас дар амон нест.
13 Онҳо гандум коштанд, вале хор даравиданд,+
Ҷони сиёҳ канданд, вале фоидае надиданд.
Аз боиси алангаи хашми Яҳува
Аз ҳосили худ шарм хоҳанд кард».
14 Яҳува чунин мегӯяд: «Ман ба халқам Исроил мулке додаам, то онро соҳиб шавад. Тамоми ҳамсояҳои бадамро, ки ба он даст мерасонанд,+ аз заминашон решакан месозам.+ Ҳамчунин хонадони Яҳудоро аз миёни онҳо решакан мекунам, 15 вале, баъди он ки решакан созам, боз ба онҳо раҳм карда, ҳар якеашонро ба мулки меросӣ ва заминашон бармегардонам.
16 Агар онҳо роҳҳои халқи маро таълим гиранду бо номи ман қасам хӯрданро ёд гирифта, бигӯянд: “Ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам!”, ҳамон тавре ки халқамро таълим медоданд, ки ба номи Баал қасам хӯранд, он гоҳ дар миёни халқам побарҷо хоҳанд буд. 17 Вале, агар гӯш надиҳанд, ман он халқро аз беху бунаш решакан карда, нобуд месозам»,— мегӯяд Яҳува.+