Мисли Ирмиё ҳушёру бедор бимонед
«Ман [Яҳува] нисбати каломи худ бедор мемонам, то ки онро ба амал оварам» (ИРМ. 1:12, ТДН).
1, 2. Чаро «бедор» мондани Яҳува ба хусусияти дарахти бодом монанд карда шудааст?
ДАР баландиҳои Лубнон ва Исроил яке аз дарахтҳое, ки аввалин шуда гул мекунад, дарахти бодом аст. Гулҳои зебои сафед ва гулобиранги онро ҳатто дар охири моҳи январ ё аввали феврал дидан мумкин аст. Номи ибронии он аслан маънои «бедоршаванда»–ро дорад.
2 Вақте ки Яҳува Ирмиёро пайғамбар таъин кард, Ӯ барои нишон додани як фикри муҳим ин хусусияти дарахти бодомро истифода бурд. Дар аввали хизматаш Худо дар рӯъё ба пайғамбар шохаи он дарахтро нишон дод. Ин чӣ маъно дошт? Яҳува фаҳмонд: «Ман нисбати каломи худ бедор мемонам, то ки онро ба амал оварам» (Ирм. 1:11; 12, ТДН). Мисли он ки дарахти бодом барвақт бедор мешавад, Яҳува ба маънои рамзӣ «аз субҳидам» бедор шуда, пайғамбаронашро мефиристод, то халқашро аз оқибати беитоатиаш огоҳ намояд (Ирм. 7:25). Ва то иҷро шудани суханони пешгӯикардааш Ӯ ором намегирифт; Ӯ «бедор» мемонд. Дар соли 607 то эраи мо, айнан дар вақти муайянкардаи Яҳува, ҳукми Ӯ бар халқи хиёнаткори Яҳудо иҷро шуд.
3. Нисбати Яҳува мо ба чӣ боварии комил дошта метавонем?
3 Имрӯз низ Яҳува барои иҷро кардани иродааш бедор ва бодиққат аст. Ӯ сухани худро ба ҳаво намепартояд. Бодиққатии Яҳува ба шумо чӣ тавр таъсир мекунад? Оё шумо бовар мекунед, ки дар ин соли 2011 низ Яҳува барои ба иҷро расонидани ваъдаҳояш «бедор» аст? Агар мо ба боваринокии ваъдаҳои Яҳува ягон шубҳа дошта бошем, пас ҳозир айнан вақти он аст, ки аз ҳолати хоболудии рӯҳонӣ бедор шавем (Рум. 13:11). Чун пайғамбари Яҳува, Ирмиё, бедору ҳушёр мемонд. Биёед дида бароем, ки чӣ тавр ва чаро пайғамбар Ирмиё нисбати иҷрои супориши Худо бедор монд. Ин ба мо кӯмак мерасонад, то бубинем, ки чӣ тавр мо низ метавонем супориши Яҳуваро то охир иҷро кунем.
Хабари фаврӣ
4. Ҳангоми эълон кардани хабари ба ӯ супоридашуда Ирмиё бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешуд ва чаро он хабар фаврӣ буд?
4 Вақте ки Яҳува ба Ирмиё супориш дод, ки чун дидбон хизмат кунад, ӯ шояд қариб 25 сола буд (Ирм. 1:1, 2). Вале ӯ худро чун писарбачаи ҷавоне ҳис мекард, ки бо пирони халқ, шахсони солманд ва ҳокимон сухан гуфта наметавонад (Ирм. 1:6). Ӯ бояд ба халқ, хусусан ба коҳинон, пайғамбарони бардурӯғ, ҳокимон ва ҳамчунин касоне, ки бо «роҳи худ» равон буданду доимо ба Яҳува хиёнат мекарданд, ҳукмҳои даҳшатноки Яҳуваро эълон менамуд ва корҳои зишти онҳоро бо суханони тунду тез фош мекард (Ирм. 6:13; 8:5, 6). Маъбади боҳашамати шоҳ Сулаймон, ки дар ибодати ҳақиқӣ дар давоми қариб чор аср нақши асосӣ мебозид, бояд ба вайрона табдил меёфт. Ерусалим ва Яҳудо бояд харобазор мегаштанд ва сокинони он ба асирӣ бурда мешуданд. Равшан аст, ки хабаре, ки Ирмиё бояд эълон мекард, фаврӣ буд.
5, 6. а) Чӣ тавр имрӯз Яҳува синфи Ирмиёро истифода мебарад? б) Мо чиро муҳокима хоҳем кард?
5 Дар рӯзҳои мо Яҳува аз муҳаббат ба инсоният гурӯҳи масеҳиёни тадҳиншударо таъин намудааст, ки чун дидбонон амал кунанд ва аз ҳукмҳое, ки Ӯ нисбати ин ҷаҳон баровардааст, онҳоро огоҳ кунанд. Даҳсолаҳо инҷониб ин синфи Ирмиё одамонро даъват мекунад, то онҳо дарк намоянд, ки дар кадом замон зиндагӣ доранд (Ирм. 6:17). Китоби Муқаддас таъкид менамояд, ки Яҳува ҳама корро дар вақташ мекунад ва дер намемонад. Рӯзи Ӯ айнан дар вақти муайяншуда меояд, дар ҳамон вақт, ки инсоният онро интизор нест (Саф. 3:8; Марқ. 13:33; 2 Пет. 3:9, 10).
6 Дар хотир доред, ки Яҳува ба наздикӣ дунёи нави одилонаи худро барпо мекунад. Донистани ин бояд ҳам синфи Ирмиё ва ҳам гӯсфандони дигарро барангезад, ки фаврӣ будани кори мавъизаро дар ёд дошта бошанд. Ин ба шумо чӣ гуна дахл дорад? Исо қайд намуд, ки ҳар кас бояд нишон диҳад, ки оё Салтанати Худоро дастгирӣ мекунад ё не. Биёед се хислатро дида бароем, ки ба Ирмиё дар иҷрои супориши ба ӯҳда доштааш кӯмак мекарданд. Онҳо имрӯз ба мо ҳам ёрӣ мерасонанд, ки дар иҷрои супоришамон ҳушёру бедор бимонем.
Муҳаббат ба одамон
7. Фаҳмонед, ки чӣ тавр муҳаббат Ирмиёро бармеангехт, ки ба вазъиятҳои душвор нигоҳ накарда мавъиза кунад.
7 Чӣ Ирмиёро бармеангехт, ки ба вазъиятҳои душвор нигоҳ накарда мавъиза кунад? Ӯ одамонро дӯст медошт. Ирмиё медонист, ки сабаби ранҷу азоби зиёди одамон чӯпонони бардурӯғ буданд (Ирм. 23:1, 2). Донистани ин ба ӯ кӯмак менамуд, ки кори худро бо муҳаббату ҳамдардӣ иҷро кунад. Ӯ мехост, ки ҳамқавмонаш гуфтаҳои Худоро шунаванд ва зинда монанд. Ӯ чунон дар бораи онҳо ғам мехӯрд, ки аз мусибати ба сари онҳо омадаистода ҳатто гиря мекард. (Ирмиё 8:21; 9:1–ро бихонед.) Китоби Навҳаҳои Ирмиё равшан нишон медиҳад, ки ӯ ба номи Яҳува ва халқаш муҳаббати чуқур дошт ва дар бораи онҳо ғам мехӯрд (Нав. Ирм. 4:6, 9). Вақте ки шумо имрӯз одамонро «мисли гӯсфандони бе чӯпон бемадор ва пароканда» мебинед, оё намехоҳед, ки ба онҳо хабари тасаллибахши Салтанатро расонед? (Мат. 9:36).
8. Чӣ нишон медиҳад, ки ранҷу азоб Ирмиёро дилсахт накарданд?
8 Ирмиё аз дасти ҳамон одамоне, ки ба онҳо кӯмак кардан мехост, азоб мекашид, лекин ӯ ба онҳо бо бадӣ ҷавоб намедод ва дилсахт намешуд. Вай пуртоқат ва меҳрубон буд ва ҳатто нисбати шоҳи золим Сидқиёҳу ҳамин тавр муносибат мекард! Баъди он ки Сидқиёҳу ба қатл расондани ӯро фармон дод, Ирмиё ҳанӯз ба вай зориву тавалло мекард, ки суханони Яҳуваро гӯш кунад (Ирм. 38:4, 5, 19, 20). Оё муҳаббати мо ба одамон мисли муҳаббати Ирмиё қавӣ аст?
Далерии аз тарафи Худо додашуда
9. Мо аз куҷо медонем, ки далерии Ирмиё аз Худо буд?
9 Вақте ки Яҳува бори аввал бо Ирмиё сухан гуфт, вай баҳонаҷӯӣ кард. Аз ин маълум аст, ки ӯ табиатан далеру ҷасур набуд, ҳарчанд минбаъд вай ин хислатҳоро зоҳир намуд. Бале, сабаби далерии беҳамтое, ки пайғамбар Ирмиё дар давоми хизматаш зоҳир менамуд, дар асл он буд, ки ӯ пурра ба Худо такя мекард. Дар ҳақиқат, Яҳува «мисли ҷаббори пуриқтидор» бо пайғамбар буд; ӯро дастгирӣ мекард ва қувват мебахшид, ки аз ӯҳдаи иҷрои супоришаш барояд (Ирм. 20:11). Ирмиё бо далериву ҷасуриаш чунон машҳур гашта буд, ки дар давоми хизмати заминии Исо баъзеҳо дар бораи ӯ мегуфтанд, ки Ирмиё эҳё шудааст (Мат. 16:13, 14).
10. Ба кадом маъно бақияи тадҳиншудагон «бар халқҳо ва бар мамлакатҳо» таъин шудаанд?
10 Яҳува чун «Подшоҳи халқҳо» ба Ирмиё супориш дод, ки ба халқҳо ва мамлакатҳо ҳукмҳои Ӯро эълон намояд (Ирм. 10:6, 7). Вале ба кадом маъно бақияи тадҳиншудагон «бар халқҳо ва бар мамлакатҳо» таъин шудаанд? (Ирм. 1:10). Чӣ хеле ки дар гузашта ба пайғамбар Ирмиё супориш дода шуда буд, айнан ҳамин тавр ба синфи Ирмиё, яъне тадҳиншудагон аз тарафи Ҳокими Даҳр супориш дода шудааст. Ходимони тадҳиншудаи Худо ҳамин тариқ вазифадор карда шудаанд, ки бар тамоми халқҳо ва мамлакатҳо ҳукмҳои Яҳуваро эълон кунанд. Ин вазифаро ба синфи Ирмиё Худои Қодир додааст ва он бо истифодаи Каломи илҳомбахшидаи Ӯ ба таври фаҳмо эълон мекунад, ки халқҳо ва мамлакатҳои имрӯза дар вақти таъинкардаи Худо ва бо ҳамон тарзе ки Ӯ мехоҳад, решакан ва талаф хоҳанд шуд (Ирм. 18:7–10; Ваҳй 11:18). Синфи Ирмиё вазифаи худро бо қатъият иҷро мекунад ва ҳукмҳои Яҳуваро дар тамоми рӯи замин эълон мекунад.
11. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ҳангоми дучоршавӣ бо вазъиятҳои душвор суст нашуда кори мавъизаро давом диҳем?
11 Ҳайратовар нест, ки мо баъзан, ҳангоми бо мухолифат, бепарвогӣ ва вазъиятҳои душвор дучор шуданамон рӯҳафтода мешавем (2 Қӯр. 1:8). Лекин биёед мисли Ирмиё хизматамонро давом диҳем. Рӯҳафтода нашавед. Бигзор ҳар яки мо минбаъд низ ба Худо зориву илтиҷо кунад, ба Ӯ такя намояд ва «дар Худои худ қавӣ» гардида аз Ӯ кӯмак ҷӯяд (1 Тас. 2:2). Чун ходимони ҳақиқии Худо мо бояд минбаъд низ нисбати вазифаҳое, ки Худо ба мо супоридааст, бедору ҳушёр бимонем. Мо бояд иродаи қавӣ дошта бошем, ки суст нагашта, дар бораи несту нобудшавии ҷаҳони масеҳият, ки Ерусалими хиёнаткор рамзи он буд, мавъиза карданро давом диҳем. Синфи Ирмиё на танҳо «соли таваҷҷӯҳи Худованд»–ро, балки ҳамчунин «рӯзи интиқоми Худои моро» эълон мекунад (Иш. 61:1, 2; 2 Қӯр. 6:2).
Хурсандии самимӣ
12. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Ирмиё хурсандиашро нигоҳ дошт ва асосан бо кадом роҳ вай инро карда тавонист?
12 Ирмиё аз кори худ хурсандӣ мегирифт. Ӯ ба Яҳува гуфт: «Суханони Ту пайдо шуд, ва ман онҳоро фурӯ бурдам, ва каломи Ту шодии ман ва хурсандии дили ман гардид, зеро ки ман ба исми Ту, эй Худованд... номида шудаам» (Ирм. 15:16). Барои Ирмиё намояндаи Худои ҳақиқӣ будан ва каломи Ӯро мавъиза кардан шараф буд. Ҷолиби диққат аст, ки вақте ки Ирмиё ба мазоҳу масхараи одамон сахт диққат медод, хурсандиашро гум мекард. Вале вақте ки ӯ диққаташро ба зебогӣ ва муҳиммияти хабар равона мекард, аз нав хурсандӣ эҳсос мекард (Ирм. 20:8, 9).
13. Чаро барои нигоҳ доштани хурсандӣ омӯхтани ҳақиқатҳои чуқури рӯҳонӣ муҳим аст?
13 Имрӯз барои дар кори мавъиза хурсандиро нигоҳ доштан, ба мо лозим аст, ки худро бо «ғизои сахт», яъне бо ҳақиқатҳои чуқури Каломи Худо ғизо диҳем (Ибр. 5:14). Омӯзиши чуқур имонро мустаҳкам мекунад (Қӯл. 2:6, 7). Омӯзиш ба мо ёрӣ медиҳад, то фаҳмем, ки корҳои мо дар асл ба дили Яҳува чӣ гуна таъсир мерасонанд. Агар ба мо барои хондан ва омӯхтани Китоби Муқаддас вақт ёфтан душвор бошад, пас мо бояд реҷаи худро аз нав дида бароем. Агар ҳар рӯз ҳатто якчанд дақиқа барои омӯзиш ва мулоҳиза вақт ҷудо кунем, ин моро ба Яҳува наздик мекунад ва чун дар мавриди Ирмиё ба мо шодиву хурсандӣ мебахшад.
14, 15. а) Содиқона супориши худро иҷро кардани Ирмиё чӣ гуна натиҷа овард? б) Халқи Худо имрӯз дар мавриди кори мавъиза чиро дарк мекунад?
14 Ирмиё огоҳӣ ва ҳукмҳои Яҳуваро пайваста эълон менамуд ва ҳамзамон супориши ба вай додашудаи ободкунӣ ва ниҳолшинониро фаромӯш намекард (Ирм. 1:10). Кори ободкунӣ ва ниҳолшинонии ӯ самар овард. Баъзе яҳудиён ва ғайриисроилиён ҳангоми несту нобудшавии Ерусалим, дар соли 607–и то эраи мо, наҷот ёфтанд. Мо медонем, ки дар байни онҳо рекобиён, Абдумалик ва Борух буданд (Ирм. 35:19; 39:15–18; 43:5–7). Ин дӯстони содиқ ва худотарси Ирмиё онҳоеро тасвир мекунанд, ки умеди заминӣ доранду имрӯз дӯстони синфи Ирмиё мебошанд. Синфи Ирмиё аз он хурсандии зиёд мегирад, ки «анбӯҳи бузург»–ро аз ҷиҳати рӯҳонӣ обод мекунад (Ваҳй 7:9). Ба ҳамин монанд, ин ҳамроҳони содиқи тадҳиншудагон ба шахсони самимӣ барои гирифтани дониши ҳақиқат кӯмак намуда қаноатмандии бузург эҳсос мекунанд.
15 Халқи Худо дарк мекунад, ки бо мавъиза кардани хушхабар на танҳо ба одамоне, ки онро мешунаванд, хизмат мекунад, балки бо ин ҳамчунин ба Худо ибодат мекунад. Қатъи назар аз он ки мо шахсони самимиро вомехӯрем ё не чунин хизмати муқаддас ба Яҳува ба мо хурсандии зиёд меорад. (Заб. 70:23; Румиён 1:9–ро бихонед.)
Нисбати иҷрои супориши худ бедор монед!
16, 17. Чӣ тавр оятҳои Ваҳй 17:10 ва Ҳабаққуқ 2:3 нишон медиҳанд, ки мо дар вақти таъхирнопазир зиндагӣ мекунем?
16 Ҳоло мо дар замони таъхирнопазир зиндагӣ дорем. Инро бахусус ҳангоми дида баромадани пешгӯии дар Ваҳй 17:10 навишташуда фаҳмидан мумкин аст. Шоҳи ҳафтум, давлати ҷаҳонии Англияву Амрико, пайдо шуд. Дар бораи он мо мехонем: «Ҳангоме ки [давлати ҳафтуми ҷаҳонӣ] ояд, муддати каме бояд бимонад». Ҳоло ин «муддати кам» ба охир расида истодааст. Пайғамбар Ҳабаққуқ дар бораи анҷоми ин тартиботи шарирона моро эътимод мебахшад: «Рӯъё барои мӯҳлати муайян аст... онро мунтазир шав, зеро ки ҳатман ба амал хоҳад омад, таъхир нахоҳад кард» (Ҳаб. 2:3).
17 Аз худ бипурсед: «Оё ҳаёти ман дар ҳақиқат нишон медиҳад, ки мо дар замони таъхирнопазир зиндагӣ мекунем? Оё тарзи ҳаёти ман нишон медиҳад, ки ман ба наздик будани анҷоми ин тартибот боварӣ дорам? Ё қарорҳо ва чизҳои бароям муҳим нишон медиҳанд, ки ман ба наздикӣ омадани Ҳармиҷидӯнро интизор нестам ё ҳатто ман боварӣ надорам, ки он ягон вақт меояд?».
18, 19. Чаро ҳоло вақти он нест, ки мо сустӣ кунем?
18 Кори синфи дидбон ҳоло ба охир нарасидааст. (Ирмиё 1:17–19-ро бихонед.) Чӣ хурсандиовар аст, ки бақияи тадҳиншудагон чун «сутуни оҳанин» ва «шаҳри истеҳкомдор» дар азму иродаи худ устуворанд! Онҳо «бо ростӣ камар» мебанданд, яъне ба Каломи Худо мегузоранд, ки то дами ба охир расидани кори ба онҳо супоридашуда онҳоро қувват бахшад (Эфс. 6:14). Аъзоёни анбӯҳи бузург низ бо иродаи қавӣ синфи Ирмиёро дар иҷрои кори Худо супоришдода фаъолона дастгирӣ мекунанд.
19 Ҳоло вақти он нест, ки дар корҳои Салтанат сустӣ кунем, балки мо бояд дар бораи аҳамияти суханони Ирмиё 12:5 фикру мулоҳиза кунем. (Оятро бихонед.) Ҳамаи мо бо мушкилиҳо дучор мешавем, ки бояд ба онҳо тоб орем. Ин озмоишҳои имонро ба он монанд кардан мумкин аст, ки мо бо «пиёдагардон» дар давидан мусобиқа мекунем. Лекин бо наздик шудани «мусибати бузург» мушкилиҳо зиёд мешаванд (Мат. 24:21). Мубориза бо мушкилиҳои сахттаре, ки эҳтимол дар оянда мо дучор мешавем, мисли он хоҳад буд, ки мо гӯё бо «аспсаворон» мусобиқа мекунем. Дар ин сурат ба кас қуввату истодагарии бузург лозим мебуд, то ки аз онҳо ақиб намонад. Пас хуб мебуд, ки мо дар озмоишҳои ҳозира истодагарӣ намоем, зеро ин моро метавонад тайёр кунад, ки дар озмоишҳои оянда истодагарӣ кунем.
20. Шумо чӣ кор кардан мехоҳед?
20 Ҳар яки мо метавонем ба Ирмиё пайравӣ намуда, супориши мавъизакуниро бомуваффақият иҷро кунем! Чунин хислатҳо ба мисли муҳаббат, далерӣ ва хурсандӣ Ирмиёро бармеангехт, ки тӯли 67 сол содиқона ба Худо хизмат кунад. Гулҳои зебои дарахти бодом ба мо хотиррасон мекунанд, ки Яҳува нисбати ба амал овардани каломи худ «бедор» аст. Пас, мо низ бояд бедору ҳушёр бошем. Ирмиё ҳушёру бедор монд ва мо низ метавонем.
Оё шумо дар хотир доред?
• Чӣ тавр муҳаббат ба Ирмиё кӯмак мекард, ки нисбати супориши худ «бедор» бимонад?
• Чаро мо ба далерие, ки Худо медиҳад, ниёз дорем?
• Чӣ ба Ирмиё кӯмак мекард, ки хурсандиро нигоҳ дорад?
• Чаро шумо бедору ҳушёр мондан мехоҳед?
[Tасвир дар саҳифаи 31]
Оё шумо ба мухолифатҳо нигоҳ накарда мавъизакуниро давом медиҳед?