Матто
11 Пас аз он ки Исо ба 12 шогирдаш дастур дод, аз он ҷо баромада, барои таълим додану расонидани хушхабар ба шаҳрҳои гирду атроф рафт.+
2 Вақте ки Яҳё дар зиндон+ дар бораи корҳои Масеҳ шунид, шогирдони худро фиристод,+ 3 то аз ӯ бипурсанд: «Оё ту ҳамоне ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё каси дигареро интизор шавем?»+ 4 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Биравед ва он чиро, ки мебинеду мешунавед, ба Яҳё хабар диҳед:+ 5 кӯрон мебинанд,+ лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванд,+ карон мешунаванд, мурдагон зинда мешаванд ва ба камбағалон хушхабар эълон мегардад.+ 6 Хушбахт аст касе, ки ба ман шак намеорад*».+
7 Ҳамин ки онҳо рафтанд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё гуфт: «Шумо ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед?+ Магар барои дидани қамише, ки аз шамол меларзад?+ 8 Пас, барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани марде, ки дар тан либоси нафису мулоим дорад? Онҳое, ки чунин либос мепӯшанд, дар қасрҳои подшоҳон зиндагӣ мекунанд. 9 Пас, барои чӣ рафта будед? Барои дидани пайғамбар? Ба шумо мегӯям, ки ӯ, дар ҳақиқат, пайғамбар аст ва аз пайғамбар ҳам бузургтар.+ 10 Ӯ ҳамон касест, ки дар борааш навишта шудааст: “Ана, ман пешопеши ту хабаррасони худро мефиристам, то барои ту роҳ тайёр кунад!”+ 11 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар байни онҳое, ки аз зан таваллуд шудаанд, шахси бузургтаре аз Яҳёи Таъмиддиҳанда ба миён наомадааст, лекин касе, ки дар Подшоҳии осмон хурдтарин мебошад, аз вай бузургтар аст.+ 12 Аз рӯзҳои Яҳёи Таъмиддиҳанда то ба имрӯз Подшоҳии осмон мақсадест, ки одамон ҷон канда сӯйи он мешитобанд, ва онҳое, ки ин тавр мекунанд, онро ба даст оварда истодаанд,+ 13 зеро то замони Яҳё ҳам Навиштаҳои пайғамбарон ва ҳам Таврот пешгӯйӣ мекарданд, ки чӣ бояд рӯй диҳад.+ 14 Хоҳ бовар кунед, хоҳ не — ӯ ҳамон “Илёс аст, ки бояд биёяд”.+ 15 Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор гӯш диҳад.
16 Ин наслро ба кӣ монанд кунам?+ Он мисли кӯдаконест, ки дар бозорҳо нишаста, бозӣ мекунанд ва ба якдигар 17 мегӯянд: “Барои шумо най навохтем, вале шумо рақс накардед, нола кардем, вале шумо аз ғаму андуҳ ба сина назадед”. 18 Ба ин монанд, Яҳё хӯрок намехӯрад ва шароб наменӯшад, вале одамон мегӯянд: “Вай дев дорад”. 19 Фарзанди одам бошад, ҳам мехӯрад ва ҳам менӯшад,+ вале боз мегӯянд: “Ана, одами пурхӯру майпараст, дӯсти ҷамъоварони андоз ва гунаҳкорон”.+ Лекин бохирадии одам аз корҳои дурусти ӯ маълум мегардад».+
20 Сипас Исо шаҳрҳоеро, ки он ҷо аксари муъҷизаҳояшро ба амал оварда буд, сарзаниш кард, зеро онҳо тавба накарданд. 21 Ӯ гуфт: «Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт-Сайдо! Агар муъҷизаҳое, ки дар шумо нишон дода шуданд, дар Сӯру Сидӯн ба амал меомаданд, онҳо кайҳо тавба карда, палоспӯш* ва хокистарнишин мешуданд.+ 22 Аммо ман ба шумо мегӯям, ки дар Рӯзи Доварӣ ҳоли Сӯру Сидӯн аз ҳоли шумо сабуктар мешавад.+ 23 Ту низ, эй Кафарнаҳум,+ магар то ба осмон сарафроз мешавӣ? Ту ба гӯр* фурӯ меравӣ,+ зеро, агар муъҷизаҳое, ки дар ту нишон дода шуданд, дар Садӯм ба амал меомаданд, он то ба имрӯз боқӣ мемонд. 24 Аммо ба шумо мегӯям, ки дар Рӯзи Доварӣ ҳоли Садӯм аз ҳоли шумо сабуктар мешавад».+
25 Он вақт Исо чунин гуфт: «Эй Падар, Худованди замину осмон, туро дар пеши ҳама васфу ситоиш мекунам, зеро ту ин чизҳоро аз оқилону донишмандон пинҳон доштӣ ва онҳоро ба кӯдакон кушодӣ.+ 26 Оре, эй Падар, зеро ту инро маъқул донистӣ. 27 Падарам ҳама чизро ба ман супурдааст.+ Ғайр аз Падар Писарро ҳеҷ кас нағз намешиносад.+ Ҳамчунин Падарро ҳеҷ кас нағз намешиносад, ғайр аз Писар ва касе, ки Писар мехоҳад ба вай ошкор кунад.+ 28 Назди ман оед, эй заҳматкашон ва гаронборон, то ба шумо ҷони тоза бахшам. 29 Юғи* маро ба гардан гиред ва аз ман таълим ёбед, зеро ман нармдилу* хоксор ҳастам+ ва ба шумо қуввати тоза мебахшам. 30 Юғи ман қулай ва бори ман сабук аст».