БОБИ 38
Саволи Яҳё ба Исо
ЯҲЁ ФАҲМИДАН МЕХОҲАД, КИ ОЁ ИСО МАСЕҲ АСТ Ё НЕ
ИСО ЯҲЁРО ТАЪРИФУ ТАҲСИН МЕКУНАД
Як сол мешавад, ки Яҳё дар зиндон аст. Дар он ҷо ӯ дар бораи корҳои аҷоиби Исо мешунавад. Тасаввур кунед, ки вақте шогирдонаш ба Яҳё нақл мекунанд, ки Исо дар Ноин писари бевазанеро зинда кард, чӣ ҳиссиёте ӯро фаро мегирад. Лекин Яҳё мехоҳад аз даҳони худи Исо шунавад, ки ӯ Масеҳ аст. Барои ҳамин ӯ ду шогирдашро ба назди Исо мефиристад, то аз ӯ пурсанд: «Оё ту ҳамоне ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё каси дигареро мунтазир шавем?» (Луқо 7:19).
Барои чӣ Яҳё чунин савол медиҳад? Оё ӯ аз Исо шубҳа дорад? Тахминан ду сол пеш, вақте Яҳё Исоро таъмид дод, ӯ бо чашмони худ дид, ки рӯҳи Худо бар Исо мефарояд, ва бо гӯшҳои худ шаҳодати Худоро шунид. Ҳоло низ имони Яҳё суст нашудааст. Агар ин хел мебуд, баъдтар Исо ин марди худотарсро таъриф намекард. Пас, барои чӣ Яҳё ба Исо чунин савол дод?
Шояд, Яҳё мехоҳад аз худи Исо шунавад, ки ӯ Масеҳ аст. Ин ба Яҳё, ки аз занҷиру завлонаҳои зиндон хаста шудааст, қувват хоҳад бахшид. Аз афташ, чунин савол додани Яҳё сабаби дигар ҳам дорад. Шояд, ӯ ин хел фикр мекунад: «Дар Навиштаҳои Муқаддас пешгӯйӣ шудааст, ки Масеҳ подшоҳ ва халосгар мешавад. Ман бошам, моҳҳои зиёд аст, ки дар зиндонам. Оё баъди Исо боз каси дигаре меояду ҳамаи ин пешгӯйиҳоро иҷро мекунад?»
Исо ба шогирдони Яҳё рӯирост чунин намегӯяд: «Ҳа, ман ҳамонам, ки бояд биёяд». Ба ҷойи ин ӯ одамони зиёдеро аз касалиҳои гуногун шифо дода нишон медиҳад, ки ӯро Худо фиристодааст. Баъд Исо мегӯяд: «Биравед ва он чиро, ки мебинеду мешунавед, ба Яҳё хабар диҳед: кӯрон мебинанд, лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванд, карон мешунаванд, мурдагон зинда мешаванд ва ба камбағалон хушхабар эълон мегардад» (Матто 11:4, 5).
Аз саволи Яҳё хулоса баровардан мумкин аст, ки ӯ интизори чизи бештар аст — ӯ интизори он аст, ки Исо мӯъҷизаҳои аз ин ҳам бузургтар ба амал меорад ва ӯро аз зиндон озод мекунад. Лекин Исо ба Яҳё мегӯяд, ки аз корҳое, ки ӯ ҳозир карда истодааст, чизи бештареро интизор нашавад.
Вақте шогирдони Яҳё мераванд, Исо ба мардум мегӯяд, ки Яҳё пайғамбари одие нест. Ӯ ҳамон «қосид», яъне хабаррасонест, ки дар борааш дар Малокӣ 3:1, ва ҳамон Илёсест, ки дар борааш дар Малокӣ 4:5, 6, пешгӯйӣ шудааст. Исо мефаҳмонад: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар байни онҳое, ки аз зан таваллуд шудаанд, шахси аз Яҳёи Таъмиддиҳанда бузургтаре ба миён наомадааст, лекин шахсе, ки дар Подшоҳии осмон хурдтарин мебошад, аз вай бузургтар аст» (Матто 11:11).
«Шахсе, ки дар Подшоҳии осмон хурдтарин мебошад, аз вай [Яҳё] бузургтар аст» гуфта, Исо нишон медиҳад, ки Яҳё ба Подшоҳии осмон намедарояд. Яҳё барои Исо роҳ тайёр кард, лекин Исо танҳо баъд аз марги Яҳё ба осмон роҳ кушод (Ибриён 10:19, 20). Ин пайғамбари содиқ зери ҳукмронии Подшоҳии Худо дар рӯйи замин зиндагӣ хоҳад кард.