2 Петрус
3 Эй азизон, ин номаи дуюми ман аст, ки ба шумо менависам ва дар он, чун дар номаи аввалаам, мехоҳам бо хотиррасониҳо ақлатонро бедору равшан созам,+ 2 то шумо суханони* пайғамбарони поки пешин ва амреро, ки Ҳазрат ва Наҷотбахш ба воситаи расулонатон гуфтааст, дар хотир нигоҳ доред. 3 Пеш аз ҳама бидонед, ки дар рӯзҳои охир масхарагароне пайдо мешаванд, ки аз рӯйи майлу хоҳиши худ рафтор намуда,+ 4 мегӯянд: «Ваъдаи омадани* ӯ чӣ шуд?+ Аз рӯзе ки бобоёни мо ба хоби марг рафтаанд, ҳама чиз айнан ҳамон таврест, ки аз аввали офариниш буд».+
5 Онҳо дидаю дониста рад мекунанд, ки осмон аз қадим вуҷуд дошту замин бо каломи Худо аз об ҷудо шуда, дар миёни он ҷойгир буд+ 6 ва ба воситаи инҳо дунёи онвақта зери об монда ба ҳалокат расид.+ 7 Вале бо ҳамон калом осмону замини ҳозира барои оташ ва то рӯзи довариву нобудии худобехабарон нигоҳ дошта мешаванд.+
8 Аммо, эй азизон, инро фаромӯш насозед, ки дар назари Яҳува як рӯз мисли ҳазор сол аст ва ҳазор сол мисли як рӯз.+ 9 Яҳува дар иҷрои ваъдааш дер намекунад,+ чуноне ки баъзеҳо гумон мекунанд, балки бо шумо пурсабр аст, зеро нобуд шудани касеро намехоҳад. Хости ӯ ин аст, ки ҳама ба тавба рӯ оранд.+ 10 Вале рӯзи Яҳува+ монанди дузд меояд.+ Дар он рӯз осмон бо ғулғулаву ғурриш зуд мегузарад,+ қисмҳои таркибӣ бошанд, тафсида нест мегарданд ва замину корҳое, ки дар он карда мешаванд, фош мегарданд.+
11 Агар ҳамаи ин чизҳо ин тавр нест мешуда бошанд, пас, то чӣ андоза шумо бояд диққат диҳед, ки чӣ гуна инсонед! Рафтори шумо бояд пок бошад ва корҳоятон аз худотарсӣ шаҳодат диҳанд. 12 Омадани* рӯзи Яҳуваро интизор шавед ва доимо наздик будани онро дар ёд доред*.+ Он рӯз осмон аланга гирифта нест мешавад+ ва қисмҳои таркибӣ тафсида об мегарданд. 13 Вале мо мувофиқи ваъдаи ӯ интизори осмони нав ва замини нав ҳастем,+ ки дар онҳо росткорӣ ҳукмфармо мешавад*.+
14 Бинобар ин, эй азизон, модоме ки ин чизҳоро интизор ҳастед, саъю кӯшиш намоед, то Худо шуморо оқибат покизаву беайб ва дар сулҳу осоиштагӣ ёбад.+ 15 Инчунин пурсабрии Худои моро наҷот ҳисобед, чуноне ки бародари азизи мо Павлус низ аз рӯйи хираде, ки ба ӯ дода шудааст, дар ин бора ба шумо навишта буд,+ 16 ҳамон тавре ки дар ҳамаи номаҳояш менависад. Аммо баъзе чизҳои он номаҳо душворфаҳманд ва нодонону* ноустуворон он суханонро мисли дигар ҷойҳои Навиштаҳо ғалат маънидод мекунанд ва бо ин бар сари худ нобудӣ меоранд.
17 Аз ин рӯ, эй азизон, шумо, ки ин чизҳоро пешакӣ медонед, эҳтиёт шавед, то он бадкорон шуморо бо фиреби худ ба роҳи каҷ набаранд ва шумо устувориятонро аз даст надиҳед,+ 18 балки дар лутфу марҳамат ва дониши Ҳазрату Наҷотбахшамон Исои Масеҳ биафзоед. Ӯро ҳоло ва то абад ҷалол бод! Омин.