МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 41
Дарсҳои муҳим аз номаҳои Петрус
«Ман ният дорам ҳамаи чизҳои навиштаамро доимо ба шумо хотиррасон кунам» (2 ПЕТ. 1:12).
СУРУДИ 61 Мехоҳам, ки ба Ту дилписанд бошам
ПЕШГУФТОРa
1. Чанде пеш аз маргаш Петрус зери илҳоми Худо чӣ кор кард?
ПЕТРУСИ РАСУЛ дарк мекард, ки умраш ба охир расида истодааст. Тӯли даҳсолаҳои хизмати содиқонааш ӯ Исоро ҳамроҳӣ намуда буд, дарҳои нави хизматро боз карда буд ва узви ҳайати роҳбарикунанда хизмат намуда буд. Вале корҳои неки ӯ дар хизмати Яҳува бо ҳамин тамом нашуданд. Тақрибан аз солҳои 62 то 64-и милодӣ ӯ зери илҳоми илоҳӣ ду номаи худро навишт, Номаи якум ва дуюми Петрусро. Ӯ умед дошт, ки баъд аз маргаш ин номаҳо ба масеҳиён ёрӣ мерасонанд (2 Пет. 1:12–15).
2. Чаро номаҳои Петрус саривақтӣ буданд?
2 Петрус номаашро вақте навишт, ки ҳамимононаш «аз озмоишҳои гуногун ғамгин» мешуданд (1 Пет. 1:6). Бадкорон мехостанд ба ҷамоат таълимоти нодуруст ва рафтори нопокро биёранд (2 Пет. 2:1, 2, 14). Масеҳиёни Ерусалимро бошад, «охири ҳама чиз» интизор буд. Ба наздикӣ лашкари Рум Ерусалиму ибодатгоҳро нобуд мекард (1 Пет. 4:7). Бовар дорем, ки номаҳои Петрус ба масеҳиёни он замон нишон доданд, ки чӣ тавр ба сахтиҳои имрӯзашон тоб оранду ба озмоишҳои оянда тайёр шаванд.b
3. Дида баромадани номаҳои Петрус ба мо чӣ фоида меорад?
3 Ҳарчанд Петрус дар ин номаҳояш ба масеҳиёни асри як муроҷиат мекунад, Яҳува онҳоро қисми Навиштаҳои илҳомбахшидааш гардондааст, то мо низ аз онҳо фоида гирем (Рум. 15:4). Мо дар дунёе зиндагӣ дорем, ки рафтори нопокро таблиғ мекунад. Илова бар ин, бо озмоишҳое дучор мешавем, ки хизматамонро ба Яҳува душвортар мегардонанд. Ба наздикӣ мо бо азоби азиме рӯ ба рӯ мешавем, ки аз фалокате, ки бар сари Ерусалиму ибодатгоҳаш омад, бузургтар аст. Аз ин рӯ дида баромадани ёдовариҳои ин ду нома ба мо ёрдам мекунад, то рӯзи Яҳуваро дар ёд дорем, бар одамтарсӣ ғолиб оем ва ба якдигар меҳри самимию ҷӯшон инкишоф диҳем. Ҳангоми баррасии чунин ёдовариҳо пирон дида метавонанд, ки чӣ тавр ба рамаи Худо аз таҳти дил ғамхорӣ кунанд.
РӮЗИ ЯҲУВАРО ИНТИЗОР ШАВЕД
4. Мувофиқи 2 Петрус 3:3, 4 чӣ имони моро заиф гардонда метавонад?
4 Моро одамоне иҳота кардаанд, ки ба пешгӯйиҳои Каломи Худо заррае бовар надоранд. Мухолифон моро барои он масхара карда метавонанд, ки мо солҳои зиёд бесаброна интизори анҷомем. Баъзе одамон мегӯянд, ки он рӯз ҳеҷ гоҳ намеояд. (2 Петрус 3:3, 4-ро хонед.) Чунин суханонро аз ягон ҳамкор, узви оила ё дар хизмат аз даҳони соҳибхонае шунида, шояд, имонамон суст шавад. Петрус гуфт, ки дар ин ҳолат ба мо чӣ ёрдам мекунад.
5. Чӣ кор кунем, ки ба анҷом назари дуруст дошта бошем? (2 Петрус 3:8, 9).
5 Ба назар чунин тофта метавонад, ки Яҳува дар нест кардани ин дунёи бадкор сустӣ карда истодааст. Суханони Петрус назари моро ислоҳ карда метавонад. Ӯ ёдрас мекунад, ки нигоҳи Яҳува ба вақт аз нигоҳи мо фарқ дорад. (2 Петрус 3:8, 9-ро хонед.) Дар чашми Худо ҳазор сол мисли як рӯз аст. Яҳува пурсабр аст ва намехоҳад, ки касе нобуд шавад. Вале, вақте рӯзаш фаро расад, ӯ кори ин дунёи бадкирдорро тамом мекунад. Барои мо шараф аст, ки дар ин дунёи нотакрор зиндагӣ дорем. Мо метавонем бақияи вақтро барои ба тамоми халқҳо шаҳодат додан истифода барем.
6. Чӣ хел рӯзи Яҳуваро дар ёд дорем? (2 Петрус 3:11, 12).
6 Петрус моро насиҳат медиҳад, ки наздик будани рӯзи Яҳуваро дар ёд дорем. (2 Петрус 3:11, 12-ро хонед.) Чӣ тавр? Агар имкон дошта бошем, мо метавонем ҳар рӯз дар бораи баракатҳои дунёи нав андеша ронем. Тасаввур кунед шумо аз ҳавои софу тозатарин нафас мекашед, хӯроки солим мехӯред, наздиконатонро, ки аз олам чашм пӯшида буданд, аз нав мебинед ва ба одамоне, ки садсолаҳо пеш зиндагӣ мекарданд, дар бораи пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас таълим медиҳед. Агар чунин кунед, наздик будани рӯзи Яҳуваро дар ёд медореду ба хоби ғафлат намеравед. Мо пешакӣ медонем, ки дар оянда чӣ рӯй медиҳад. Аз ин рӯ намегузорем, ки муаллимони дурӯғгӯй моро бо «роҳи каҷ» баранд (2 Пет. 3:17).
БАР ОДАМТАРСӢ ҒОЛИБ ОЕД
7. Одамтарсӣ ба мо чӣ хел таъсир карда метавонад?
7 Наздик будани рӯзи Яҳуваро дар ёд дошта, мо хушхабарро ба дигарон расонда метавонем. Вале дар баъзе мавридҳо, шояд, ҷуръатамон камӣ кунад. Ба кадом сабаб? Ба сабаби одамтарсӣ. Ба ин дом Петрус низ афтода буд. Шабе, ки Исоро мурофиа мекарданд, Петрус шогирди Исо буданашро пинҳон кард. Ӯ ҳатто гаштаю баргашта гуфт, ки устодашро намешиносад (Мат. 26:69–75). Аммо ҳамин расуле, ки ба тарс дода шуда буд, баъдтар тавонист бо боварии том чунин гӯяд: «Аз он чизе, ки дигарон метарсанд, натарсед ва ба ташвиш наоед» (1 Пет. 3:14). Аз ин суханони Петрус дилпурӣ меёбем, ки мо ҳам бар одамтарсӣ ғолиб омада метавонем.
8. Чӣ хел бар одамтарсӣ дастболо шавем? (1 Петрус 3:15).
8 Чӣ ба мо ёрӣ мерасонад, ки бар одамтарсӣ ғолиб оем? Петрус ба мо мегӯяд: «Масеҳро дар дили худ Сарвар ҳисобед ва муқаддас донед». (1 Петрус 3:15-ро хонед.) Як роҳи муқаддас донистану Сарвар ҳисобидани Исо дар он аст, ки дар бораи мавқею қудрати баланди Подшоҳу Ҳазратамон Масеҳ фикр кунем. Агар фурсати шаҳодат додан пайдо шаваду шумо даступо хӯред, Подшоҳамонро ба ёд оред. Тасаввур кунед, ки ӯ дар осмон ҳукмронӣ карда истодаасту дар гирду пешаш фариштагони бешуморанд. Ба ёд биёред, ки «тамоми қудрат дар замину осмон» аз ӯст ва ӯ «ҳамеша то охирзамон бо шумо» мемонад (Мат. 28:18–20). Петрус моро ташвиқ мекунад, ки барои пуштибонӣ кардан аз эътиқодамон «доимо тайёр» бошем. Оё шумо мехоҳед дар ҷойи кор, дар мактаб ё дар ҷойи дигар ба таври ғайрирасмӣ шаҳодат диҳед. Пешакӣ фикр кунед, ки кай чунин имконият пайдо мешаваду тайёрӣ бинед, ки чӣ мегӯед. Аз Яҳува далерӣ пурсед, дилпур бошед, ки ӯ ба шумо ёрӣ мерасонад, ки бар одамтарсӣ дастболо шавед (Кор. 4:29).
«АЗ ДИЛУ ҶОН ДӮСТ ДОРЕД»
9. Чӣ тавр боре Петрус аз рӯйи муҳаббат рафтор накард? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
9 Петрус аз дилу ҷон дӯст доштанро ёд гирифт. Вақте Исо суханони зеринро ба забон овард, Петрус ҳамон ҷо буд: «Ба шумо амри наве медиҳам: якдигарро дӯст доред. Чуноне ки ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред» (Юҳ. 13:34). Бо вуҷуди ин боре Петрус ба фишори вазъият дода шуду нахост бо бародару хоҳарони ғайрияҳудияш хӯрок хӯрад. Павлуси расул чунин рафтори Петрусро дурӯягӣ номид (Ғал. 2:11–14). Петрус ислоҳи Павлусро қабул карда, аз ин воқеа дарси ибрат гирифт. Дар ҳар ду номааш Петрус таъкид мекунад, ки мо на танҳо муҳаббат дошта бошем, балки онро ба бародару хоҳарон нишон диҳем.
10. Шарҳ диҳед, ки «бародардӯстии самимӣ» аз чӣ сар мезанад. (1 Петрус 1:22).
10 Петрус мегӯяд, ки мо бояд ба ҳамимонони худ «бародардӯстии самимӣ» дошта бошем. (1 Петрус 1:22-ро хонед.) Чунин бародардӯстӣ аз итоат ба «дониши ростӣ» сар мезанад. Дониши ростӣ бошад, ба мо таълим медиҳад, ки «Худо ҳамаро бо як чашм мебинад» (Кор. 10:34, 35). Мо наметавонем ба амри Исо дар бораи дӯст доштани дигарон пурра гӯш диҳем, агар дар ҷамоат ба баъзеҳо муҳаббат нишон диҳему ба баъзе не. Албатта, мо низ мисли Исо ба баъзе одамон назар ба дигарон наздиктар буда метавонем (Юҳ. 13:23; 20:2). Вале Петрус ба мо ёдрас мекунад, ки бародардӯстӣ дошта бошем, яъне меҳри гарму самимӣ нисбати тамоми аъзои оилаи рӯҳониямон (1 Пет. 2:17).
11. Барои дигаронро «аз сидқи дил дӯст» доштан бояд чӣ кор кунем?
11 Петрус моро ташвиқ мекунад: «Якдигарро аз сидқи дил дӯст доред». «Аз сидқи дил дӯст» доштан ин ҷо маънои онро дорад, ки бо меҳре, ки табиатан дорем, қонеъ нашуда, онро нашъунамо диҳем. Масалан, агар бародаре моро бо ягон кораш хафа кунад, шояд, хоҳиши аввали мо муҳаббат нишон додан неву қасд гирифтан бошад. Вале Петрус аз Исо омӯхт, ки қасд гирифтан ба Худо маъқул нест (Юҳ. 18:10, 11). Петрус навиштааст: «Дар ивази бадӣ бадӣ ё дар ивази дашном дашном накунед. Баръакс, барои дигарон баракат хоҳед» (1 Пет. 3:9). Биёед аз рӯйи муҳаббате, ки аз сидқи дил мебарояд, амал намоему бо дигарон меҳрубону хушмуомила бошем, ҳатто бо касоне, ки моро хафа карданд.
12. а) Бо дилу ҷон дӯст доштан боз чиро дар бар мегирад? б) Видеонавори «Ягонагиро, ки атои пурқимат аст, нигоҳ доред»-ро тамошо карда, гӯед, ки шумо ба чӣ азми қавӣ доред.
12 Дар номаи якумаш Петрус ибораи ба ин монандро истифода бурда гуфт, ки «якдигарро аз дилу ҷон дӯст» дорем, чунки чунин муҳаббат як-ду хаторо неву «гуноҳҳои бисёрро рӯпӯш мекунад» (1 Пет. 4:8). Шояд, Петрус ин ҷо дарси бахшандагиеро ба ёд овард, ки аз Исо омӯхта буд. Петрус гумон мекард, ки агар бародарашро то «ҳафт бор» бахшад, бисёр одами бахшанда аст. Вале Исо ба ӯ таълим дод, ки «то 77 бор» бахшад, яъне, маротибаҳои бешумор (Мат. 18:21, 22). Агар ба кор бурдани ин маслиҳат пеш бароятон душвор буд, ғамгин нашавед. Бисёр хизматгорони Худо гоҳ-гоҳ дар бахшидани дигарон душворӣ мекашанд. Агар ҳозир барои бахшидани бародаратон ва оштӣ шудан бо ӯ қадамҳои лозима гузоред, кори хубе мекунед.c
ПИРОН, РАМАИ ХУДОРО ЧӮПОНӢ КУНЕД
13. Ба кадом сабаб барои пирон чӯпонӣ кардани рамаи Худо душвор шуда метавонад?
13 Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки Петрус суханонеро, ки Исо баъди зинда шуданаш гуфта буд, аз ёд набаровард: «Барраҳои маро чӯпонӣ кун» (Юҳ. 21:16). Агар шумо пири ҷамоат бошед, медонед, ки ин амр ба шумо низ дахл дорад. Ба пирон барои ба иҷрои супориши муҳимашон вақт ёфтан баъзан душвор аст. Пирон аввали аввал бояд ба оилаи худ аз ҷиҳати ҷисмонӣ, рӯҳонӣ ва равонӣ ғамхорӣ кунанд. Онҳо ҳамчунин дар кори мавъиза роҳбариро ба уҳда мегиранду дар ҷамъомадҳо ва анҷуманҳо бо супоришу нутқҳо баромад мекунанд. Баъзе пирон супоришҳои иловагӣ ба дӯш доранд, масалан, узви Кумитаҳои кор бо беморхонаҳо ҳастанд ё ба Шуъбаи маҳаллии лоиҳакашӣ ва сохтмон ёрдам медиҳанд. Пирон дар ҳақиқат серкоранд.
14. Чӣ ба пирон қувват бахшида метавонад, ки рамаро чӯпонӣ кунанд? (1 Петрус 5:1–4).
14 Петрус, ки худаш пир буд, ба дигар пирон чунин насиҳат дод: «Рамаи Худоро. . . чӯпонӣ намоед». (1 Петрус 5:1–4-ро хонед.) Пирони азиз, мо медонем, ки шумо бародару хоҳаронатонро дӯст медореду мехоҳед онҳоро чӯпонӣ кунед. Вале аз сабаби хастагӣ, шояд, шумо фикр кунед, ки аз уҳдаи ин супоришатон намебароед. Дар ин ҳолат бояд чӣ кор кунед? Дилатонро ба Яҳува холӣ кунед. Петрус навишта буд: «Агар касе хизмат мекарда бошад, бигзор ба қувваи Худо такя кунад» (1 Пет. 4:11). Бародару хоҳарон баъзан бо душвориҳое дучор мешаванд, ки дар ин дунёи бад ҳалли пурраи худро намеёбанд. Вале фаромӯш накунед, ки дар чунин вазъиятҳо дасти шумо кӯтоҳ бошад ҳам, дасти «чӯпони бузург», Исои Масеҳ кӯтоҳ нест. Ӯ ҳам имрӯз ва ҳам дар дунёи нав ба бародару хоҳарон ёрӣ мерасонад. Яҳува аз пирон фақат ҳаминро талаб дорад, ки бародару хоҳаронашонро дӯст доранд, онҳоро чӯпонӣ кунанд ва «барои рама ибрат» гузоранд.
15. Чӣ тавр як пир ба воизон ғамхорӣ мекард? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
15 Пири таҷрибадоре бо номи Вилям медонад, ки хабаргирӣ то чӣ дараҷа муҳим аст. Ҳангоми сар задани COVID-19 ӯву дигар пирон азми қавӣ карданд, ки ҳар як узви гурӯҳашонро ҳар ҳафта хабар мегиранд. Ӯ сабаби ин корашонро мефаҳмонад: «Бисёр бародару хоҳарон бо фикру андешаҳояшон танҳо буданд. Дар чунин вазъият онҳо ба осонӣ ба чоҳи ғам афтода метавонистанд». Вақте бародар ё хоҳаре ягон ғам дорад, Вилям бодиққат ӯро гӯш мекунад, то дардашро фаҳмад. Баъд ӯ маълумоти даркориро, одатан видеонавореро аз сомонаамон ёфта, ба бародар ё хоҳар мефиристад. Ӯ мегӯяд: «Хабаргирӣ аз пештара дида ҳозир бештар даркор аст. Мо барои ягон касро бо Яҳува шинос кардан ин қадар ҷон меканем, дар баробари ин мо бояд заҳмати бисёр кашем, то ба баррачаҳои Яҳува кумак расонем, ки дар роҳи ростӣ монанд».
ГУЗОРЕД, КИ ЯҲУВА ТАЪЛИМАТОНРО БА ОХИР РАСОНАД
16. Баъзе роҳҳои ба кор бурдани маслиҳатҳо аз номаҳои Петрус кадоманд?
16 Мо танҳо якчанд дарсеро дида баромадем, ки аз номаҳои илҳомбахшидаи Петрус ёфтан мумкин аст. Шояд шумо пай бурдед, ки аз кадом ҷиҳат беҳтар шуда метавонед. Шумо ба чӣ қарор омадед? Оё мехоҳед дар бораи баракатҳои дунёи нав бештар андеша кунед? Оё мақсад мондед, ки дар ҷойи кор, мактаб ё дар дигар ҷо ғайрирасмӣ шаҳодат диҳед? Оё роҳҳои навро дидед, ки дар бародардӯстӣ ва муҳаббати самимӣ афзуда метавонед? Пирон, оё шумо азми қавӣ доред, ки рамаи Худоро аз таҳти дил ва бо завқу шавқ чӯпонӣ кунед? Агар шумо дилсанҷӣ карда, баъзе сустиҳоро дар худ пай бурдед, ғамгин нашавед. «Ҳазрати мо меҳрубон аст», ӯ дар роҳи беҳбудӣ мададгори шумост (1 Пет. 2:3). Петрус моро дилпур месозад: «Худи Худо. . . таълиматонро ба охир мерасонад. Ӯ шуморо устувору қавӣ мегардонад ва побарҷо мегузорад» (1 Пет. 5:10).
17. Агар то охир устувор монему гузорем, ки Яҳува моро таълим диҳад, чӣ натиҷа ба даст меорем?
17 Боре Петрус худро лоиқи он надонист, ки ҳамроҳи Писари Худо бошад (Луқ. 5:8). Вале бо кумаку роҳнамоии Исо Петрус тавонист чун пайрави Масеҳ устувор монад. Оқибат Петрус «ба Подшоҳии ҷовидонаи Ҳазрат ва Наҷотбахшамон Исои Масеҳ» роҳ ёфт (2 Пет. 1:11). Чӣ мукофоти олие! Агар шумо низ устувор монеду гузоред, ки Яҳува шуморо таълим диҳад, соҳиби мукофоти бузурге мешавед — ҳаёти ҷовидонӣ. Имонатон «оқибат шуморо наҷот медиҳад» (1 Пет. 1:9).
СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо
a Дар ин мақола мо аз ду номаи Петрус якчанд дарсҳоро дида мебароем. Маълумоти фаҳмидаамон ёрдам мекунад, ки дар озмоишҳо истодагӣ кунем. Ҳамчунин пирон мебинанд, ки чӣ тавр дар бораи рамаи Худо ғамхорӣ кунанд.
b Эҳтимоли зиёд аст, ки масеҳиёни Фаластин ҳар ду номаи Петрусро пеш аз ҳамлаи аввали румиён ба Ерусалим гирифтанд, ки соли 66-уми милодӣ рӯй дод.
c Дар сомонаи jw.org видеонавори зеринро тамошо кунед: «Ягонагиро, ки атои пурқимат аст, нигоҳ доред».