1 Юҳанно
5 Ҳар кӣ ба Масеҳ будани Исо имон дорад, фарзанди Худост+ ва ҳар кӣ Ҳаётбахшро дӯст дорад, фарзандони ӯро низ дӯст медорад. 2 Агар Худоро дӯст дорем ва амрҳояшро ба ҷо орем, мефаҳмем, ки фарзандонашро низ дӯст медорем.+ 3 Муҳаббат ба Худо ин аст, ки амрҳои ӯро ба ҷо орем,+ ва амрҳои ӯ гарон нестанд,+ 4 зеро ҳар кӣ* фарзанди Худост, бар ҷаҳон ғолиб меояд+ ва ғалабае, ки мо бар ҷаҳон ба даст овардем, аз имони мост.+
5 Кӣ метавонад бар ҷаҳон ғолиб ояд,+ ғайр аз касе, ки ба Писари Худо* будани Исо имон дорад?+ 6 Исои Масеҳ бошад, ба воситаи об ва хун омад; бале, на танҳо бо об,+ балки бо об ва бо хун,+ ва рӯҳ дар ин бора шаҳодат медиҳад,+ зеро рӯҳ ростист. 7 Инак, се шоҳид ҳаст — 8 рӯҳ,+ об+ ва хун,+ ва ҳар сеи онҳо шаҳодати якхела медиҳанд.
9 Бешубҳа, шаҳодати Худо аз шаҳодати одамон, ки мо ба он бовар мекунем, бузургтар аст, зеро худи Худо дар бораи Писараш шаҳодат медиҳад. 10 Касе, ки ба Писари Худо* имон дорад, шаҳодати Худо дар дили ӯст. Касе, ки ба Худо имон надорад, Худоро дурӯғгӯй мебарорад,+ зеро вай ба шаҳодати Худо дар бораи Писараш имон намеорад. 11 Шаҳодати Худо бошад, чунин аст: Худо ба мо ҳаёти ҷовидонӣ дод+ ва мо ин ҳаётро ба воситаи Писари ӯ соҳиб шуда метавонем.+ 12 Ҳар кӣ бо Писар ягонагӣ дорад, соҳиби ҳаёти ҷовидонист. Ҳар кӣ бо Писари Худо* ягонагӣ надорад, ин ҳаётро соҳиб нест.+
13 Эй касоне, ки ба номи Писари Худо* имон овардед!+ Ин чизҳоро ба шумо менависам, то бидонед, ки ҳаёти ҷовидониро соҳиб ҳастед.+ 14 Дилпурии мо дар он аст, ки, агар чизеро мувофиқи хости Худо пурсем,+ ӯ моро мешунавад.+ 15 Мо медонем, ки ҳар чизе аз ӯ пурсем, ӯ моро мешунавад, ва дилпурем, ки чизҳои пурсидаамонро ба даст меорем.+
16 Агар касе бубинад, ки бародараш гуноҳе мекунад, ки оқибаташ марг нест, бояд барои бародараш дуо гӯяд ва Худо ба ӯ ҳаёт медиҳад.+ Ин ба касоне дахл дорад, ки оқибати гуноҳашон марг нест. Лекин гуноҳе ҳаст, ки оқибаташ марг аст,+ ва ман намегӯям, ки дар бораи касе, ки чунин гуноҳро мекунад, дуо гӯед. 17 Ҳар гуна бадкорӣ гуноҳ аст,+ лекин гуноҳе ҳаст, ки оқибаташ марг нест.
18 Мо медонем, ки ягон фарзанди Худо ҳаёти гунаҳкорона ба сар намебарад, балки Писари Худо* ӯро нигаҳбонӣ мекунад ва Иблис* бар ин шахс қудрат надорад*.+ 19 Мо медонем, ки аз Худо ҳастем, лекин тамоми ҷаҳон дар таги дасти Иблис* аст.+ 20 Вале мо медонем, ки Писари Худо* омад+ ва ба мо хирад бахшид, то дар бораи Худои ҳақиқӣ дониш гирем. Мо ба воситаи Писараш Исои Масеҳ бо Худо, бо Худои ҳақиқӣ ва сарчашмаи ҳаёти ҷовидонӣ,+ ягонагӣ дорем.+ 21 Эй фарзандони азизам, аз бутҳо дурӣ ҷӯед.+