-
Бетарафии сиёсӣ чист?То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
2. Чӣ тавр бетарафиамонро нишон дода метавонем?
Мисли Исо мо ба сиёсат дахолат намекунем (Юҳанно 6:15). Боре муъҷизаи Исоро дида мардум ӯро подшоҳ карданӣ шуданд, лекин ӯ нахост. Чаро? Ӯ баъдтар гуфт: «Подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест» (Юҳанно 18:36). Мо ба Исо пайравӣ карда, бетараф мемонем. Масалан, мо дар ҷанг иштирок намекунем. (Мико 4:3-ро хонед.) Ҳарчанд мо рамзҳои давлатро, ба мисли парчам, ҳурмату эҳтиром мекунем, онҳоро парастишу ситоиш наменамоем (1 Юҳанно 5:21). Ғайр аз ин, мо вакилон ё ҳизбҳои сиёсиро тарафдорӣ намекунем ва ба онҳо зид намебароем. Бо ин ва дигар роҳҳо мо нишон медиҳем, ки Подшоҳии Худоро пурра тарафдорӣ мекунем.
-
-
Бетарафии сиёсӣ чист?То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
4. Дар фикру рафтор бетараф бошед
1 Юҳанно 5:21-ро хонед. Сипас ВИДЕОРО тамошо кунед ва ба саволҳо ҷавоб диҳед.
Чаро Айенге қарор дод, ки узви ҳизби сиёсӣ намешавад ва дар маросимҳои сиёсӣ, ба мисли дар назди парчам қасам ёд кардан, иштирок намекунад?
Ба фикри шумо, ин қарори ӯ дуруст буд?
Боз дар кадом ҳолатҳо ба мо бетарафиро нигоҳ доштан душвор буда метавонад? ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.
Чӣ тавр мо ҳангоми тамошои бозиҳои варзишии байналхалқӣ бетараф монда метавонем?
Вақте сиёсатмадорон қароре қабул мекунанд, ки ба ҳаёти мо таъсир мерасонад, чӣ тавр бетараф буда метавонем?
Чӣ тавр воситаҳои ахбор ва шиносонамон ба мо халал расонда метавонанд, ки бетараф бошем?
-