2 Подшоҳон
15 Баъд аз ҳамаи ин чунин шуд, ки Абшолӯм барои худ аробаву аспон гирифт ва 50 нафар пешопеши ӯ медавиданд.+ 2 Абшолӯм барвақт бархоста, дар сари роҳи дарвозаҳои шаҳр+ меистод. Вақте ягон кас бо даъво ба назди подшоҳ меомад,+ Абшолӯм ӯро ҷеғ зада мегуфт: «Ту аз кадом шаҳр ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб медод: «Бандаат аз фалон қабилаи Исроил аст». 3 Он гоҳ Абшолӯм мегуфт: «Даъвои ту ҳақ асту рост, аммо подшоҳ касе надорад, ки арзи туро шунавад». 4 Ӯ мегуфт: «Кошки ман довари ин сарзамин мебудам! Он гоҳ ҳар касе, ки арзу шикояте дорад, назди ман меомад ва ман ба доди ӯ мерасидам».
5 Агар шахс ба наздаш омада, таъзим карданӣ мешуд, Абшолӯм дасташро дароз карда ӯро нигоҳ медошт ва мебӯсид.+ 6 Абшолӯм бо ҳама исроилиёне, ки барои доварӣ ба назди подшоҳ меомаданд, чунин мекард ва дили мардуми Исроилро мерабуд.+
7 Пас аз гузаштани чор сол* Абшолӯм ба подшоҳ гуфт: «Илтимос, иҷозат деҳ, ки ба Ҳебрӯн+ рафта, назреро*, ки ба Яҳува карда будам, иҷро намоям, 8 зеро бандаат, ҳангоме ки дар Ҷашури+ Арам* мезист, назри+ махсус карда гуфта буд: “Агар Яҳува маро ба Ерусалим баргардонад, ман ба Яҳува қурбонӣ меорам*”». 9 Подшоҳ ба ӯ гуфт: «Бирав ва дар амони Худо бош». Абшолӯм хеста, ба Ҳебрӯн рафт.
10 Абшолӯм пинҳонӣ одамонашро ба ҳамаи қабилаҳои Исроил фиристода, гуфт: «Вақте садои шохро шунавед, эълон намоед: “Абшолӯм дар Ҳебрӯн+ подшоҳ шуд!”» 11 Бо Абшолӯм аз Ерусалим 200 нафар рафта буданд. Онҳо даъват шуда буданд ва ҳамроҳи Абшолӯм аз дили соф рафта аз таги гап бехабар буданд. 12 Вақте Абшолӯм қурбонӣ овард, ӯ ба назди Аҳитӯфали+ ҷилӯӣ, маслиҳатгари*+ Довуд, кас фиристод, то аз шаҳраш Ҷилӯ+ биёяд. Шумораи мардуме, ки ба шӯриши Абшолӯм ҳамроҳ гашт, торафт зиёд мешуд.+
13 Пас аз чанде хабаррасоне ба назди Довуд омада, гуфт: «Дили исроилиён сӯйи Абшолӯм моил шудааст». 14 Довуд дарҳол ба ҳамаи ходимонаш, ки бо ӯ дар Ерусалим буданд, гуфт: «Биёед тезтар гурезем,+ ки аз дасти Абшолӯм ягонтои мо халос намешавад! Шитоб кунед, мабодо ӯ ба зудӣ моро дарёб кунад ва ба сарамон фалокат ораду шаҳрро бо дами шамшер зарба занад!»+ 15 Ходимон ба подшоҳ гуфтанд: «Ҳар чизе хоҷаамон подшоҳ дуруст шуморад, бандагонаш ба ҷо меоранд».+ 16 Подшоҳ бо тамоми хонаводааш аз он ҷо рафт ва танҳо даҳ суррияашро*+ барои нигоҳубини қасраш монд. 17 Подшоҳ роҳи худро бо тамоми одамоне, ки аз пасаш берун омаданд, давом дод ва онҳо дар Байт-Марҳақ бозистоданд.
18 Ҳамаи ходимони шоҳ, тамоми каритиёну фалитиён+ ва 600 нафар ҷаттиёне,+ ки ҳамроҳаш аз Ҷат+ омада буданд, аз пеши подшоҳ гузаштанд. 19 Подшоҳ ба Иттойи ҷаттӣ+ гуфт: «Бо мо рафтанат чӣ даркор аст? Баргард ва бо подшоҳи нав зиндагӣ кун, чунки ту ғариб ҳастӣ ва аз замини худ ҳам ронда шудаӣ. 20 Ту дина омадиву чаро ман имрӯз гузорам, ки бо мо саргардон шавӣ? Ҳол он ки худам намедонам, ки куҷо меравам. Баргард ва бародаронатро низ бо худ бигир, бигзор Яҳува ҳамеша ба ту меҳру вафо кунад!»+ 21 Аммо Иттой ба подшоҳ гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, ва ба ҳаёти хоҷаам подшоҳ қасам ки, ҳар ҷое, ки хоҷаам подшоҳ бошад, бандаат низ, хоҳ зиндаю хоҳ мурда, дар ҳамон ҷо хоҳад буд».+ 22 Он гоҳ Довуд ба Иттой+ гуфт: «Ин хел бошад, гузар». Иттойи ҷаттӣ ҳамроҳи тамоми одамонашу кӯдакон гузашт.
23 Ҳангоме ки тамоми ин мардум аз водии Қидрӯн мегузашт, аҳли он замин бо овози баланд мегирист. Подшоҳ назди водии Қидрӯн+ меистод, тамоми мардум бошад, ба тарафи роҳи биёбон мегузашт. 24 Содӯқ+ низ бо ҳамаи левизодагон,+ ки сандуқи+ аҳди Худоро мебардоштанд,+ дар он ҷо буд. Онҳо сандуқи Худоро поён фароварданд ва Абётор+ низ, то даме ки тамоми одамон аз шаҳр баромада, водиро гузаштанд, дар он ҷо буд. 25 Лекин подшоҳ ба Содӯқ гуфт: «Сандуқи Худоро гашта ба шаҳр баред.+ Агар ман дар назари Яҳува писанд бошам, ӯ маро низ бармегардонад ва мегузорад, ки онро ва маконашро бубинам.+ 26 Аммо, агар ӯ гӯяд: “Ман аз ту розӣ нестам”, бигзор бо ман чизе, ки дар назараш писанд бошад, бикунад». 27 Подшоҳ ба Содӯқи коҳин гуфт: «Магар ту ғайбдон+ нестӣ? Бо хотири ҷамъ ҳамроҳи Абётор ба шаҳр баргард ва бигзор писарат Аҳимаасу Юнотони+ писари Абётор бо шумо бираванд. 28 Ман бошам, хабари шуморо дар назди пастобҳои биёбон интизор мешавам».+ 29 Содӯқу Абётор сандуқи Худоро ба Ерусалим бурданд ва дар ҳамон ҷо истоданд.
30 Довуд ба кӯҳи Зайтун+ баромада гиря мекард, ӯ сарашро пӯшонда буд ва пойи луч мерафт. Ҳамаи одамони ҳамроҳаш низ сари худро пӯшонда буданд ва гирён роҳ мерафтанд. 31 Ба Довуд гуфтанд: «Аҳитӯфал низ бо Абшолӯм+ забон як кардааст».+ Он гоҳ Довуд гуфт: «Эй Яҳува,+ илтимос, чунин бикун, ки маслиҳати Аҳитӯфал аблаҳона тобад!»+
32 Вақте Довуд ба болои кӯҳ, ки мардум дар он ҷо ба Худо саҷда мекард, расид, Ҳушойи+ аркӣ+ бо либоси чокзада ва хок бар сар ба пешвозаш баромад. 33 Довуд ба вай гуфт: «Агар бо ман равӣ, борамро сабук намекунӣ. 34 Беҳтараш, ба шаҳр баргашта, ба Абшолӯм чунин бигӯ: “Ман, эй подшоҳ, бандаи ту ҳастам. Пеш ман бандаи падарат будам, ҳоло бошад, бандаи туям”.+ Агар чунин кунӣ, нақшаи Аҳитӯфалро барбод медиҳӣ.+ 35 Коҳинон Содӯқ ва Абётор бо ту хоҳанд буд. Ҳар чиро дар хонаи подшоҳ шунавӣ, ба коҳинон Содӯқ ва Абётор хабар деҳ.+ 36 Писаронашон, Аҳимааси+ писари Содӯқ ва Юнотони+ писари Абётор, низ бо онҳоянд, ҳар чиро, ки бишнавӣ, ба воситаи онҳо ба ман хабар деҳ». 37 Бинобар ин Ҳушойи дӯсти Довуд,+ ҳангоме ки Абшолӯм ба Ерусалим ворид мешуд, ба шаҳр омад.