Луқо
17 Сипас Исо ба шогирдонаш гуфт: «Чизҳое, ки одамонро ба гуноҳ тела медиҳанд, ҳатман пайдо мешаванд, лекин вой бар ҳоли касе, ки ба воситаи ӯ ин чизҳо ба миён меоянд! 2 Барои вай беҳтар мебуд, ки санги калони осиёро ба гарданаш овехта, ба баҳр партоянд, назар ба он ки ӯ яке аз хурдонро ба гуноҳ тела диҳад.+ 3 Ба худатон диққат диҳед. Агар бародарат гуноҳ кунад, ӯро сарзаниш намо+ ва, агар тавба кунад, ӯро бубахш.+ 4 Ҳатто агар дар як рӯз ҳафт бор бар зидди ту гуноҳ кунад ва ҳафт бор ба наздат омада, “тавба кардам” гӯяд, ӯро бубахш».+
5 Он гоҳ расулон ба Ҳазрат гуфтанд: «Имони моро зиёд гардон».+ 6 Ҳазрат дар ҷавоб гуфт: «Агар шумо ба андозаи донаи хардал* имон медоштеду ба ин дарахти шоҳтут “Решакан гашта, дар миёни баҳр шинонда шав!” мегуфтед, он гапатонро мегирифт.+
7 Кадоме аз шумо ба ғуломи худ, ки аз шудгор кардани замин ё аз чӯпонӣ бармегардад, чунин мегӯяд: “Зудтар ин ҷо омада, дар сари дастархон шин”? 8 Баръакс, магар намегӯяд: “Бароям хӯроки шом тайёр кун ва, то вақте ки мехӯраму менӯшам, миён баста, ба ман хизмат кун ва баъд аз он худат бихӯру бинӯш”? 9 Оё хӯҷаин аз ғуломи худ барои иҷрои вазифааш миннатдор мешавад? 10 Ба ин монанд, шумо низ пас аз иҷрои ҳама вазифаҳоятон чунин гӯед: “Мо ғуломони ночиз ҳастем ва кореро кардем, ки бояд мекардем”».+
11 Исо ҳангоми ба Ерусалим рафтанаш аз байни Сомария ва Ҷалил мегузашт. 12 Вақте ба деҳае медаромад, ӯро даҳ марди махавӣ диданд. Онҳо аз дур истода,+ 13 фарёд заданд: «Исо, Устод, ба мо раҳм кун!» 14 Исо онҳоро дида гуфт: «Рафта, худро ба коҳинон нишон диҳед».+ Онҳо рафтанд ва, ҳанӯз ки дар роҳ буданд, аз махав пок шуданд.+ 15 Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, бо овози баланд Худоро шукр гуфт ва назди Исо баргашт. 16 Ӯ пеши пойи Исо рӯй ба замин афтода, аз ӯ миннатдорӣ кард. Он мард сомарӣ+ буд. 17 Он гоҳ Исо гуфт: «Магар даҳ нафар пок нагашта буд? Пас, нуҳ нафари дигар куҷоянд? 18 Наход, ғайр аз ин марде, ки аз миллати дигар аст, ягон нафаре барнагашт, то Худоро шукр гӯяд?» 19 Баъд ба он мард гуфт: «Бархезу бирав, имонат туро шифо дод».+
20 Вақте фарисиён аз Исо пурсиданд, ки Подшоҳии Худо кай меояд,+ ӯ ҷавоб дод: «Подшоҳии Худо тавре намеояд, ки ба назари ҳама намоён бошад 21 ва одамон бигӯянд: “Он дар ин ҷост!” ё “Дар он ҷост!”, зеро Подшоҳии Худо дар миёни шумост».+
22 Баъд ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Вақте мерасад, ки шумо дидани яке аз рӯзҳои Фарзанди одамро орзу мекунед, вале намебинед. 23 Одамон ба шумо мегӯянд: “Ӯ дар он ҷост!” ё “Дар ин ҷост!” Набароед ва аз пайи онҳо наравед,+ 24 зеро, чи тавре ки дар вақти дурахши барқ осмон аз як канор то канори дигараш равшан мегардад, дар вақти ошкор шудани Фарзанди одам+ низ ҳамон тавр мешавад.+ 25 Вале ӯ дар аввал бояд бисёр азоб кашад ва ин насл ӯро рад кунад.+ 26 Чунон ки дар рӯзҳои пайғамбар Нӯҳ буд,+ дар рӯзҳои Фарзанди одам низ ҳамон хел мешавад:+ 27 одамон то вақти ба киштӣ даромадани Нӯҳ+ мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанду шавҳар мекарданд, вале баъд Тӯфон омада, ҳамаро несту нобуд кард.+ 28 Ба ин монанд, дар рӯзҳои Лут+ низ одамон мехӯрданду менӯшиданд, мехариданду мефурӯхтанд, кишт мекарданду хона месохтанд, 29 вале дар рӯзе, ки Лут аз Садӯм баромад, аз осмон оташ ва кибрит* борида, ҳамаро нобуд кард.+ 30 Дар вақти ошкор шудани Фарзанди одам низ ҳамон тавр мешавад.+
31 Дар он рӯз касе, ки дар болои бом асту чизу чорааш дар хона аст, бигзор барои гирифтани он поён нафарояд ва касе, ки дар саҳрост, ба хона барнагардад. 32 Зани Лутро ба хотир оред.+ 33 Ҳар кӣ ҷонашро нигоҳ доштан хоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар кӣ ҷонашро аз даст диҳад, онро нигоҳ медорад.+ 34 Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре, ки дар як бистар хобанд, яке бурда мешаваду дигаре мемонад.+ 35 Аз ду зане, ки бо як осиё орд мекунанд, яке бурда мешаваду дигаре мемонад». 36 *—— 37 Он гоҳ онҳо аз ӯ пурсиданд: «Эй Ҳазрат, ин дар куҷо мешавад?» Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳар ҷо ҷасади мурда бошад, уқобон дар ҳамон ҷо ҷамъ меоянд».+