Забур
Дар ҳаққи Сулаймон.
72 Худоё, ба подшоҳ фаҳми ҳукмҳоятро бидеҳ
Ва ба писари подшоҳ адолатпарварии худро ато кун.+
3 Бигзор кӯҳҳо ба халқ осоиштагӣ оранд
Ва мардум аз адолати теппаҳо баҳравар шаванд.
4 Бигзор подшоҳ бечорагони халқро пуштибонӣ кунад,
Бигзор фарзандони камбағалро наҷот бахшад
Ва фиребгарро шикаст диҳад.+
8 Қаламрави ӯ аз канори як баҳр то канори баҳри дигар
10 Подшоҳони Таршиш ва ҷазираҳо хироҷ хоҳанд дод,+
Подшоҳони Сабо ва Сибо туҳфаҳо пешкаш хоҳанд кард.+
11 Тамоми подшоҳон пеши ӯ таъзим хоҳанд кард
Ва ҳамаи халқҳо ба ӯ хизмат хоҳанд намуд.
12 Ӯ бечораеро, ки нола мекунад
Ва бенавову бепушту паноҳро халосӣ хоҳад дод.
13 Ба камбағалу бечора раҳм хоҳад кард
Ва ҷони мискинро наҷот хоҳад дод.
14 Онҳоро аз зулму ситам халос хоҳад кард,
Хунашон дар назари ӯ гаронбаҳо хоҳад буд.
15 Бигзор ӯ зинда бошад ва тиллои Саборо соҳиб шавад.+
Бигзор доимо дар ҳаққи ӯ дуо гӯянд
Ва тамоми рӯз ӯро дуои нек кунанд.
Ҳосили ӯ мисли ҷангали Лубнон бузург мешавад+
Ва дар шаҳрҳо одамон мисли сабзаи замин нашъунамо меёбанд.+
Бигзор одамон ба воситаи ӯ баракат ёбанд,+
Бигзор ҳама халқҳо ӯро хушбахт хонанд.
Омин ва омин.
20 Ин ҷо дуоҳои Довуди писари Исой+ ба охир расиданд.