Забур
71 Ба ту, эй Яҳува, паноҳ мебарам.
Ҳаргиз нагузор, ки шарманда шавам.+
2 Аз рӯйи адолатат маро наҷот деҳ ва раҳо кун.
Гӯши худро сӯйи ман хам намо ва маро халосӣ деҳ.+
3 Бароям қалъаи сангин бош,
Ки ҳама вақт дар он паноҳ бурда тавонам.
Амр фармо, то ман наҷот дода шавам,
Зеро ту кӯҳпора ва қалъаи манӣ.+
4 Худои ман, маро аз дасти бадкор раҳо кун,+
Аз чанги золими бедодгар халосӣ бахш,
5 Зеро ту умеди манӣ, эй Яҳува, Парвардигор!
Аз навҷавонӣ пушту паноҳи ман ҳастӣ.+
6 Аз шиками модар ба ту такя мекардам.
Ту будӣ, ки маро аз шиками модарам берун овардӣ,+
Туро доимо ситоиш мекунам.
7 Бисёриҳо ба ман чунин менигаранд, ки гӯё муъҷизае бошам,
Аммо ман медонам, ки ту паноҳгоҳи мустаҳками манӣ.
8 Даҳонам пур аз ҳамду санои туст,+
Рӯзи дароз аз ҷалолат ҳикоят мекунам.
10 Душманонам бар зидди ман сухан мегӯянд,
Онҳое, ки қасди ҷонамро доранд, забон як мекунанд+
11 Ва мегӯянд: «Худо ӯро партофтааст.
Аз паяш шуда, ӯро дастгир кунед, зеро халосгаре надорад».+
12 Худоё, аз ман дур набош.
Эй Худоям, ба кумакам бишитоб.+
13 Бигзор мухолифонам шармсор гашта, нобуд шаванд.+
Бигзор бадхоҳонам ҷомаи нанг ва расвоӣ дар бар кунанд!+
14 Аммо ман доимо умедвор хоҳам буд.
Туро пайваста шукру сипос хоҳам гуфт.
15 Даҳонам аз росткорият ҳикоят хоҳад намуд.+
Тамоми рӯз аз корҳои наҷотбахшат сухан хоҳам гуфт,
Ҳарчанд ҳисобу шуморашон аз ақлам берун аст.+
16 Ман омада, дар бораи корҳои бузургат хоҳам гуфт,
Эй Яҳува, Парвардигор.
Росткории туро, танҳо туро, зикр хоҳам намуд.
18 Ҳатто вақте пиру мӯйсафед шавам, маро тарк накун, эй Худо.+
Бигзор, то ба насли наврас дар бораи дасти пурқувватат
Ва ба насли оянда дар бораи қудратат нақл кунам.+
19 Росткории ту, эй Худо, азиму воло аст.+
Ту корҳои бузурге кардаӣ.
Худоё, кист монанди ту?+
20 Ҳарчанд бар сари ман азобу сахтиҳои бисёр овардаӣ,+
Ба ман дубора ҷон бахш,
Маро аз қаъри замин берун барор.+
21 Худоё, бузургиямро зиёд гардон,
Маро ҳимоя кун ва дилбардорӣ намо.
22 Он гоҳ дар васфи ту соз хоҳам навохт,
Зеро ту Худои бовафоӣ.+
Бо чанг дар васфат хоҳам суруд*,
Эй Худои Поки Исроил.