Матто
23 Пас аз ин Исо ба мардум ва ба шогирдонаш муроҷиат карда гуфт: 2 «Шариатдонон ва фарисиён ҷойи Мӯсоро гирифтаанд. 3 Бинобар ин ба гуфтаашон кунеду ба кардаашон не, зеро онҳо ба гуфтан мегӯянду худашон намекунанд.+ 4 Онҳо борҳои вазнинро баста, ба китфи одамон мемонанд,+ вале худашон ин борҳоро бо ангушташон ҳам ҷунбонидан намехоҳанд.+ 5 Ҳама корашон барои худнамоист.+ Онҳо қуттичаҳои оятдори* худро, ки чун тӯмор мебанданд,+ калонтар намуда, шилшилаи либосҳояшонро дарозтар мекунанд.+ 6 Ба онҳо маъқул аст, ки дар зиёфатҳо болонишин бошанду дар ибодатхонаҳо ҷойҳои беҳтаринро* гиранд+ 7 ва дар бозорҳо одамон ба пешвозашон бароянд ва онҳоро Устод номанд. 8 Лекин шумо набояд Устод номида шавед, зеро як Устод доред,+ ҳамаи шумо бошед, бародаронед. 9 Беш аз ин, касеро дар рӯйи замин Падар наномед, зеро шумо танҳо як Падар доред,+ ки дар осмон аст. 10 Ҳамчунин нагузоред, ки шуморо Пешво номанд, зеро шумо як Пешво доред, ки Масеҳ аст. 11 Бигзор ҳар кӣ дар байнатон бузургтар аст, хизматгузори шумо бошад.+ 12 Ҳар кӣ худро аз дигарон боло гирад, паст мегардад+ ва ҳар кӣ худро кам гирад, сарбаланд мешавад.+
13 Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон ва фарисиёни дурӯя, зеро шумо дарвозаҳои Подшоҳии осмонро ба рӯйи одамон баста, на худатон ба он медароеду на ба касоне, ки даромадан мехоҳанд, роҳ медиҳед.+ 14 *——
15 Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон ва фарисиёни дурӯя,+ зеро баҳр ва хушкиро давр мезанед, то ақаллан як нафарро ба дини худ дароред ва, чун ба мақсад мерасед, ӯро аз худ ду баробар зиёд сазовори он мегардонед, ки ба водии Ҳиннӯм* партофта шавад.
16 Вой бар ҳоли шумо, эй роҳнамоёни кӯр,+ ки мегӯед: “Агар касе ба ибодатгоҳ қасам хӯраду онро иҷро накунад, ҳеҷ гап нест, аммо, агар ба тиллои ибодатгоҳ қасам хӯрад, ҳатман бояд қасамашро ба ҷо орад”.+ 17 Эй бефаҳмон ва кӯрон, чӣ муҳимтар аст: тилло ё ибодатгоҳе, ки тиллоро муқаддас мегардонад? 18 Ҳамчунин шумо мегӯед: “Агар касе ба қурбонгоҳ қасам хӯраду онро иҷро накунад, ҳеҷ гап нест, аммо, агар ба қурбонии қурбонгоҳ қасам хӯрад, ҳатман бояд қасамашро ба ҷо орад”. 19 Эй кӯрон, чӣ муҳимтар аст: қурбонӣ ё қурбонгоҳе, ки қурбониро муқаддас мегардонад? 20 Бинобар ин ҳар кӣ ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, ба он ва ба ҳар чизе, ки бар он аст, қасам мехӯрад. 21 Ҳар кӣ ба ибодатгоҳ қасам хӯрад, ба ибодатгоҳ ва ба Оне, ки дар он сокин аст,+ қасам мехӯрад. 22 Ҳар кӣ ба осмон қасам хӯрад, ба тахти Худо ва ба Нишинандаи он қасам мехӯрад.
23 Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон ва фарисиёни дурӯя, зеро аз пудина, шибит ва зира даҳяк медиҳеду+ он чиро, ки дар Шариат муҳимтар аст, яъне адолат,+ раҳм+ ва вафодориро, зери по мекунед. Ба шумо лозим буд, ки ҳам ин чизҳоро ба ҷо меовардед ва ҳам ба дигараш беаҳамиятӣ намекардед.+ 24 Эй роҳнамоёни кӯр,+ шумо нӯшокиятонро полида хомӯшакро мегиреду+ шутурро фурӯ мебаред!+
25 Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон ва фарисиёни дурӯя, зеро беруни пиёлаву табақро тоза мекунед,+ ҳол он ки дарунашон пур аз чашмгушнагӣ*+ ва нафспарастист.+ 26 Эй фарисии кӯр, аввал даруни пиёлаву табақро тоза кун, то ки беруни он ҳам пок гардад.
27 Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон ва фарисиёни дурӯя,+ зеро шумо монанди қабрҳои сафедкардае ҳастед,+ ки аз берун зебо метобанду аз дарун пур аз устухонҳои мурдагон ва ҳар гуна нопокиянд. 28 Мисли ин, шумо аз берун ба чашми мардум росткор метобед, аммо аз дарун пур аз дурӯягиву бадкориед.+
29 Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон ва фарисиёни дурӯя,+ зеро барои пайғамбарон мақбараҳо сохта ва қабрҳои росткоронро оро дода,+ 30 чунин мегӯед: “Агар мо дар замони бобоёни худ зиндагӣ мекардем, ба онҳо шарик шуда хуни пайғамбаронро намерехтем”. 31 Бо ин суханон шумо худро айбдор мекунед, ки писарони кушандагони пайғамбарон ҳастед.+ 32 Пас, косаи гуноҳҳои бобоёни худро лабрез кунед.
33 Эй морон ва афъизодагон,+ аз ҳукми ба водии Ҳиннӯм*+ партофта шудан чӣ тавр гурехта метавонед? 34 Ман ба назди шумо пайғамбарон,+ хирадмандон ва омӯзгоронро+ мефиристам. Шумо баъзеи онҳоро мекушед+ ва дар сутун ба қатл мерасонед, баъзеи дигарро дар ибодатхонаҳои худ қамчинкорӣ мекунеду+ шаҳр ба шаҳр аз пасашон сур мекунед.+ 35 Ҳамин тавр тамоми хуни ба замин рехтаи росткорон бар гардани шумост: аз хуни Ҳобили+ росткор то хуни Закарёи писари Баракё, ки шумо ӯро дар байни муқаддасгоҳу қурбонгоҳ куштед.+ 36 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ин насл барои тамоми гуноҳҳояш ҷазо мегирад.
37 Оҳ Ерусалим, Ерусалим, шаҳре, ки пайғамбаронро мекушӣ ва онҳоеро, ки наздат фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ!+ Чанд бор хостам кӯдаконатро ҷамъ орам, чи тавре ки мурғ чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, аммо ту нахостӣ.+ 38 Инак, Худо ин хонаро* тарк мекунад*.+ 39 Ба шумо мегӯям, ки дигар маро намебинед, то даме ки нагӯед: “Барака ёбад касе, ки ба номи Яҳува меояд”».+