5 Мӯсо
28 Агар ту ба овози Худоят Яҳува бодиққат гӯш андозӣ ва ҳама амрҳои ӯро, ки имрӯз ба ту мефармоям, як ба як иҷро намоӣ, Худоят Яҳува туро аз ҳамаи халқҳои замин баландтар мегузорад.+ 2 Агар ба овози Худоят Яҳува доимо гӯш диҳӣ, ин баракатҳо бар ту меоянд ва туро фаро мегиранд:+
3 Ту дар шаҳр бобаракат хоҳӣ буд ва дар саҳро бобаракат хоҳӣ буд.+
4 Фарзандонат бобаракат хоҳанд буд+ ва ҳосили заминат, насли чорво, насли гову молат бобаракат хоҳад буд.+
5 Сабади ту+ ва карсони ту бобаракат хоҳад буд.+
6 Ҳам вақти даромадан ва ҳам вақти баромаданат бобаракат хоҳӣ буд.
7 Яҳува душманонатро, ки бар зидди ту бармехезанд, дар пешат шикаст медиҳад.+ Онҳо бо як роҳ ба ту ҳамла мекунанд, вале бо ҳафт роҳ аз пешат мегурезанд.+ 8 Яҳува ба анборҳоят баракат мефиристад+ ва ҳар як коратро баракат медиҳад ва ӯ туро дар замине, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, соҳиби баракат мегардонад. 9 Вақте ту пайваста амрҳои Худоят Яҳуваро иҷро намоӣ ва бо роҳҳои ӯ биравӣ, Яҳува туро халқи муқаддаси худ мегардонад,+ ҳамон тавре ки ӯ қасам хӯрда буд.+ 10 Он гоҳ ҳама халқҳои рӯйи замин мефаҳманд, ки номи Яҳува бар ту хонда шудааст+ ва онҳо аз ту хоҳанд тарсид.+
11 Яҳува ба ту дар замине, ки Худоят Яҳува ба бобоёнат қасам хӯрдааст, ки ба ту медиҳад,+ фарзандони зиёд ва чорвои бисёру замини серҳосил ато мекунад.+ 12 Яҳува барои ту анбори некуи худ, осмонро, мекушояд, то ба замини ту дар мавсимаш борон биборонад+ ва ҳама корҳои туро баракат диҳад. Ту ба халқҳои бисёр қарз хоҳӣ дод, вале худат қарз нахоҳӣ гирифт.+ 13 Яҳува туро сар мегардонад, на дум. Ту дар боло хоҳӣ буд,+ на дар поён, агар пайваста амрҳои Худоят Яҳуваро, ки имрӯз ба ту мефармоям, ба ҷо орӣ. 14 Аз ҳамаи суханоне, ки имрӯз ба ту мефармоям, ба тарафи рост ё чап нагард+ ва аз пайи худоёни дигар нараву онҳоро парастиш накун.+
15 Вале, агар ба овози Худоят Яҳува гӯш надиҳӣ ва ҳама амру фармудаҳои ӯро, ки имрӯз ба ту мефармоям, ба ҷо наорӣ, ҳамаи ин лаънатҳо бар сарат меоянд ва туро фаро мегиранд:+
16 Ту ҳам дар шаҳр ва ҳам дар саҳро гирифтори лаънат мешавӣ.+
17 Сабади ту+ ва карсони ту гирифтори лаънат мешавад.+
18 Фарзандони ту,+ ҳосили заминат ва насли гову молат+ гирифтори лаънат мешаванд.
19 Ҳам вақти даромадан ва ҳам вақти баромаданат гирифтори лаънат мешавӣ.
20 Дар ҳар коре, ки карданӣ шавӣ, Яҳува бар сарат лаънат, воҳима ва ҷазоро мефиристад, то даме ки нобуд гардӣ ва дар як дам нест шавӣ, зеро ту ба бадкорӣ даст задӣ ва маро тарк намудӣ.+ 21 Яҳува бемориро бар ту мечаспонад, то даме аз замине, ки онро соҳиб мешавӣ, несту нобуд гардӣ.+ 22 Яҳува туро бо сил, табларза,+ газак, гармии сӯзон, шамшер,+ гармсел ва мағор+ зарба мезанад. Онҳо аз думат сур мекунанд, то даме ки нест шавӣ. 23 Осмони болои сарат мис ва замини таги поят оҳан мегардад.+ 24 Яҳува борони заминатро ғубору хок мегардонад ва онҳо аз осмон бар сарат меборанд, то даме ки нест шавӣ. 25 Яҳува туро пеши душманонат шикаст медиҳад.+ Ту бо як роҳ ба онҳо ҳамла мекунӣ, вале бо ҳафт роҳ аз онҳо мегурезӣ. Ҳоли туро дида, ҳама мамлакатҳои замин ба даҳшат хоҳанд омад.+ 26 Ҷасадҳои шумо барои ҳар парандаи осмон ва ҷонвари рӯйи замин хӯрок мешавад ва касе нахоҳад буд, ки онҳоро биронад.+
27 Яҳува туро ба пучакҳои Миср, варамҳо*, қубоъ* ва хоришак гирифтор месозад, ба тавре ки аз онҳо шифо ёфта натавонӣ. 28 Яҳува туро ба девонагӣ, кӯрӣ+ ва воҳима* гирифтор месозад 29 ва ту мисли кӯре, ки дар торикӣ даст-даст карда роҳ меравад, дар рӯзи равшан даст-даст карда роҳ меравӣ.+ Ҳеҷ корат барор нахоҳад ёфт ва туро доим фиреб хоҳанд намуд, ғорат хоҳанд кард ва ту ба халосгар зор мешавӣ.+ 30 Ту духтареро номзад хоҳӣ кард, то ӯро ба занӣ бигирӣ, вале марди дигаре ӯро таҷовуз хоҳад кард. Хона бино хоҳӣ кард, вале дар он нахоҳӣ зист.+ Токзор хоҳӣ шинонд, вале аз ҳосили он нахоҳӣ хӯрд.+ 31 Говатро дар пеши чашмат мекушанд, аммо худат аз гӯшти он намехӯрӣ. Харатро аз пешат медузданд ва он назди ту барнамегардад. Гӯсфандонат ба дасти душманонат супурда мешаванд ва ту ба халосгар зор мешавӣ. 32 Писарон ва духтаронат дар пеши чашмат ба дасти дигар халқ дода мешаванд.+ Чашмат ба раҳашон чор мешавад, вале аз дастат чизе нахоҳад омад. 33 Ҳосили замин ва самари меҳнататро халқи дигаре хоҳад хӯрд, халқе, ки ту онро намешинохтӣ.+ Туро ҳамеша фиреб дода, бар ту ситам хоҳанд кард. 34 Ту аз он чӣ чашмонат мебинанд, девона хоҳӣ шуд.
35 Яҳува зонуҳо ва почаҳоятро ба пучакҳо гирифтор хоҳад намуд. Аз кафи по то фарқи сар пур аз пучакҳо мешавӣ ва ту аз онҳо шифо намеёбӣ. 36 Яҳува туро ҳамроҳи подшоҳе, ки бар худ таъйин намоӣ, ба дасти халқе месупорад, ки на ту онро мешинохтӣ, на бобоёнат,+ ва дар он ҷо ту худоёни дигарро парастиш хоҳӣ кард, худоёни чӯбин ва сангинро.+ 37 Дар ҷое ки Яҳува туро бурдааст, ту хандахаришу масхараи тамоми халқҳо хоҳӣ шуд ва ҳар кӣ ҳоли зоратро бубинад, ба даҳшат хоҳад афтод.+
38 Дар саҳро тухмии бисёр ҳам бикорӣ, ҳосили кам хоҳӣ гирифт,+ зеро малах онро хоҳад хӯрд. 39 Токҳо шинонда, онҳоро парвариш мекунӣ, вале аз ҳосили онҳо шароб нахоҳӣ нӯшид ва чизе нахоҳӣ чид,+ зеро онҳоро кирм хоҳад хӯрд. 40 Дар тамоми заминат дарахтони зайтун хоҳанд буд, вале бар баданат як чакра равған ҳам нахоҳӣ молид, зеро меваҳои зайтун норасида, хоҳанд рехт. 41 Ту писарону духтарон ба дунё меорӣ, вале онҳо ба асирӣ бурда мешаванд ва ҳамроҳи ту намемонанд.+ 42 Селаҳои ҳашарот ба дарахтон ва ҳосили заминат ҳамла мекунанд. 43 Ғарибе, ки дар миёни туст, торафт баланд хоҳад шуд ва ту торафт паст хоҳӣ гардид. 44 Ӯ ба ту қарз хоҳад дод, вале ту ба вай қарз нахоҳӣ дод.+ Ӯ сар хоҳад шуд, вале ту дум хоҳӣ буд.+
45 Тамоми ин лаънатҳо бар сарат меоянд,+ аз пасат сур мекунанд ва туро фаро мегиранд, то даме ки нест шавӣ,+ зеро ба овози Худоят Яҳува гӯш надодӣ ва амру фармудаҳои ӯро ба ҷо наовардӣ.+ 46 Онҳо бар ту ва насли ту доимо чун аломат ва огоҳӣ хоҳанд монд,+ 47 зеро ту, бо вуҷуди фаровонӣ доштан аз ҳар ҷиҳат, Худоят Яҳуваро бо шодӣ ва хушии дил напарастидӣ.+ 48 Яҳува бар зидди ту душманонро мефиристад ва ту гушнаву+ ташна ва нимлучу камбизоат хизмати онҳоро ба ҷо меорӣ.+ Худо бар гарданат юғи* оҳанӣ мегузорад, то даме ки нест шавӣ.
49 Яҳува бар зидди ту аз ҷойи дурдаст, аз кунҷи замин, халқеро бармехезонад,+ ки мисли уқоб+ ҳамла мекунад, халқеро, ки забонашро намефаҳмӣ,+ 50 халқи бераҳмеро, ки пиронро ҳурмат намекунад ва дилаш ба ҷавонон намесӯзад.+ 51 Онҳо бачаҳои ҳама чорвоят ва ҳосили заминатро фурӯ мебаранд, ба тавре ки хонахароб гардӣ. Онҳо як дона ғалла, як чакра шароб ё равған ва ҳеҷ як гову гӯсфандатро боқӣ намегузоранд ва туро несту нобуд мекунанд.+ 52 Онҳо ҳама шаҳрҳоятро муҳосира хоҳанд намуд ва ту андаруни шаҳрҳоят маҳкам хоҳӣ буд, то даме ки деворҳои баланд ва мустаҳкамат, ки ту ба онҳо такя мекунӣ, фурӯ резанд. Онҳо дар саросари замине, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, ҳама шаҳрҳоятро муҳосира мекунанд.+ 53 Он вақт ту фарзандони худро, ки Худоят Яҳува ба ту ато кардааст, хоҳӣ хӯрд. Ту дар вазъияти даҳшатангезе, ки ҳангоми муҳосира ба вуҷуд омадааст, гӯшти бадани писарону духтаронатро хоҳӣ хӯрд.+
54 Ҳатто марди аз ҳама нозуктабиату нозпарвард дар миёни шумо ба бародари худ, ба зани азизи худ ё ба фарзандонаш, ки боқӣ монанд, раҳм нахоҳад кард. 55 Ӯ гӯшти фарзандони худро танҳо хоҳад хӯрд ва онро ба дигарон нахоҳад дод, зеро вазъият дар даруни шаҳрҳоят ба сабаби муҳосира хеле бад мешавад ва, азбаски душманонат шаҳрҳои туро ба танг меоранд, чизи хӯрдание боқӣ намемонад.+ 56 Зани нозуктабиату нозпарвард дар миёни шумо, ки аз нозукмиҷозияш дилаш намешавад кафи пояшро ба замин гузорад,+ ба шавҳари азизаш ё духтару писараш раҳм нахоҳад кард. 57 Ӯ ҳатто ба ҳамроҳаке, ки аз миёни пойҳояш мебарояд ва ба фарзандоне, ки мезояд, раҳм нахоҳад кард ва онҳоро пинҳонӣ хоҳад хӯрд, зеро ба сабаби муҳосираи душманон, вазъияти шаҳрҳоят хеле бад хоҳад буд.
58 Агар ту ҳама суханони ин Шариатро, ки дар ин китоб навишта шудаанд, як ба як ба ҷо наорӣ+ ва аз ин номи пуршукӯҳ ва ваҳмангез,+ яъне аз номи Худоят Яҳува,+ натарсӣ, 59 Яҳува ба ту ва насли ту зарбаҳои даҳшатангез ва азиму давомнок хоҳад расонид.+ Ӯ туро бо бемориҳои сахту тӯлонӣ зарба хоҳад зад. 60 Ӯ ҳама бемориҳои Мисрро, ки аз онҳо метарсидӣ, бар сари ту меорад ва онҳо ба ту мечаспанд. 61 Ғайр аз ин, Яҳува ҳатто ҳама балоҳо ва бемориҳоеро, ки дар бораашон дар ин китоби Таврот* навишта нашудааст, бар сарат меорад, то даме ки ту нобуд шавӣ. 62 Агарчи мисли ситораҳои осмон сершумор шавед,+ шумораи хеле каматон боқӣ мемонад,+ зеро ки ба овози Худоятон Яҳува гӯш надодед.
63 Чи тавре ки Яҳува аз обод гардондану сершумор карданатон шодӣ мекард, ҳамон тавр Яҳува бо хурсандӣ шуморо несту нобуд месозад ва шумо аз замине, ки онро бояд соҳиб гардед, решакан мешавед.
64 Яҳува туро дар миёни ҳама халқҳо, аз як канори замин то канори дигари он пароканда месозад+ ва дар он ҷойҳо ту худоёни чӯбин ва сангинро парастиш хоҳӣ кард, худоёнеро, ки на ту мешинохтӣ, на бобоёнат.+ 65 Ту дар миёни он халқҳо оромӣ нахоҳӣ дошт+ ва ҳатто кафи поят дам нахоҳад гирифт. Яҳува ба ту дили беқарору чашмони хаставу чор хоҳад дод+ ва дар вуҷудат ваҳмро ҷо хоҳад кард.+ 66 Ҷонат дар хатар хоҳад буд, ту шабу рӯз дар тарсу ваҳм хоҳӣ зист ва аз зинда монданат дилпур нахоҳӣ буд. 67 Аз тарсе, ки дилатро пахш кунад, ва аз он чӣ чашмонат бубинанд, саҳаргоҳон хоҳӣ гуфт: “Кошки бегоҳ мешуд!”, ва бегоҳӣ хоҳӣ гуфт: “Кошки саҳар мешуд!” 68 Яҳува туро бо киштӣ ба Миср мебарад, бо роҳе, ки дар бораи он ба ту гуфта будам: “Онро дигар намебинӣ”. Шумо дар он ҷо худро ба душманонатон ба ғуломӣ ва канизӣ хоҳед фурӯхт, вале ҳеҷ кас шуморо харидорӣ нахоҳад кард».