Подшоҳе, ки рӯҳи Худо бар вай аст, баракатҳои фаровон меорад!
«Бар Ӯ Рӯҳи Худованд ... қарор хоҳад гирифт» (ИШ. 11:2).
1. Оиди проблемаҳои ин ҷаҳон баъзеҳо чӣ мегӯянд?
«ДАР ҷаҳоне, ки дар он бетартибии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳукмфармост, оё инсоният метавонад боз 100 соли дигар вуҷуд дошта бошад?». Ин саволро соли 2006 астрофизик Стивен Хокинг дода буд. Дар як мақолаи рӯзномаи «Ню стейтсмен» гуфта мешуд: «Мо натавонистем, ки камбағаливу қашшоқиро бартараф намоем ва дар тамоми дунё сулҳро пойдор созем. Баръакс, мо аз афташ, натиҷаҳои тамоман муқобилро ба даст овардем. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо кӯшиш накардем. Мо ҳама чизро санҷидем: аз коммунизм то иқтисоди бозоргонӣ, аз Лигаи Миллатҳо то истеҳсоли яроқи ядроӣ (барои нигоҳ доштани сулҳ). Бо мақсади хотима додани ҷангҳо мо чунон ҷангҳои зиёд ба амал овардем, ки ҳоло равшан аст: мо намедонем чӣ тавр ба ҷанг хотима диҳем».
2. Чӣ тавр Яҳува ба қарибӣ чун Ҳокими қонунии замин амал хоҳад кард?
2 Чунин суханон ходимони Яҳуваро ба ҳайрат намеоранд. Мувофиқи Китоби Муқаддас одамон чунин офарида нашудаанд, ки аз болои худ ҳукмронӣ кунанд (Ирм. 10:23). Танҳо Яҳува Ҳокими комилҳуқуқи мо аст. Ва фақат Ӯ ҳуқуқ дорад, ки барои мо меъёрҳо муқаррар кунад, маънои ҳаёти моро муайян созад ва барои мувофиқи он зиндагӣ кардан ба мо роҳнамоӣ кунад. Илова бар ин, ба қарибӣ Ӯ ҳокимияти худро истифода бурда, ба кӯшишҳои нобарори ҳукмронии инсонӣ хотима хоҳад гузошт. Ҳамчунин Яҳува ҳамаи онҳоеро, ки ҳокимияти қонунии Ӯро рад карда дар ғуломии гуноҳ, нокомилӣ ва «худои ин дунё», Шайтон Иблис, монданро беҳтар медонанд, несту нобуд хоҳад кард (2 Қӯр. 4:4).
3. Ишаъё дар бораи Масеҳ чиро пешгӯӣ карда буд?
3 Дар биҳишт, дар дунёи нав, Яҳува ҳокимияти пурмуҳаббаташро ба инсоният тавассути Салтанати Масеҳоӣ амалӣ хоҳад гардонд (Дон. 7:13, 14). Дар бораи Подшоҳи ин Салтанат Ишаъё пешгӯӣ карда буд: «Навдае аз тани Йисой берун хоҳад омад, ва ниҳоле аз решаҳояш сабзида, бор хоҳад овард. Ва бар Ӯ Рӯҳи Худованд, рӯҳи ҳикмат ва хирад, рӯҳи машварат ва қудрат, рӯҳи шинохтани Худованд ва тарси Ӯ қарор хоҳад гирифт» (Иш. 11:1, 2). Чӣ тавр Худо бо рӯҳулқудс Исои Масеҳро, ки «навдае аз тани Йисой» аст, барои ба инсоният подшоҳӣ кардан мувофиқ гардондааст? Подшоҳии ӯ чӣ баракатҳо меорад? Ва чӣ бояд кард, то он баракатҳоро соҳиб шавем?
Худо Исоро барои подшоҳӣ кардан мувофиқ гардондааст
4–6. Кадом дониши муҳим ба Исо кӯмак мекунад, ки чун Подшоҳ, Саркоҳин ва Довари хирадманду дилсӯз хизмат кунад?
4 Яҳува мехоҳад, ки тобеони инсонии Ӯ зери роҳбарии шахсе, ки дар ҳақиқат Подшоҳ, Саркоҳин ва Довари хирадманду дилсӯз аст, ба комилият бирасанд. Барои ҳамин Худо Исои Масеҳро интихоб намуд ва бо рӯҳулқудсаш ӯро мувофиқ гардонд, ки ин масъулиятҳои муҳимро иҷро карда тавонад. Ҳоло баъзе сабабҳоро дида мебароем, ки чаро Исо комилан аз ӯҳдаи иҷрои ин нақш баромада метавонад.
5 Исо дар бораи Худо дониши бениҳоят чуқур дорад. Писари ягоназод Падарро аз ҳар шахс дида бештар — эҳтимол миллирдҳо сол боз медонад. Дар давоми ин вақт Исо дар бораи Яҳува чунон дониши чуқур гирифт, ки ӯро «сурати Худои нонамоён» номидан мумкин аст (Қӯл. 1:15). Худи Исо гуфт: «Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст» (Юҳ. 14:9).
6 Исо, баъди Яҳува, шахсияти дуюм аст, ки оиди тамоми офаридаҳо, аз он ҷумла инсоният, дониши ҳамаҷониба дорад. Дар Қӯлассиён 1:16, 17 гуфта шудааст, ки «ҳама чиз дар осмон ва бар замин, ҳар чизи намоён ва нонамоён», ба воситаи Писари Худо офарида шудааст ва «Ӯ пеш аз ҳама чиз аст, ва ҳама чиз дар Ӯ вуҷуд дорад». Танҳо тасаввур кунед: Исо чун коргари бомаҳорати Худо дар ҳама корҳои офариниш иштирок карда буд. Аз ин рӯ, вай тамоми чизҳои дар олам буда — аз он ҷумла мағзи сари инсонро, ки ба таври аҷиб сохта шудааст,— медонад. Бале, гуфтан мумкин аст, ки исту бисти Масеҳ хирад аст (Мас. 8:12, 22, 30, 31).
7, 8. Ҳангоми хизмат рӯҳи Худо ба Исо чӣ тавр кӯмак мекард?
7 Исо бо рӯҳулқудси Худо тадҳин шуда буд. «Рӯҳи Худованд бар Ман аст,— гуфт Исо,— зеро ки Ӯ Маро тадҳин намудааст, то ки ба мискинон башорат диҳам ва Маро фиристодааст, то ки шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва биноиро ба кӯрон мавъиза намоям, мазлумонро озод кунам ва соли таваҷҷӯҳи Худовандро мавъиза намоям» (Луқ. 4:18, 19). Вақте Исо таъмид гирифт, рӯҳулқудс аз афташ ба ӯ он чизҳоеро, ки вай то ҳаёти заминиаш медонист, хотиррасон кард, аз он ҷумла супоришеро, ки ӯ бояд чун Масеҳ дар давоми хизмати заминиаш ба анҷом мерасонд. (Ишаъё 42:1; Луқо 3:21, 22; Юҳанно 12:50–ро бихонед.)
8 Азбаски Исо бо рӯҳулқудс тадҳин шуда буд ва ақлу тани комил дошт, ӯ на фақат бузургтарин инсони ҳар давру замон, балки ҳамчунин Устоди бузургтарин буд. Дар ҳақиқат, одамоне ки Исоро мешуниданд, «аз таълими Ӯ дар ҳайрат» мемонданд (Мат. 7:28). Аз як тараф, Исо ба назар мегирифт, ки решаи мушкилиҳои инсоният — ин гуноҳ, нокомилӣ ва норасоии дониш оиди Худо аст. Аз тарафи дигар, ӯ метавонист дили инсонро бинад ва дар асл чӣ гуна шахс будани ӯро фаҳмида бо ӯ ба таври мувофиқ рафтор кунад (Мат. 9:4; Юҳ. 1:47).
9. Чӣ тавр мулоҳиза оиди ҳаёти заминии Исо боварии моро ба он зиёд мегардонад, ки ӯ бароямон Подшоҳи мувофиқ аст?
9 Исо чун инсон дар замин зиндагӣ карда буд. Таҷрибаи заминии Исо ва муносибати наздики вай бо одамони нокомил ба ӯ барои Подшоҳи мувофиқ шудан аз бисёр ҷиҳат кӯмак кард. Павлуси расул навишт: «[Исо] мебоист аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд мешуд, то ки Саркоҳини раҳим ва амине ба ҳузури Худо бошад, барои он ки гуноҳҳои қавмро кафорат кунад, зеро, чӣ тавре ки Худи Ӯ аз озмоиш гузашта, уқубат кашидааст, ба озмудашавандагон низ метавонад мадад расонад» (Ибр. 2:17, 18). Азбаски худи Исо «аз озмоиш гузашта» буд, ӯ метавонад ба онҳое, ки бо душвориҳо дучор мешаванд, ҳамдардӣ кунад. Дилсӯзии Исо дар вақти хизмати заминиаш равшан ба назар мерасид. Одамони бемор, маъюб, шахсони зулму ситамдида, ва ҳатто кӯдакон озодона ба назди ӯ омада метавонистанд (Марқ. 5:22–24, 38–42; 10:14–16). Одамони ҳалиму фурӯтан ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ ташна низ ба ӯ майл доштанд. Вале шахсони ҳавобаланду худписанд ва онҳое, ки «дар дили худ муҳаббати Худоро» надоштанд, Исоро рад мекарданд, бад медиданд ва ба ӯ муқобилат менамуданд (Юҳ. 5:40–42; 11:47–53).
10. Бо кадом тарзи беҳтарин Исо нишон дод, ки моро дӯст медорад?
10 Исо ҳаёташро барои мо дод. Шояд далели бузургтарини он ки аз Исо дида каси дигаре бароямон Подшоҳи мувофиқ шуда наметавонад, ин аст, ки ӯ бо омодагӣ барои мо мурд. (Забур 39:7–11-ро бихонед). «Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад,— гуфт Масеҳ,— ки ҷони худро барои дӯстони худ фидо кунад» (Юҳ. 15:13). Бале, баръакси подшоҳони нокомили инсонӣ, ки бисёр вақт аз ҳисоби пули тобеони худ бою бадавлат зиндагӣ мекунанд, Исо ҳаёти худро барои одамон фидо кард (Мат. 20:28).
Ба Исо қудрат дода шудааст, ки баҳои фидияро истифода барад
11. Чаро мо ба Исо чун ба Наҷотдиҳандаи худ пурра эътимод дошта метавонем?
11 То чӣ андоза мувофиқ аст, ки маҳз Исо чун Саркоҳин роҳбарӣ хоҳад кард, то баҳои фидияи вай ба манфиати мо истифода бурда шавад. Дар тӯли хизмати заминиаш Исо нишон дод, ки дар давоми ҳукмронии Ҳазорсолааш ӯ чун Наҷотдиҳанда ба мо чӣ баракатҳо меорад. Ва дар сурати содиқ мондан мо низ дар он замон зиндагӣ хоҳем кард. Исо беморон ва маъюбонро шифо мебахшид, мурдагонро эҳё менамуд, мардуми бисёрро сер мекард ва ҳатто қувваҳои табиатро идора мекард (Мат. 8:26; 14:14–21; Луқ. 7:14, 15). Илова бар ин, ӯ ин корҳоро на барои худнамоӣ, балки аз муҳаббат ва дилсӯзӣ ба амал меовард. «Мехоҳам, пок шав!»,— гуфт Исо ба шахси махавие, ки аз ӯ шифо ёфтанашро илтиҷо намуд (Марқ. 1:40, 41). Исо дар давоми ҳукмронии Ҳазорсолааш низ чунин дилсӯзӣ зоҳир хоҳад кард,— вале он вақт ба миқёси умумиҷаҳонӣ.
12. Суханони Ишаъё 11:9 чӣ тавр иҷро хоҳанд шуд?
12 Исо 2000 сол пеш ба одамон дар бораи Худо таълим доданро оғоз кард. Ҳангоми подшоҳӣ кардан ӯ ва ҳамроҳонаш ин барномаи таълимдиҳиро давом хоҳанд дод. Ҳамин тавр, суханони Ишаъё 11:9 иҷро хоҳанд шуд: «Замин аз шинохтани Худованд пур хоҳад буд, мисли он ки баҳр пур аз обҳост». Он вақт ба одамон бешубҳа таълим дода хоҳад шуд, ки чӣ тавр онҳо супориши дар аввал ба Одам додаи Худоро иҷро намуда, дар бораи замин ва мавҷудоти бешумори он ғамхорӣ карда метавонанд. Дар охири 1000 сол нияти аввалаи Худо, ки дар Ҳастӣ 1:28 гуфта шудааст, иҷро хоҳад шуд ва баҳои қурбонии фидия ба таври пурра истифода хоҳад шуд.
Ба Исо кудрат дода шудааст, ки доварӣ кунад
13. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки адолатро дӯст медорад?
13 Худо Масеҳро «Довари зиндагон ва мурдагон таъин кардааст» (Аъм. 10:42). Пас, чӣ тасаллибахш аст донистани он ки Исо ба коррупсия ва ришвахӯрӣ дода намешавад; ӯ адолату садоқатро гӯё чун камарбанд сахт ба миёнаш бастааст! (Иш. 11:5). Исо нишон дод, ки ба ҳирсу тамаъ, риёкорӣ ва дигар хислатҳои бад нафрат дорад. Ӯ ҳамчунин шахсонеро, ки ба азобу уқубати дигарон бепарво буданд, маҳкум мекард (Мат. 23:1–8, 25–28; Марқ. 3:5). Ғайр аз ин, Исо нишон дод, ки намуди зоҳирии шахс ӯро фиреб дода наметавонад, зеро ӯ дили ҳар касро медид (Юҳ. 2:25).
14. Ба адлу инсоф муҳаббат доштанашро Исо имрӯз чӣ гуна нишон дода истодааст ва кадом саволҳоро мо бояд ба худ диҳем?
14 Ба адлу инсоф муҳаббат доштанашро Исо имрӯз низ нишон дода истодааст. Ҳоло ӯ бар кори мавъиза ва шогирдсозӣ, ки дар таърихи инсоният то имрӯз ба чунин миқёси бузург нарасида буд, назорат карда истодааст. Ягон инсон, ягон ҳокимияти инсонӣ ва ягон рӯҳи нопок халал расонида наметавонад, ки ин кор то дараҷаи ба Худо мақбул иҷро карда шавад. Аз ин рӯ, баъди Ҳармиҷидӯн мо эътимоди комил хоҳем дошт, ки Худо аз рӯи адолат амал кардааст. (Ишаъё 11:4; Матто 16:27–ро бихонед.) Аз худ бипурсед: «Оё дар хизмат ман бо одамон чун Исо муносибат мекунам? Оё ман барои Яҳува ҳар кори аз дастам меомадаро мекунам, ҳатто агар аз сабаби саломатӣ ё ки шароити маҳдуди худ бисёр карда натавонам ҳам?».
15. Дар ёд доштани чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки аз таҳти дил ба Худо хизмат кунем?
15 Барои аз таҳти дил ба Худо хизмат кардан ба мо дар хотир доштани он кӯмак мекунад, ки кори мавъиза — ин кори Худо аст. Ӯ онро ба мо фармудааст; тавассути Писараш ба он роҳбарӣ мекунад; тавассути рӯҳулқудсаш Ӯ онҳоеро, ки дар ин кор иштирок мекунанд, дастгирӣ менамояд. Оё шумо ҳамроҳи Исо, ки рӯҳи Худо бар вай аст, ҳамкорони Худо буданро барои худ шараф меҳисобед? Фикр кунед: ғайр аз Яҳува кӣ метавонист зиёда аз ҳафт миллион нафарро, ки қисми зиёдашонро «одамони нохонда ва оддӣ» мешуморанд, барангезад, ки хабари Салтанатро дар 236 мамлакати дунё мавъиза кунанд? (Аъм. 4:13).
Тавассути Масеҳ баракат ёбед!
16. Ҳастӣ 22:18 дар мавриди баракати Худо ба чӣ ишора мекунад?
16 Яҳува ба Иброҳим гуфт: «Ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост, барои он ки ту ба овози ман гӯш додӣ» (Ҳас. 22:18). Ин ба он ишора мекунад, ки касоне, ки ба Худо ва Писари Ӯ хизмат карданро қадр мекунанд, метавонанд баракатҳоеро, ки Насли Масеҳоӣ меорад, бо боварии комил интизор шаванд. Ва он баракатҳоро дар хотир дошта, онҳо имрӯз фаъолона хизмат мекунанд.
17, 18. Дар Такрори Шариат 28:2 мо кадом ваъдаи Худоро мехонем ва он барои мо чӣ маъно дорад?
17 Ба халқи Исроил, ки насли Иброҳим буд, Худо боре гуфт: «Ҳамаи ин баракатҳо [ки дар Аҳди Қонун навишта шудаанд] ба ту хоҳад расид ва барои ту ба амал хоҳад омад, агар ту ба овози Худованд Худои худ гӯш андозӣ» (Такр. Ш. 28:2). Ин суханон ба ходимони имрӯзаи Худо низ дахл доранд. Агар шумо баракати Яҳуваро гирифтан хоҳед, ба овози Ӯ гӯш андозед. Он гоҳ баракатҳои Ӯ «ба [шумо] хоҳад расид ва барои [шумо] ба амал хоҳад омад». Лекин ба овози Худованд гӯш андохтан чӣ маъно дорад?
18 Гӯш андохтан, албатта, маънои онро дорад, ки мо ба суханони Каломи Худо ва ғизои рӯҳоние, ки Ӯ медиҳад, аҳамияти ҷиддӣ медиҳем (Мат. 24:45). Ин ҳамчунин ба Худо ва Писари Ӯ итоат карданро дар бар мегирад. Исо гуфт, ки на ҳар касе, ки худро имондор меҳисобад ба Салтанати осмонӣ дохил хоҳад шуд, балки он касе, ки иродаи Падари ӯро ба ҷо меоварад (Мат. 7:21). Худоро гӯш кардан ҳамчунин маънои онро дорад, ки мо ба тартиботи ҷамъомади масеҳӣ ва пирони таъиншудаи он — одамони чун «бахшоишҳо» атошуда, бо омодагӣ итоат мекунем (Эфс. 4:8).
19. Боз бо кадом роҳ мо баракат ёфта метавонем?
19 Ба ин одамони чун «бахшоишҳо» атошуда аъзоёни Ҳайати Роҳбарикунанда низ дохил мешаванд. Онҳо чун намояндагони тамоми ҷамъомади масеҳӣ амал мекунанд (Аъм. 15:2, 6). Муносибате, ки мо ба бародарони рӯҳонии Масеҳ зоҳир мекунем, яке аз омили асосиест, ки дар асоси он Исо моро дар мусибати бузурги наздикшудаистода доварӣ мекунад (Мат. 25:34–40). Аз ин рӯ, барои ба даст овардани баракат мо бояд тадҳиншудагони Худоро содиқона дастгирӣ намоем.
20. а) Вазифаи асосии шахсони чун «бахшоишҳо» атошуда кадом аст? б) Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ин бародаронро қадр мекунем?
20 Ба шахсони чун «бахшоишҳо» атошуда инчунин бародароне, ки чун аъзоёни Кумитаи Филиалҳо, нозирони сайёр ва пирони ҷамъомад хизмат мекунанд, дохил мешаванд. Ҳамаи онҳо зери ҳидояти рӯҳулқудс таъин мегарданд (Аъм. 20:28). Вазифаи асосии ин бародарон — обод кардани халқи Худо аст, то «ҳамаамон ба ягонагии имон ва шиносоии Писари Худо, ба дараҷаи шахси комил, ба андозаи бузургии пурраи Масеҳ бирасем» (Эфс. 4:13). Албатта, ин бародарон низ мисли ҳамаи мо нокомиланд. Бо вуҷуди ин, агар мо бо миннатдорӣ мувофиқи ҳидояти пурмуҳаббати онҳо амал кунем, баракат хоҳем ёфт (Ибр. 13:7, 17).
21. Чаро Писари Худоро гӯш кардан хеле муҳим аст?
21 Ба наздикӣ Масеҳ бар зидди тартиботи шариронаи Шайтон амал хоҳад кард. Он вақт ҳаёти ҳар яки мо дар дасти Исо хоҳад буд, зеро Худо ӯро таъин кардааст, ки «анбӯҳи бузурги» пешгӯишударо сӯи «чашмаҳои оби ҳаёт» барад (Ваҳй 7:9, 16, 17). Пас, биёед ҳоло ҳар кори аз дастамон меомадаро карда, ба Подшоҳе, ки рӯҳи Яҳува бар вай аст, бо омодагиву миннатдорӣ итоат намоем.
Шумо аз оятҳои зерин чӣ фаҳмидед:
• аз Ишаъё 11:1–5?
• аз Марқӯс 1:40, 41?
• аз Аъмол 10:42?
• аз Ҳастӣ 22:18?
[Tасвир дар саҳифаи 17]
Дилсӯзии Исо аз он равшан ба чашм мерасад, ки ӯ духтари Ёирро зинда кард
[Tасвир дар саҳифаи 18]
Исои Масеҳ бар кори мавъиза ва шогирдсозӣ, ки дар таърихи инсоният то имрӯз ба чунин миқёси бузург нарасида буд, назорат карда истодааст