Ирмиё
1 Суханони Ирмиёи* писари Ҳилқиёҳу — яке аз коҳинони* анотӯтӣ+ дар замини Бинёмин. 2 Дар рӯзҳои Юшиёи+ писари Омӯн,+ подшоҳи Яҳудо, дар соли 13-уми подшоҳии ӯ, паёми Яҳува ба Ирмиё омад. 3 Инчунин паёми Худо ба Ирмиё дар рӯзҳои Еҳуёқими+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, то анҷоми соли 11-уми Сидқиёҳуи+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, то даме ки сокинони Ерусалим дар моҳи панҷум ба асирӣ бурда шуданд, фиристода мешуд.+
4 Рӯзе аз Яҳува ба ман чунин паём омад:
5 «Пеш аз он ки дар шиками модарат туро ба вуҷуд орам, ман туро мешинохтам*+
Ва, пеш аз он ки ба дунё биёӣ, ман туро барои хизмати худ ҷудо кардам*.+
Ман туро бар халқҳо пайғамбар таъйин намудам».
6 Аммо ман гуфтам: «Вой бар ман, эй Яҳува, Парвардигоро!
Охир, ман ҷавон ҳастам+ ва дуруст гап зада наметавонам».+
7 Яҳува ба ман гуфт:
«Нагӯ, ки “ман ҷавон ҳастам”,
Зеро ту бояд назди ҳар касе, ки туро фиристам, биравӣ
Ва ҳар чиро, ки фармоям, бигӯӣ.+
8 Аз ҳайбати онҳо натарс,+ зеро Яҳува мегӯяд:
“Ман бо ту ҳастам, то туро халосӣ диҳам”».+
9 Сипас Яҳува дасташро дароз карда, ба даҳонам расонид.+ Яҳува гуфт: «Ман суханонамро дар даҳонат гузоштам.+ 10 Инак, имрӯз туро бар халқҳо ва подшоҳиҳо таъйин кардам, то решакан ва чаппа кунӣ, нест ва хароб намоӣ, бино кунӣ ва шинонӣ».+
11 Паёми Яҳува боз ба ман омад: «Эй Ирмиё, чиро мебинӣ?» Ман гуфтам: «Шохаи дарахти бодомро*».
12 Яҳува ба ман гуфт: «Дуруст дидӣ, зеро ман барои иҷрои суханам бедорам».
13 Паёми Яҳува бори дуюм ба ман омад: «Чиро мебинӣ?» Ман гуфтам: «Деги ҷӯшонеро дар шимол мебинам, ки сӯйи ҷануб хам карда шудааст». 14 Яҳува ба ман гуфт:
«Аз шимол бар сари ҳамаи сокинони замин фалокате меояд.+
15 Яҳува мегӯяд: “Ман ҳама қабилаҳои мамлакатҳои шимолро ҷамъ хоҳам овард+
Ва онҳо омада, ҳар яке тахти худро
Дар рӯ ба рӯйи дарвозаҳои Ерусалим,+
Гирдогирди ҳамаи деворҳояш
Ва ҳама шаҳрҳои Яҳудо мегузоранд.+
16 Ман барои ҳамаи бадкорияшон ҳукми онҳоро мебарорам,
Зеро онҳо маро тарк карданд+
Ва барои худоёни дигар қурбонӣ оварда, дуд мекунанду*+
Назди амали дастонашон саҷда мебаранд”.+
17 Аммо ту камаратро бибанд
Ва бархоста, ҳар чизеро, ки ба ту фармудам, ба онҳо бигӯй.
Аз онҳо натарс,+
То ман дар назди онҳо туро ба даҳшат наорам.
18 Ман имрӯз туро шаҳри ҳисордор,
Сутуни оҳанин ва девори мисине бар зидди тамоми ин замин,+
Подшоҳони Яҳудову мирони он
Ва коҳинону мардуми он гардондам.+
19 Онҳо бо ту ҷанг хоҳанд кард,
Лекин ғолиб нахоҳанд омад,
Зеро Яҳува мегӯяд: “Ман бо ту ҳастам,+ то туро халосӣ диҳам”».