15 Ҷавоби нарм хашмро паст мекунад,+
Гапи сахт касро ба қаҳр меорад.+
2 Забони хирадманд донишро барои некӣ ба кор мебарад,+
Аммо аз даҳони аблаҳ аҳмақӣ меборад.
3 Чашмони Яҳува дар ҳама ҷост,
Бадону неконро мушоҳида мекунад.+
4 Забони ширин дарахти ҳаёт аст,+
Вале забони фиребгар рӯҳафтода месозад.
5 Аҳмақ насиҳати падарашро писанд намекунад,+
Вале зирак ислоҳро қабул мекунад.+
6 Дар хонаи росткор ганҷ фаровон аст,
Аммо дороии бадкор ба сараш бало меорад.+
7 Лабони хирадманд тухми донишро мепошад,+
Аммо дили аблаҳ чунин нест.+
8 Яҳува аз қурбонии бадкор нафрат дорад,+
Аммо дуои росткор ба ӯ хуш меояд.+
9 Яҳува роҳи бадкоронро чашми дидан надорад,+
Аммо ҳар касеро, ки аз пайи росткорист,+ дӯст медорад.
10 Касе, ки аз роҳи рост дур мешавад, насиҳатро бори гарон меҳисобад+
Ва ҳар кӣ танбеҳро бад бинад, мемирад.+
11 Гӯр ва макони нобудӣ пеши назари Яҳува кушоду равшан аст.+
Пас, наход ӯ дили одамизодро набинад?!+
12 Нописанд ислоҳгарашро нағз намебинад,+
Ӯ бо хирадмандон маслиҳат намекунад.+
13 Дил шод бошад, рангу рӯ медарояд,
Аммо дарди дил рӯҳафтода месозад.+
14 Дили оқил орзуманди дониш аст,+
Аммо даҳони аблаҳон аз аҳмақӣ ғизо мегирад.+
15 Ғамзада як умр рӯзаш сиёҳ аст,+
Аммо дилшод ҳар рӯз тӯй дорад.+
16 Дороии каме бо тарси Яҳува+
Беҳ аз дороии бисёр бо ғаму ташвиш.+
17 Як табақ сабзавот, дар ҷое ки муҳаббат бошад,+
Беҳ аз гови фарбеҳ, дар ҷое ки нафрат бошад.+
18 Бадқаҳр ҷанг мехезонад,+
Аммо пурсабр ҷанҷолро хомӯш мекунад.+
19 Роҳи танбал девори хор аст,+
Аммо роҳи росткор ҳамвор аст.+
20 Фарзанди боақл падарро шод мегардонад,+
Фарзанди беақл модарро хор медорад.+
21 Бефаҳм аз аҳмақӣ лаззат мебарад,+
Аммо рамузфаҳм бо роҳи рост равон аст.+
22 Бе маслиҳат нақшаҳо вайрон мегардад,
Вале бо маслиҳатгарони зиёд кор буд мешавад.+
23 Кас аз ҷавоби дурусти худ хурсанд мешавад+ —
Чӣ хуш аст сухани бамаврид!+
24 Боандешаро роҳи ҳаёт боло мебарад,+
Ӯро аз фурӯ рафтан ба гӯр бозмедорад.+
25 Яҳува хонаи мағрурро хароб месозад,+
Аммо марзаи замини бевазанро нигоҳ медорад.+
26 Яҳува аз ҳилаҳои бадкор нафрат дорад,+
Аммо сухани хуш дар назараш пок аст.+
27 Ҳаромризқ худро хонавайрон месозад,+
Аммо касе, ки пораро бад мебинад, зинда мемонад.+
28 Росткор санҷида сухан мегӯяд,+
Аммо аз даҳони бадкор сухани бад мерезад.
29 Яҳува аз бадкорон дур аст,
Аммо дуои росткоронро мешунавад.+
30 Нигоҳи хуш дилро шод мегардонад
Ва хабари хуш ба кас ҷони тоза мебахшад.+
31 Ҳар кӣ ба насиҳати ҳаётбахш гӯш диҳад,
Дар миёни хирадмандон сокин мешавад.+
32 Касе насиҳатро рад кунад, аз ҷонаш сер шудааст,+
Аммо ҳар кӣ ислоҳро қабул намояд, ақлу фаҳм пайдо мекунад.+
33 Тарси Яҳува хирад меомӯзад+
Ва хоксорӣ ҷалол меорад.+