Забур
Таронаи Осаф.+
3 Онҳо пинҳонӣ бар зидди халқат макру ҳила мебофанд,
Бар зидди бандаҳои азизат якҷоя қасди бад меандешанд.
5 Онҳо забон як карда, ҳила мебофанд,
Аҳду паймон карданд, то бар зидди ту бароянд+ —
8 Ошур+ низ ба онҳо ҳамроҳ шуд.
Онҳо бо фарзандони Лут+ ҳамдаст шуданд. (Село)
9 Бо онҳо чуноне кун, ки бо Мидён кардӣ,+
Ҳамон тавре ки бо Сисро ва Ёбин назди ҷӯйи* Қишӯн амал намудӣ.+
10 Онҳо дар Эйн-Дӯр+ нест шуданд,
Поруи замин гардидаанд.
11 Калоншавандагонашонро мисли Ӯрибу Заиб гардон,+
Миронашонро мисли Забаҳу Салмуно,+
12 Зеро онҳо мегуфтанд: «Заминҳоеро, ки Худо дар онҳо сокин аст, соҳиб мешавем».
13 Эй Худои ман, онҳоро мисли мушхоре гардон, ки онро шамол мебарад,
Мисли хасе, ки бодаш мебарад.+
14 Мисли оташе, ки ҷангалро месӯзонад,
Мисли шуълаи оташ, ки кӯҳҳоро месӯзонад,+
15 Онҳоро бо боди шадидат сур кун+
Ва бо тундбодат ба воҳима андоз.+
16 Рӯяшонро бо шармандагӣ бипӯшон,
То онҳо ҷӯёи номат гарданд, эй Яҳува.
17 Бигзор онҳо абадан шарманда шуда, як умр дар тарсу ваҳм бошанд,
Бигзор сарпаст ва нобуд шаванд.