Яҳува ба дуои самимӣ ҷавоб медиҳад
«Бидонанд Ту, ки исмат Яҳува мебошад, батанҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ» (ЗАБ. 83:18, Тарҷумаи форсӣ; [82:19]).
1, 2. Вақте ки бисёриҳо номи Худоро мефаҳманд, онҳо чӣ эҳсос мекунанд ва кадом саволҳо ба миён меоянд?
ЯКЧАНД сол пеш зане аз фалокати дар хонаи ҳамсояаш рухдода сахт ба изтироб омад. Азбаски ӯ дар оилаи католикҳо ба дунё омада буд, ба ходими Калисои католикӣ муроҷиат кард, то ба саволаш ҷавоб ёбад. Аммо вай бо зан ҳатто сӯҳбат кардан ҳам нахост. Зан ба Худо дуо гуфт: “Худоё, ман туро намешиносам... аммо медонам, ки ту вуҷуд дорӣ. Илтиҷо мекунам, ёрӣ деҳ, то бо ту шинос шавам!”. Чанде пас, Шоҳидони Яҳува назди ӯ омада, вайро тасаллӣ бахшиданд ва донишеро, ки солҳои сол меҷуст, ба ӯ пешкаш намуданд. Ҳамчунин зан номи шахсии Худо — Яҳуваро фаҳмид, ки он ба ӯ сахт таъсир кард. Вай хитоб намуд: «Аҷабо, охир ин ҳамон Худоест, ки ман аз кӯдакӣ ҷустуҷӯяш мекардам!».
2 Ба бисёриҳо шиносоӣ бо номи Худо чунин таъсир кардааст. Аксар вақт, одамон бори аввал номи Яҳуваро дар Китоби Муқаддас аз Забур 83:18 [82:19] мехонанд. Дар тарҷумаи форсии Навиштаҳои Муқаддас ин оят чунин омадааст: «Ва бидонанд Ту, ки исмат Яҳува мебошад, батанҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ». Оё шумо ягон бор фикр кардаед, ки аз кадом сабаб ин таронаи китоби Забур навишта шудааст? Кадом воқеаҳо бояд ҳар касро бармеангехтанд, то Яҳуваро чун Худои ягонаи ҳақиқӣ эътироф намояд? Аз ин тарона мо чӣ меомӯзем? Дар мақолаи мазкур ин саволҳоро дида мебароемa.
Сӯиқасд бар зидди халқи Яҳува
3, 4. Таронаи 82–юмро кӣ навиштааст ва мувофиқи он ба халқи Исроил чӣ таҳдид мекард?
3 Дар Забур 82:1 мо мехонем, ки ин тарона «таронаи Ософ» аст. Нависандаи ин тарона эҳтимол аз насли Ософи левизода буд. Худи Ософ дар давраи ҳукмронии Довуди подшоҳ мусиқинавози машҳур буд. Дар тарона забурнавис Яҳуваро илтиҷо мекунад, ки Ӯ ҳокимияти Худро мустаҳкам ва номашро машҳур гардонад. Аз афташ, ин тарона баъди марги Сулаймон навишта шудааст. Чунки дар давраи ҳукмронии Довуду Сулаймон шоҳи Сӯр душмани исроилиён набуд. Дар замони навишта шудани таронаи 82–юм бошад, сокинони Сӯр бар зидди халқи Исроил баромаданд ва ба душманони вай ҳамроҳ гаштанд.
4 Забурнавис даҳ халқеро, ки барои несту нобуд намудани қавми Худо забон як карда буданд, қайд менамояд. Исроилиён дар иҳотаи ин халқҳо зиндагӣ мекарданд. Забурнавис онҳоро номбар мекунад: «Хаймаҳои Адӯм ва исмоилиён; Мӯоб ва ҳоҷариён; Ҷабол ва Аммӯн ва Амолеқ; замини Фалиштӣ бо сокинони Сӯр; Ашшур низ ба онҳо ҳамроҳ шудааст» (Заб. 82:7–9). Ин тарона ба кадом ҳодисаи таърихӣ ишора мекунад? Ба фикри баъзеҳо, он ба воқеае, ки дар замони шоҳ Еҳӯшофот рӯй дода буд, ишора мекунад. Он вақт лашкари муттаҳиди Аммӯн, Мӯоб ва сокинони кӯҳи Сеир ба исроилиён ҳуҷум карда буданд (2 Вақ. 20:1–26). Ба ақидаи дигарон, дар ин тарона умуман дар бораи муносибати душманонае, ки халқҳои ҳамсоя нисбати исроилиён доштанд, сухан меравад.
5. Таронаи 82–юми китоби Забур ба ходимони имрӯзаи Худо чӣ гуна кӯмак мекунад?
5 Чӣ хеле ки набошад, маълум аст: Яҳува Худо ба навиштани ин тарона забурнависро маҳз ҳамон вақт илҳом бахшид, ки душманон ба халқи Ӯ таҳдид мекарданд. Ин тарона ходимони имрӯзаи Худоро низ тасаллӣ мебахшад, зеро онҳо ҳам дар тӯли ҳаёташон бо ҳуҷуму ҳамлаҳои пай дар паи душманоне, ки онҳоро несту нобуд кардан мехоҳанд, рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ояндаи наздик Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ лашкарашро бори ниҳоӣ барои нест кардани ҳамаи касоне, ки Худоро дар рӯҳ ва ростӣ ибодат мекунанд, равона менамояд. Бешубҳа, он вақт низ ин тарона бароямон манбаи қувват хоҳад буд. (Ҳизқиёл 38:2, 8, 9, 16-ро бихонед.)
Чизе ки барои забурнавис аҳамияти аввалиндараҷа дошт
6, 7. а) Дар оғози таронаи 82–юм забурнавис оиди чӣ дуо мекунад? б) Барои забурнавис чӣ аҳамияти аввалиндараҷа дошт?
6 Бубинед, ки забурнавис эҳсосоти худро дар дуо чӣ гуна изҳор мекунад: «Худоё! Ту сокит набош; хомӯш набош ва осуда набош, эй Худо! Зеро инак, душманони Ту хурӯш мебароваранд, ва хасмҳои Ту сар мебардоранд. Бар зидди қавми Ту дасиса меандешанд, ва бар зидди паноҳкардагони Ту машварат менамоянд ... Якдилона маслиҳатро пазондаанд, бар зидди Ту иттифоқ бастаанд» (Заб. 82:2–4, 6).
7 Барои забурнавис чӣ аҳамияти аввалиндараҷа дошт? Албатта, ӯ барои бехатарии ҳаёти худашу аҳли оилааш хавотир нашуда наметавонист. Вале аз дуои забурнавис бармеояд, ки ӯро аз ҳама бештар мавриди беҳурматӣ қарор гирифтани номи Яҳува ва ба халқе, ки номи Ӯро дорад, таҳдид кардани душманон, хавотир мекарданд. Биёед, мо ҳам дар рӯзҳои охири ин дунёи шарир чунин назари оқилона дошта бошем. (Матто 6:9, 10-ро бихонед.)
8. Кадом ниятҳо халқҳоро бар зидди исроилиён муттаҳид мекарданд?
8 Забурнавис суханони душманонро меорад: «Меравем ва онҳоро нест мекунем, то ки халқе набошанд, ва номи Исроил дигар зикр наёбад» (Заб. 82:5). То чӣ андоза ин халқҳо қавми баргузидаи Худоро бад медиданд! Вале душманонро на танҳо нафрат муттаҳид месохт. Онҳо бисёр мехостанд, ки замини исроилиёнро соҳиб шаванд ва лоф мезаданд: «Воҳаҳои Худоро барои худ тасарруф хоҳем кард» (Заб. 82:13). Оё чизи ба ин монанде дар рӯзҳои мо низ рӯй медиҳад? Бале!
Маскани муқаддаси Худо
9, 10. а) Дар замонҳои пеш чӣ маскани муқаддаси Худо ҳисоб мешуд? б) Имрӯз бақияи тадҳиншудагон ва «гӯсфандони дигар» аз кадом баракатҳо баҳраваранд?
9 Дар замонҳои пеш Сарзамини ваъдашударо маскани муқаддаси Худо меномиданд. Таронаеро, ки исроилиён ҳангоми озод шудан аз Миср суруданд, ба хотир оред: «Қавмеро, ки раҳо кардӣ, бо марҳамати Худ ҳидоят менамоӣ: бо қуввати Худ онҳоро сӯи маскани қудси Худ мебарӣ» (Хур. 15:13). Дертар бошад, маъбад бо каҳонаташ ва шаҳри Ерусалим, ки дар он подшоҳон аз насли Довуд дар тахти Яҳува менишастанд, маскани муқаддаси Худо ҳисоб меёфт (1 Вақ. 29:23). Бесабаб Исои Масеҳ Ерусалимро «шаҳри Подшоҳи бузург» наномидааст (Мат. 5:35).
10 Дар бораи рӯзҳои мо чӣ гуфтан мумкин аст? Дар соли 33–юми д. мо халқи нав — «Исроили Худо» тавлид ёфт (Ғал. 6:16). Ин халқ аз бародарони тадҳиншудаи Исои Масеҳ иборат буд ва он ба иҷрои вазифае шурӯъ кард, ки аз ӯҳдааш исроилиёни ҷисмонӣ дар асл набаромаданд, яъне ин халқи нав дар бораи номи Худо шаҳодат доданро оғоз намуд (Иш. 43:10; 1 Пет. 2:9). Яҳува ба онҳо низ ҳамон ваъдаеро дод, ки ба исроилиёни қадим дода буд: «Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд» (2 Қӯр. 6:16; Иб. 26:12). Аз соли 1919 Яҳува бо бақияи тадҳиншудагони «Исроили Худо» муносибати махсус дорад. Аз он вақт онҳо соҳиби «мамлакат»–и рӯҳонӣ мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки бақияи тадҳиншудагон рӯҳан фаъоланд ва аз биҳишти рӯҳонӣ баҳраваранд (Иш. 66:8). Аз солҳои 1930 инҷониб, миллионҳо «гӯсфандони дигар» ба онҳо ҳамроҳ шуда истодаанд (Юҳ. 10:16). Хушбахтӣ ва нашъунамои рӯҳонии масеҳиёни имрӯза ба таври равшан одилона будани ҳокимияти Яҳуваро тасдиқ мекунад. (Забур 90:2, 3-ро бихонед.) Ин бешубҳа Шайтонро ба ғазаб меорад.
11. Мақсади асосии душманони Худо ҳамеша чӣ буд?
11 Дар давоми охирзамон Шайтон пайравони заминиашро бармеангезад, то ба бақияи тадҳиншудагон ва ҳамроҳони онҳо муқовимат намоянд. Масалан, дар Аврупои Ғарбӣ зери тартиботи фашистӣ ва дар Аврупои Шарқӣ зери ҳокимияти комунистии Иттифоқи Шӯравӣ ходимони Худо бо таъқиботҳо рӯ ба рӯ шуданд. Дар мамлакатҳои дигар низ вазъият ҳамин хел буд. Дар оянда ҳам ходимони Худо бо муқовимати Шайтон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, хусусан ҳангоми ҳуҷуми ниҳоии Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ. Эҳтимол он вақт душманон молу мулки ходимони Яҳуваро ҳарисона кашида гиранд, ҳамон тавре ки душманони халқи Худо дар замонҳои пеш мекарданд. Вале ҳамеша мақсади асосии Шайтон барҳам додани ягонагии халқи Худо ва несту нобуд кардани онҳо буд. Вай мехоҳад, ки номи Шоҳидони Яҳува аз байн равад. Яҳува ба чунин мухолифате, ки нисбати ҳокимияти Ӯ нишон медиҳанд, чӣ гуна рафтор мекунад? Биёед, боз ба суханони забурнавис бармегардем.
Ғалабаи Яҳува — намунаҳо аз таърих
12–14. Кадом ду ғалабаеро, ки исроилиён дар наздикии шаҳри Маҷиддӯ ба даст оварда буданд, забурнавис қайд мекунад?
12 Ба имони қавии забурнавис аҳамият диҳед: ӯ боварии комил дошт, ки Яҳува нақшаҳои душманонро вайрон карда метавонад. Вай дар таронааш ду ғалабаи муҳимтарини исроилиёнро қайд мекунад. Онҳо ин ғалабаҳоро дар наздикии шаҳри қадимаи Маҷиддӯ, ки баландтар аз сатҳи водии Маҷиддӯ ҷойгир шуда буд, ба даст оварда буданд. Аз ин водӣ маҷрои каҷу килеби наҳри Қишӯн мегузарад, ки онро дар тобистон ҳангоми хушк шудани наҳр дидан мумкин аст. Баъди боронҳои зиёди зимистона оби наҳр аз соҳилаш баромада, ба водӣ ҷорӣ мешавад. Эҳтимол аз ин сабаб Қишӯнро «обҳои Маҷиддӯ» низ меноманд (Дов. 4:13; 5:19).
13 Тақрибан 15 километр дуртар аз водии Маҷиддӯ теппаи Мӯре ҷойгир шудааст. Дар замони Ҷидъӯни довар он ҷо лашкарҳои муттаҳиди Мидён, Амолеқ ва тамоми аҳли машриқ барои ҷанг бо исроилиён ҷамъ омада буданд (Дов. 7:1, 12). Лашкари камшумори Ҷидъӯн, ки фақат аз 300 мард иборат буд, бо кӯмаки Яҳува лашкари сершумори душманро мағлуб кард. Чӣ гуна? Мувофиқи ҳидояти Худо амал намуда, исроилиён шабона ӯрдугоҳи душманро иҳота карданд. Дар даст онҳо кӯзаҳое доштанд, ки дар дарунашон машъалҳои фурӯзон пинҳон буданд. Бо ишораи Ҷидъӯн сарбозон кӯзаҳоро шикастанд ва машъалҳо дар торикӣ ногаҳон фурӯзон гаштанд. Ҳамзамон исроилиён шохҳоро навохта, фарёд заданд: «Шамшер барои Худованд ва барои Ҷидъӯн!». Аз ин душманон ба воҳима афтода, ба куштани якдигар сар карданд, вале онҳое, ки зинда монданд, ба он сӯи дарёи Ӯрдун гурехтанд. Ҳамон вақт, барои таъқиб кардани душманон ба сарбозони Ҷидъӯн исроилиёни бисёре ҳамроҳ гаштанд. Ҳамагӣ 120 000 сарбози душман кушта шуд (Дов. 7:19–25; 8:10).
14 Тақрибан 6 километр дуртар аз теппаи Мӯре, дар тарафи дигари водии Маҷиддӯ кӯҳи Тобӯр ҷойгир шудааст. Чанде пеш аз воқеаҳои дар боло навишташуда, дар ин кӯҳ Бороқи довар лашкари 10 000–нафараи исроилиёнро бар зидди лашкари Ёбин ҷамъ намуд. Ёбин подшоҳи канъонӣ аз Ҳосӯр буд ва лашкарашро Сисро сарварӣ мекард. Канъониён 900 аробаи ҷангӣ доштанд, ки ҳар яки он бо аслиҳаи ҳалокатовар — теғҳои дарози оҳанине, ки ба чархҳои ароба васл карда шуда, ҳамроҳи он чарх мезаданд, таҷҳизонида шуда буд. Вақте ки душманон дар кӯҳи Тобӯр ҷойгир шудани лашкари хуб мусаллаҳнабудаи исроилиёнро диданд, сӯи водии Маҷиддӯ равона шуданд. Сипас «Худованд Сисро ва ҳамаи аробаҳо ва тамоми ӯрдуи ӯро пеши Бороқ ошуфта гардонид». Эҳтимол наҳри Қишӯн аз борони сахти ногаҳонӣ аз соҳилаш баромад ва аробаҳои ҷангӣ дар лой ғӯтиданд. Исроилиён тамоми лашкари душманро несту нобуд карданд (Дов. 4:13–16; 5:19–21).
15. а) Забурнавис дар дуо аз Яҳува чӣ мепурсад? б) Номи ҷанги ниҳоии Худо ба мо чиро хотиррасон мекунад?
15 Забурнавис илтиҷо мекунад, то Яҳува нисбати халқҳое, ки дар рӯзҳои вай ба ҳастии Исроил таҳдид мекарданд, ба ҳамин монанд рафтор намояд. Ӯ дуо мекунад: «Ба онҳо ончунон амал бикун, чунон ки ба Мидён кардаӣ, чунон ки ба Сисро, чунон ки ба Ёбин дар наҳри Қишӯн, ки онҳо дар Айндӯр ба ҳалокат расидаанд, барои замин пору шудаанд» (Заб. 82:10, 11). Ҷанги ниҳоии Худо бар зидди ҷаҳони Шайтон бесабаб Ҳармиҷидӯн (маънояш “кӯҳи Маҷиддӯ”) номида нашудааст. Ин ном ҷангҳои муҳимтаринеро, ки дар наздикии Маҷиддӯ гузашта буданд, хотиррасон мекунад. Ғалабаи Яҳува дар он ҷангҳои замони пеш ба мо эътимод мебахшад, ки Ӯ бешубҳа дар ҷанги Ҳармиҷидӯн низ бар душманон ғолиб меояд (Ваҳй 16:13–16).
Дар бораи исбот гаштани ҳаққонияти ҳокимияти Яҳува дуо кунед
16. Душманони халқи Худо имрӯз чӣ гуна шарманда мешаванд?
16 Дар ин айёми охир Яҳува ҳамаи нақшаҳои душманонро, ки барои нест кардани халқи Ӯ мекӯшанд, барбод медиҳад. Дар натиҷа мухолифон шармандаву шармсор мегарданд (2 Тим. 3:1). Ин дар Забур 82:17 пешгӯӣ шуда буд: «Рӯйҳои онҳоро пурнанг гардон, то ки исми Туро, эй Худованд, толиб шаванд». Дар бисёри мамлакатҳо душманон, ки хомӯш гаштани Шоҳидони Яҳуваро мехостанд, ба мақсадашон нарасида, яке паси дигаре сахт шарманда мешуданд. Дар он мамлакатҳо мардонагӣ ва истодагарии ходимони ҳақиқии Худо ба дили одамони самимӣ таъсир кард ва бисёриҳо ба ҷустуҷӯи номи Яҳува шурӯъ намуданд. Дар як қатор мамлакатҳо, ки он ҷо Шоҳидони Яҳува бераҳмона таъқиб мешуданд, имрӯз даҳҳо ва ҳатто садҳо ҳазор одамон хурсандона Яҳуваро ҷалол медиҳанд. То чӣ андоза бузург аст ғалабаи Яҳува бар душманон! (Ирмиё 1:19-ро бихонед.)
17. Кадом имконияте, ки ҳоло ба мухолифон дода шудааст, ба қарибӣ нахоҳад буд ва мо дар ояндаи наздик кадом суханонро ба ёд хоҳем овард?
17 Албатта мо медонем, ки таъқиботҳо идома меёбанд. Вале мо мавъизаи хушхабарро давом медиҳем ва онро ҳатто ба мухолифон мерасонем (Мат. 24:14, 21). Ба қарибӣ он имконияте, ки ҳоло ба мухолифон барои тавба кардану наҷот ёфтан дода шудааст, дигар нахоҳад буд. Муқаддас гаштани номи Яҳува аз наҷоти одамон муҳимтар аст (Ҳизқиёл 38:23-ро бихонед.) Вақте ки ҳамаи халқҳои рӯи замин мувофиқи пешгӯӣ барои несту нобуд кардани халқи Худо муттаҳид мегарданд, мо суханони забурнависро ба ёд хоҳем овард. Ӯ дуо мекард: «Бигзор онҳо ба сурати абадӣ шарманда ва ошуфтаҳол шаванд, ва расво шуда, нест гарданд» (Заб. 82:18).
18, 19. а) Шахсонеро, ки бар зидди ҳокимияти Яҳува якравона мухолифат мекунанд, чӣ интизор аст? б) Донистани он ки Яҳува ба наздикӣ ҳақ будани ҳокимияташро исбот менамояд, ба шумо чӣ гуна таъсир мекунад?
18 Шахсонеро, ки ба ҳокимияти Яҳува якравона мухолифат мекунанд, оқибати нанговар интизор аст. Мувофиқи Каломи Худо касоне, ки ба хушхабар «итоат намекунанд», дар Ҳармиҷидӯн маҳв карда мешаванд ва «гирифтори ҷазои ҳалокати абадӣ» мегарданд (2 Тас. 1:7–9). Ҳалокати мухолифон ва наҷоти касоне, ки Яҳуваро дар ростӣ ибодат мекунанд, далели қатъии он аст, ки танҳо Яҳува Худои ҳақиқӣ мебошад. Дар дунёи нав ин ғалабаи бузург ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Ҳам одилон ва ҳам золимоне, ки он ҷо эҳё мешаванд, корҳои бузурги Яҳуваро хоҳанд фаҳмид (Аъм. 24:15). Дар дунёи нав онҳо эътимод ҳосил мекунанд, ки эътироф кардани ҳокимияти Яҳува оқилона аст. Инсонҳои ҳалими эҳёшуда дарҳол мефаҳманд, ки Яҳува Худои ягонаи ҳақиқӣ мебошад.
19 Чӣ ояндаи олиҷаноберо Падари пурмуҳаббатамон барои ходимони содиқаш тайёр кардааст! Магар ин шуморо барнамеангезад, то дуо гӯед, ки Яҳува ба дуои забурнавис комилан ҷавоб диҳад? Ӯ хитоб мекард: «Бигзор онҳо [душманони Ту] ба сурати абадӣ шарманда ва ошуфтаҳол шаванд, ва расво шуда, нест гарданд, ва бидонанд, ки танҳо Ту, ки исмат Худованд [«Яҳува», Тарҷумаи форсӣ] аст, бар тамоми замин Ҳаққи Таоло ҳастӣ» (Заб. 82:18, 19).
[Эзоҳ]
a Пеш аз омӯзиши ин мақола, хуб мешуд, агар таронаи 82–юми китоби Забурро хонда, бо мазмуни он шинос гардед.
Оё фаҳмонида метавонед?
• Ҳангоми навишта шудани таронаи 82–юми китоби Забур исроилиён дар кадом вазъият қарор доштанд?
• Барои нависандаи таронаи 82–юм чӣ аҳамияти аввалиндараҷа дошт?
• Нафрати Шайтон имрӯз ба кӣ равона карда шудааст?
• Яҳува ба он дуое, ки дар Забур 82:19 навишта шудааст, чӣ гуна комилан ҷавоб медиҳад?