Румиён
2 Барои ҳамин ту, эй бародар, касе, ки набошӣ,+ агар дигаронро ҳукм кунӣ, чизе туро сафед карда наметавонад. Охир, вақте ки ту касеро ҳукм мекунӣ, худатро маҳкум мекунӣ, зеро ту, эй ҳукмкунанда, худат низ ба ҳамон корҳо даст мезанӣ.+ 2 Лекин мо медонем, ки доварии Худо ҳақ аст ва бар зидди кунандагони чунин корҳост.
3 Эй бародар, наход ту гумон кунӣ, ки, агар дигаронро барои корҳояшон ҳукм кунӣ, вале худат ҳам ба чунин корҳо даст занӣ, аз ҳукми Худо халос мешавӣ? 4 Ё ту меҳрубонӣ,+ худдорӣ+ ва пуртоқатии+ фаровони Худоро ночиз меҳисобӣ, бехабар аз он ки ӯ аз рӯйи меҳрубонияш туро сӯйи тавба роҳнамоӣ карданӣ аст?+ 5 Азбаски ту якравӣ мекунӣ ва тавба кардан намехоҳӣ, ба хашми Худо, ки дар рӯзи ғазаб ва доварии одилонаи ӯ фурӯ мерезад, гирифтор мешавӣ.+ 6 Дар он вақт Худо ба ҳар кас аз рӯйи рафтораш подош медиҳад:+ 7 ба онҳое, ки пайваста корҳои нек карда, ҷалол, иззат ва бефаноиро+ меҷӯянд, ҳаёти ҷовидонӣ ато мекунад, 8 аммо бар онҳое, ки доимо баҳсу моҷаро мекунанд ва на ба ростӣ, балки ба бадӣ итоат мекунанд, хашму ғазабашро фурӯ мерезад.+ 9 Ба сари ҳар зиёнкор, аввалан яҳудӣ ва баъд юнонӣ, андуҳу азоб меояд, 10 вале ҳар некукор, аввалан яҳудӣ+ ва баъд юнонӣ,+ ҷалол, иззат ва сулҳу осоиштагӣ меёбад, 11 зеро Худо ба ҳама бо як чашм менигарад.+
12 Касоне, ки шариат надоранду гуноҳ мекунанд, бе ҳукми шариат мемиранд,+ лекин ҳамаи онҳое, ки шариат доранду гуноҳ мекунанд, мувофиқи шариат маҳкум карда мешаванд.+ 13 Охир, Худо на шунавандагони шариат, балки иҷрокунандагони онро росткор мешуморад.+ 14 Вақте халқҳое, ки шариат надоранд,+ аз рӯйи табиати худ гуфтаҳои шариатро ба ҷо меоранд, онҳо, гарчанд шариат надоранд, барои худ шариат ҳастанд. 15 Мағзи шариат дар дили онҳо навишта шудааст, виҷдонашон низ ба онҳо шаҳодат медиҳад ва онҳо худро дар фикрашон гоҳе айбдор мекунанду гоҳе сафед. 16 Ҳамаи ин дар рӯзе воқеъ мегардад, ки Худо ба воситаи Исои Масеҳ фикру корҳои пинҳонии одамонро доварӣ мекунад.+ Ин мувофиқи хушхабарест, ки ман ба шумо эълон мекунам.
17 Ту яҳудӣ ном дориву+ ба шариат такя мекунӣ ва бо Худои худ фахр дорӣ, 18 хости ӯро медонӣ ва чизҳои пурарзишро мешиносӣ, зеро аз рӯйи Шариат таълим гирифтаӣ.+ 19 Ту дилпурӣ, ки роҳнамои кӯрон, равшанӣ барои бошандагони зулмот, 20 ислоҳгари бефаҳмон ва омӯзгори кӯдаконӣ, чунки аз таълимоту ҳақиқатҳои асосии Шариат огоҳ ҳастӣ. 21 Пас, чӣ тавр ту дигаронро таълим медиҳиву худатро таълим намедиҳӣ?+ Дигаронро насиҳат карда «дуздӣ накун»+ мегӯиву худат дуздӣ мекунӣ? 22 «Ба ҳамсарат хиёнат накун»+ мегӯӣ, лекин худат хиёнат мекунӣ? Аз бутҳо нафрат дорӣ, лекин бутхонаҳоро ғорат мекунӣ? 23 Бо шариат фахр мекуниву Шариатро поймол карда Худоро беҳурмат мекунӣ? 24 Аз пушти ин корҳоятон, чи тавре ки навишта шудааст, «номи Худо аз барои шумо дар байни халқҳо доғдор гаштааст».+
25 Хатна+ бошад, танҳо ҳамон вақт фоида меорад, ки аз рӯйи шариат рафтор кунӣ,+ лекин, агар шариатро поймол кунӣ, хатнаат мисли бехатнагист. 26 Барои ҳамин, агар шахси бехатна+ талаботи одилонаи Шариатро ба ҷо орад, ӯ хатнашуда ҳисоб меёбад, ҳамин тавр не?+ 27 Касе, ки ҷисмаш хатна нашудааст, Шариатро риоя карда, туро маҳкум мекунад, зеро ту, ҳарчанд шариати навиштаро дориву хатна шудаӣ, шариатро поймол месозӣ. 28 Яҳудӣ на он касест, ки дар намуд чунин аст,+ ва хатна на он чизест, ки дар ҷисм намоён аст,+ 29 балки яҳудӣ онест, ки дар ботин чунин аст,+ ва хатнаи ӯ дар дил ба воситаи рӯҳ аст,+ на ба воситаи шариати навишта.+ Чунин шахсро на одамон, балки Худо таърифу таҳсин мекунад.+