Юҳанно
21 Пас аз ин Исо боз ба шогирдонаш дар назди баҳри Табария намудор шуд. Ин воқеа чунин рӯй дод: 2 Шимъӯни Петрус, Тумо, ки Дугоник номида мешуд,+ Натанъил,+ ки аз Қонои Ҷалил буд, писарони Забдой+ ва боз ду шогирди дигар бо ҳам ҷамъ омада буданд. 3 Шимъӯни Петрус ба онҳо гуфт: «Ман моҳигирӣ меравам». Дигарон гуфтанд: «Мо низ бо ту меравем». Онҳо рафта, ба қаиқ савор шуданд, лекин он шаб чизе сайд накарданд.+
4 Ҳангоми дамидани субҳ Исо дар соҳил истода буд, лекин шогирдон ӯро нашинохтанд.+ 5 Он гоҳ Исо аз онҳо пурсид: «Эй фарзандон, оё чизе* барои хӯрдан доред?» «Не»,— ҷавоб доданд онҳо. 6 Ӯ ба онҳо гуфт: «Тӯрро аз тарафи рости қаиқ ба об партоед, моҳӣ меқапед». Онҳо тӯри худро партофтанд, вале аз бисёрии моҳӣ онро бароварда натавонистанд.+ 7 Шогирде, ки Исо дӯсташ медошт,+ ба Петрус гуфт: «Ин Ҳазрат аст!» Инро шунида Шимъӯни Петрус, ки нимбараҳна буд, либосашро пӯшид ва худро ба баҳр партофт. 8 Шогирдони дигар бошанд, дар қаиқи хурд шинокунон тӯри пур аз моҳиро кашида оварданд, зеро аз соҳил тахминан 90 метр* дур буданд.
9 Вақте шогирдон ба соҳил расиданд, оташи бо лахчаҳо афрӯхтаро диданд, ки дар рӯйи он моҳӣ гузошта шуда буд ва дар паҳлуяш нон ҳам буд. 10 Исо ба онҳо гуфт: «Аз моҳие, ки сайд кардед, якчандто биёред». 11 Он гоҳ Шимъӯни Петрус ба қаиқ даромада, тӯрро, ки 153 моҳии калон дошт, ба соҳил баровард ва, ҳарчанд моҳӣ бисёр буд, тӯр надарид. 12 Исо ба онҳо гуфт: «Биёед ва наҳорӣ кунед». Лекин касе аз шогирдон ҷуръат накард, ки аз ӯ пурсад: «Ту кистӣ?», зеро онҳо медонистанд, ки ин Ҳазрат аст. 13 Исо наздик омада, нонро гирифту ба онҳо тақсим кард ва бо моҳӣ низ чунин кард. 14 Ин бори сеюм буд,+ ки Исо пас аз зинда шуданаш ба шогирдон намудор шуд.
15 Пас аз хӯрок Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯн, писари Юҳанно, оё маро аз инҳо бештар дӯст медорӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Бале, Ҳазрат, ту медонӣ, ки бароям азиз ҳастӣ». Исо ба ӯ гуфт: «Барраҳои маро бичарон».+ 16 Ӯ боз пурсид: «Эй Шимъӯн, писари Юҳанно, оё маро дӯст медорӣ?» Шимъӯн гуфт: «Бале, Ҳазрат, ту медонӣ, ки бароям азиз ҳастӣ». Исо гуфт: «Барраҳои маро чӯпонӣ кун».+ 17 Сипас ӯ бори сеюм ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн, писари Юҳанно, оё бароят азиз ҳастам?» Петрус ғамгин шуд, ки ӯ бори сеюм чунин савол дод, ва гуфт: «Эй Ҳазрат, ҳама чиз ба ту маълум аст ва ту медонӣ, ки бароям азиз ҳастӣ». Исо ба ӯ гуфт: «Барраҳои маро бичарон.+ 18 Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: вақте ҷавонтар будӣ, худат либосатро пӯшида, ба куҷое хоҳӣ, мерафтӣ, аммо, вақте пир шавӣ, дастонатро дароз мекунӣ ва дигаре туро либос пӯшонда, ба ҷое мебарад, ки намехоҳӣ». 19 Исо бо ин суханаш нишон дод, ки Петрус бо чӣ гуна марг Худоро ҷалол медиҳад. Пас аз ин ӯ гуфт: «Минбаъд низ маро пайравӣ кун».+
20 Петрус ба ақиб нигариста, дид, ки шогирде, ки Исо дӯсташ медошт,+ аз паси онҳо омада истодааст. Ӯ ҳамон шогирде буд, ки дар вақти хӯроки шом рӯйяшро сӯйи Исо карда, пурсида буд: «Ҳазрат, он касе, ки ба ту хиёнат мекунад, кист?» 21 Петрус дар бораи он шогирд аз Исо пурсон шуда гуфт: «Ҳазрат, бо ӯ чӣ мешавад?» 22 Исо дар ҷавоб гуфт: «Агар хости ман ҳамин бошад, ки то омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад? Ту минбаъд низ маро пайравӣ кун». 23 Аз ин рӯ дар байни бародарон овоза шуд, ки он шогирд намемурад. Вале Исо гуфтанӣ набуд, ки вай намемурад, балки гуфт: «Агар хости ман ҳамин бошад, ки то омаданам, вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад?»
24 Ин ҳамон шогирдест,+ ки дар бораи ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва ҳамаи инро навиштааст. Мо медонем, ки шаҳодати ӯ рост аст.
25 Дар асл, Исо боз бисёр корҳои дигаре ба ҷо овард, ки, агар батафсил навишта мешуданд, ба фикрам, тамоми ҷаҳон он дастхатҳоро ғунҷонда наметавонист.+