Ғалотиён
2 Сипас, баъди 14 сол, ман бо Барнаббо+ боз ба Ерусалим омадам ва Титусро низ бо худ гирифтам.+ 2 Ман ба он ҷо равона шудам, зеро ба ман ошкор шуд, ки бояд ба он ҷо равам. Дар он ҷо ман хушхабареро, ки ба халқҳои дигар мерасонам, дар танҳоӣ ба бародарони соҳибэҳтиром баён кардам. Ҳамин тавр, ман дилпур шуданӣ будам, ки давидани ман беҳуда несту набуд. 3 Лекин онҳо ҳатто ҳамсафарам Титусро,+ ки юнонӣ буд, ба хатна кардан+ маҷбур накарданд. 4 Ин масъала аз боиси бародарони бардурӯғе, ки номаълум ба ҷамоат даромада буданд,+ сар зад. Онҳо пинҳонӣ, чун ҷосусон барои пойидани озодие,+ ки мо чун пайравони Исои Масеҳ дорем, омаданд, то моро пурра ғулом гардонанд.+ 5 Мо як лаҳза ҳам ба онҳо гузашт накардем ва итоат нанамудем,+ то ростии хушхабар минбаъд низ бо шумо бошад.
6 Лекин онҳое, ки соҳибэҳтиром ҳисоб меёфтанд+ (мақому мартабаи онҳо бароям аҳамияте надорад, зеро Худо одамро аз нигоҳи инсонӣ баҳо намедиҳад), ба ман чизи наве нагуфтанд. 7 Онҳо диданд, ки расондани хушхабар ба бехатнагон ба уҳдаи ман гузошта шудааст, чи тавре ки расондани он ба хатнашудагон+ ба уҳдаи Петрус, 8 зеро Худое, ки ба Петрус қудрат дод, то расули хатнашудагон бошад, ба ман низ қудрат дод, то расули халқҳои дигар бошам.+ 9 Вақте онҳо хабардор шуданд, ки Худо ба ман лутфу марҳамат кардааст,+ Яъқуб,+ Кифо* ва Юҳанно, ки сутунҳои ҷамоат ҳисоб меёфтанд, чун аломати розигӣ* ба ману Барнаббо+ дасти росташонро дароз карданд, то мо назди халқҳои дигар равем, онҳо бошанд, назди хатнашудагон. 10 Онҳо фақат хоҳиш карданд, ки бародарони камбағалро аз хотир набарорем, ва ман низ кӯшиш мекардам, ки ин корро бо ҷидду ҷаҳд ба ҷо орам.+
11 Вале, вақте Кифо+ ба Антиохия+ омад, ман рӯирост ӯро сарзаниш кардам, чунки ӯ, дар ҳақиқат, кори нодуруст кард. 12 Пеш аз он ки баъзе касон аз пеши Яъқуб+ биёянд, ӯ бо касоне, ки аз халқҳои дигар буданд, хӯрок мехӯрд,+ лекин, ҳамин ки онҳо омаданд, ӯ аз тарси хатнашудагон ин корашро бас кард ва худро дур кашид.+ 13 Яҳудиёни дигар низ дар дурӯягӣ ба ӯ ҳамроҳ шуданд ва дурӯягии онҳо ҳатто ба Барнаббо таъсир кард. 14 Вақте дидам, ки онҳо аз рӯйи ростии хушхабар рафтор намекунанд,+ дар пеши ҳама ба Кифо гуфтам: «Агар ту, ки яҳудӣ ҳастӣ, мисли яҳудиён неву мисли халқҳои дигар зиндагӣ кунӣ, чӣ тавр онҳоеро, ки аз халқҳои дигаранд, маҷбур мекунӣ, ки аз рӯйи урфу одати яҳудиён зиндагӣ кунанд?»+
15 Мо, ки яҳудӣ зода шудаем ва мисли халқҳои дигар гунаҳкор нестем, 16 медонем, ки одам на аз рӯйи корҳои шариат, балки фақат аз рӯйи имон+ ба Исои Масеҳ росткор ҳисобида мешавад.+ Аз ин рӯ мо ба Исои Масеҳ имон овардем, то на ба воситаи корҳои шариат, балки ба воситаи имон ба Масеҳ росткор ҳисобида шавем, зеро ягон инсон бо иҷро кардани гуфтаҳои шариат росткор дониста намешавад.+ 17 Агар мо кӯшиш кунем, ки ба воситаи Масеҳ росткор ҳисобида шавему бо вуҷуди ин гунаҳкор дониста шавем, оё ин маънои онро дорад, ки Масеҳ моро ба гуноҳ тела медиҳад? Не, асло! 18 Агар ман он чиро, ки як вақтҳо вайрон карда будам, аз нав бино кунам, ман нишон медиҳам, ки қонуншикан ҳастам. 19 Ба воситаи шариат ман барои шариат мурдам,+ то барои Худо зинда шавам. 20 Ман бо Масеҳ дар сутун мехкӯб шудаам+ ва акнун на ман зиндагӣ мекунам,+ балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ин зиндагие, ки акнун дар ҷисм мекунам, ҳамоҳанг бо имон ба Писари Худост*,+ ки маро дӯст дошт ва ҳаёташро барои ман фидо кард.+ 21 Ман лутфу марҳамати Худоро рад намекунам,+ зеро, агар росткорӣ ба воситаи шариат бошад, пас, Масеҳ беҳуда мурдааст.+