Луқо
2 Дар он рӯзҳо қайсар Авғустус фармон дод, ки мардуми тамоми заминро саршуморӣ кунанд. 2 (Ин саршумории аввалин вақте карда шуд, ки Кириниюс ҳокими Сурия буд.) 3 Аз ин сабаб тамоми мардум барои саршуморӣ шудан ба шаҳри худ рафтанд. 4 Юсуф+ низ аз Ҷалил, аз шаҳри Носира, ба Яҳудия, ба шаҳри Довуд, ки Байт-Лаҳм+ ном дошт, равона шуд, чунки ӯ аз хонадон ва авлоди Довуд буд. 5 Ӯ ба он ҷо рафт, то худаш ва Марямро, ки он вақт аллакай зани ӯ шуда буд ва ба қарибӣ бояд таваллуд мекард,+ номнавис кунад.+ 6 Ҳангоме ки онҳо дар он шаҳр буданд, вақти зоидани Марям расид. 7 Марям писари калонияшро таваллуд кард+ ва ӯро парпеч карда, дар охур гузошт,+ чунки дар мусофирхона барояшон ҷое ёфт нашуд.
8 Он вақт дар он маҳал чӯпононе шабона дар саҳро рамаҳои худро нигаҳбонӣ мекарданд. 9 Ногаҳон фариштаи Яҳува ба онҳо намудор шуд ва гирду атрофашон аз ҷалоли Яҳува дурахшон гашт. Чӯпонон аз ин ба тарсу ҳарос афтоданд, 10 вале фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед, чунки ман ба шумо хабари хушеро эълон мекунам, ки ба ҳамаи халқҳо шодии бузурге меорад. 11 Имрӯз дар шаҳри Довуд+ барои шумо халосгаре+ таваллуд шуд, ки Масеҳ* ва Ҳазрат аст.+ 12 Ӯро ин тавр мешиносед: шумо тифли парпечу дар охур хобидаеро меёбед». 13 Баногоҳ дар пеши фаришта лашкари сершумори осмонӣ пайдо шуд,+ ки Худоро ҳамду сано хонда чунин мегуфт: 14 «Худоро дар осмон ҷалол бод! Осоиштагӣ бар замин бод, дар миёни одамоне, ки Худо аз онҳо розист!»
15 Пас аз он ки фариштаҳо ба осмон баргаштанд, чӯпонон ба якдигар гуфтанд: «Биёед худи ҳозир ба Байт-Лаҳм рафта, рӯйдодеро, ки Яҳува ба мо маълум кард, бубинем». 16 Онҳо зуд ба он ҷо рафта, Маряму Юсуф ва кӯдаки дар охур хобидаро ёфтанд. 17 Вақте ки чӯпонон кӯдакро диданд, он чиро, ки фаришта дар бораи вай ба онҳо гуфт, нақл карданд. 18 Ҳама касоне, ки нақли чӯпононро шуниданд, аз суханони онҳо ба ҳайрат омаданд, 19 Марям бошад, ҳамаи он гуфтаҳоро дар дил нигоҳ дошта, дар бораи маънои онҳо андеша меронд.+ 20 Баъд аз он чӯпонон назди рамаҳои худ баргаштанд ва дар роҳ Худоро ҷалол дода ситоиш намуданд, зеро ҳама чизҳои шунидаву дидаашон мувофиқи он чизе буд, ки ба онҳо гуфта шуд.
21 Пас аз ҳашт рӯз, вақте ки замони хатна кардани кӯдак фаро расид,+ ӯ Исо номида шуд, чуноне ки фаришта ӯро, ҳанӯз пеш аз он ки дар батни модар пайдо шавад, номида буд.+
22 Ҳамчунин, ҳангоме ки онҳо аз рӯйи Тавроти* Мӯсо бояд пок мегаштанд,+ кӯдакро ба Ерусалим оварданд, то ба Яҳува пешкаш кунанд, 23 чи тавре ки дар Шариати Яҳува навишта шудааст: «Ҳар писари аввалин* бояд барои Яҳува ҷудо карда шавад».+ 24 Онҳо мувофиқи Шариати Яҳува қурбонӣ оварданд, ки дар он дар бораи пешкаш кардани «ҷуфти мусича ё ду кафтарбача» гуфта шудааст.+
25 Дар Ерусалим марде буд, ки Шимъӯн ном дошт. Ин марди росткору худотарс мунтазири вақте буд, ки Худо Исроилро тасаллӣ мебахшад,+ ва рӯҳи муқаддас бар ӯ буд. 26 Худо бо рӯҳи муқаддас ба вай ошкор намуда буд, ки ӯ, то Масеҳи Яҳуваро набинад, намемирад. 27 Шимъӯн бо роҳбарии рӯҳи муқаддас ба ибодатгоҳ омад ва, вақте падару модари Исо барои ба ҷо овардани маросими Шариат ӯро ба он ҷо оварданд,+ 28 Шимъӯн кӯдакро ба даст гирифт ва Худоро ҳамду сано хонда гуфт: 29 «Эй Парвардигоро, акнун, чуноне ки гуфта будӣ, бигзор бандаат орому осуда бимирад,+ 30 зеро чашмони ман наҷотеро диданд,+ 31 ки ту пеши назари халқҳо тайёр кардаӣ.+ 32 Он нурест,+ ки пардаи торикиро аз рӯйи халқҳо мебардорад,+ он ҷалоли халқат Исроил аст». 33 Падару модари кӯдак аз суханоне, ки дар бораи фарзандашон шуниданд, дар ҳайрат буданд. 34 Шимъӯн онҳоро дуои нек карда, ба Марям, модари кӯдак, гуфт: «Бидон, ки ин кӯдак сабаби афтодан+ ва аз нав бархестани бисёри исроилиён мегардад+ ва аломате мешавад, ки бар зиддаш сухан мегӯянд,+ 35 то фикру андешаи дили бисёр касон ошкор гардад. Аммо дили туро, эй Марям, андуҳ ҳамчун шамшере шикоф мекунад».+
36 Дар он ҷо ҳамчунин зане буд, ки пайғомҳои Худоро мерасонд. Ӯ Ҳанои духтари Фануил, аз қабилаи Ошер, буд. Ин зани солхӯрда пас аз шавҳар карданаш бо ҳамсари худ ҳамагӣ ҳафт сол зиндагӣ карда буд. 37 Ин бевазани 84-сола ҳеҷ гоҳ ибодатгоҳро тарк намекард ва шабу рӯз бо рӯза ва дуову илтиҷо хизмати муқаддасро ба ҷо меовард. 38 Вақте Юсуфу Марям дар ибодатгоҳ буданд, ӯ наздик омада, Худоро шукрона гуфт ва ба ҳамаи онҳое, ки халосии Ерусалимро интизор буданд,+ дар бораи кӯдак гап зад.
39 Баъд аз он ки онҳо ҳама чиро мувофиқи Шариати Яҳува ба ҷо оварданд,+ ба Ҷалил, ба шаҳрашон Носира,+ баргаштанд. 40 Кӯдак калон шуда, қувват мегирифту аз хирад пур мегашт ва Худо аз ӯ розӣ буд.+
41 Падару модари Исо ҳар сол барои ҷашн гирифтани Иди Раҳоӣ ба Ерусалим мерафтанд.+ 42 Боре, вақте ки ӯ 12-сола буд, онҳо аз рӯйи одати худ ба он ид омаданд.+ 43 Пас аз он ки рӯзҳои ид ба охир расид, онҳо ба хона равона шуданд, вале Исо дар Ерусалим монд. Падару модараш аз ин хабардор набуданд, 44 онҳо, ба гумони он ки ӯ бо ҳамроҳонашон аст, роҳи якрӯзаро тай намуданд. Вале дертар, вақте ӯро дар байни хешон ва шиносонашон ҷустуҷӯ карда 45 наёфтанд, ба Ерусалим баргаштанд ва ӯро дар ҳама ҷо кофтанд. 46 Пас аз се рӯз Марям ва Юсуф Исоро дар ибодатгоҳ ёфтанд, ки дар байни устодон нишаста, онҳоро гӯш мекард ва саволҳо медод. 47 Ҳамаи шунавандагон аз фаҳмиш ва ҷавобҳои Исо ҳайрон мешуданд.+ 48 Падару модараш ӯро дида дар ҳайрат монданд. Модараш ба ӯ гуфт: «Бачам, барои чӣ бо мо ин хел рафтор кардӣ? Охир, ману падарат туро дар ҳама ҷо кофта бисёр хавотир шудем». 49 Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Барои чӣ маро кофтед? Магар намедонистед, ки ман бояд дар хонаи Падари худ+ бошам?» 50 Вале онҳо ба маънои ин суханон сарфаҳм нарафтанд.
51 Баъди ин ӯ ҳамроҳи волидонаш ба Носира баргашт ва дар итоати онҳо буд.+ Модараш бошад, ҳамаи ин суханонро дар дил нигоҳ медошт.+ 52 Исо рӯз аз рӯз калон мешуд, хирадаш торафт зиёд мегашт ва ба Худову одамон бештар маъқул мешуд.