Пандгӯ
10 Чуноне ки пашаҳои мурда равғани атрсозро бӯйгину вайрон мекунанд, ҳамин тавр андак аблаҳӣ обрӯйи одами хирадманду соҳибэҳтиромро мерезонад.+
2 Дили хирадманд ӯро ба роҳи рост мебарад*, вале дили аблаҳ ӯро ба роҳи каҷ мебарад*.+ 3 Аҳмақ бо кадом роҳе, ки наравад, ақли расо надорад+ ва ба ҳама аҳмақияшро маълум месозад.+
4 Агар ғазаби ҳоким бар ту аланга занад, ҷоятро тарк накун,+ зеро оромӣ гуноҳҳои азимро кам мекунад.+
5 Дар зери осмон чизи ғамовареро дидам, ки хатои соҳибқудратон аст:+ 6 бисёр вақт ба аҳмақон мансабҳои баланд медиҳанд, вале ба сазоворон мақоми паст.
7 Хизматгоронро аспсавору миронро чун хизматгорон пиёда дидаам.+
8 Касе, ки чоҳ меканад, ба он афтида метавонад+ ва касе девори сангинро мешиканад, ӯро мор газида метавонад.
9 Касе, ки кон меканад, аз санг захмдор шуда метавонад ва вақти ҳезумшиканӣ кас зарар дида метавонад*.
10 Агар асбоби оҳанин кунд шаваду дами онро тез накунанд, қувваи зиёд сарф кардан лозим мешавад, аммо хирад комёбӣ меорад.
11 Агар мор пеш аз афсун шуданаш касеро газад, аз ҳунари афсунгар чӣ фоида?!
12 Хирадманд бо суханони даҳонаш дил меёбад,+ вале лабони аблаҳ ӯро ба шикаст меорад.+ 13 Оғози суханаш аҳмақист+ ва поёни суханаш авҷи девонагист. 14 Аммо аҳмақ баъд аз ин ҳам гап заданро бас намекунад.+
Кас намедонад, ки дар оянда чӣ рӯй медиҳад. Кӣ метавонад ба вай бигӯяд, ки баъд аз сари вай чӣ мешавад?+
15 Заҳмати аблаҳ ӯро беҳол мекунад, чунки вай намедонад роҳи шаҳрро чӣ хел ёбад.
16 Вой бар ҳоли сарзамине, ки подшоҳаш кӯдак бошаду+ миронаш аз саҳар зиёфат хӯранд! 17 Чӣ хушбахт аст сарзамине, ки подшоҳаш асилзода аст ва миронаш дар вақташ барои қувват гирифтан мехӯранду менӯшанд, на барои мастигарӣ!+
18 Аз танбалии зиёд бом фурӯ меравад ва аз даст дар бағал нишастан боми хона мечакад.+
19 Нон дилро хурсанд мекунад ва шароб ҳаётро хуш мегардонад,+ аммо пул ҳар гуна ниёзро қонеъ мегардонад.+
20 Шоҳро ҳатто дар фикрат* лаънат нахон*+ ва бойро дар хонаи хобат лаънат нагӯ, зеро паранда суханатро мерасонад ва мурғи ҳаво хабар мекашад.