1 Қӯринтиён
7 Акнун ба саволҳои шумо ҷавоб менависам: барои мард беҳтар аст, ки ба зан нарасад*, 2 аммо, аз сабаби он ки зино* паҳн гаштааст, бигзор ҳар мард зани худро дошта бошад+ ва ҳар зан шавҳари худро.+ 3 Бигзор шавҳар вазифаи заношӯйиро нисбати занаш ба ҷо орад ва зан низ нисбати шавҳараш чунин кунад.+ 4 Зан бар ҷисми худ ҳукмфармо нест, балки шавҳар ҳукмфармост, ба ин монанд, шавҳар низ бар ҷисми худ ҳукмфармо нест, балки зан ҳукмфармост. 5 Якдигарро аз қонеъ кардани ниёзҳои заношӯйӣ маҳрум накунед, балки фақат дар вақти муқарраршуда ва бо розигии ҳар ду, то ки вақти худро ба дуо гуфтан бахшед, ва аз нав якҷоя шавед, то Шайтон аз сабаби худдорӣ карда натавонистанатон шуморо васваса накунад. 6 Агар хоҳед, ба ин маслиҳатам гӯш диҳед, аммо ин амри қонун нест. 7 Мехоҳам, ки ҳамаи одамон мисли ман бошанд, аммо ҳар кас аз ҷониби Худо атои худро дорад,+ яке як ато, дигаре атои дигар.
8 Ба муҷаррадон ва бевазанон мегӯям, ки, агар мисли ман бимонанд, барои онҳо беҳтар аст.+ 9 Аммо, агар худдорӣ карда натавонанд, бигзор оиладор шаванд, зеро оиладор шудан аз сӯхтан дар оташи шаҳват беҳтар аст.+
10 Ба оиладорон на ман, балки Ҳазрат насиҳат медиҳад: зан аз шавҳараш наравад,+ 11 лекин, агар равад, дигар шавҳар накунад ё бо шавҳараш оштӣ шавад. Шавҳар низ набояд зани худро тарк кунад.+
12 Ба дигарон ман мегӯям, на Ҳазрат:+ агар зани бародаре ҳамимонаш набошад, вале розӣ бошад, ки бо шавҳараш бимонад, бигзор ӯ занашро тарк накунад. 13 Ё, агар зан шавҳар дошта бошаду вай ҳамимонаш набошад, вале розӣ бошад, ки бо занаш бимонад, бигзор ӯ шавҳарашро тарк накунад. 14 Шавҳаре, ки ҳамимон нест, ба воситаи зани имондораш поку муқаддас мегардад ва зане, ки ҳамимон нест, ба воситаи шавҳари имондораш пок мегардад, вагарна фарзандони онҳо дар назари Худо нопок мебуданд, вале ҳоло онҳо поканд. 15 Лекин, агар шахс ҳамимони мо набошаду ҳамсари худро тарк кардан хоҳад, бигзор равад, дар ин ҳолат бародар ё хоҳар вазифадор нест, ки бо ӯ бимонад. Худо шуморо ба осоиштагӣ даъват кардааст.+ 16 Охир, эй зан, агар бо шавҳари худ бимонӣ, шояд, шавҳаратро наҷот диҳӣ.+ Ё ту, эй шавҳар, агар бо зани худ бимонӣ, шояд, занатро наҷот диҳӣ.
17 Бигзор ҳар кас мувофиқи ҳиссае, ки Яҳува ба ӯ додааст, ва дар ҳамон ҳолате, ки Худо ӯро даъват кардааст,+ зиндагӣ кунад. Ман ин дастурро ба ҳамаи ҷамоатҳо медиҳам. 18 Агар касе вақти даъват шуданаш хатнашуда бошад,+ бигзор худро бехатна нагардонад. Ё, агар касе ҳангоми даъват шуданаш бехатна бошад, бигзор хатна накунад.+ 19 На хатна аҳамияте дорад ва на бехатнагӣ;+ муҳим он аст, ки шахс амрҳои Худоро риоя кунад.+ 20 Ҳар кӣ дар кадом ҳолате даъват шудааст, дар ҳамон ҳолат бимонад.+ 21 Агар ҳангоми ғулом буданат даъват шуда бошӣ, аз ин нороҳат нашав,+ вале, агар озод шуда тавонӣ, имкониятро аз даст надеҳ. 22 Ҳар касе, ки ҳангоми ғулом буданаш даъват шуда, пайрави Ҳазратамон гаштааст, озод аст ва ба Ҳазрат тааллуқ дорад.+ Ба ин монанд, ҳар касе, ки ҳангоми озод буданаш даъват шудааст, ғуломи Масеҳ аст. 23 Шумо бо нархи гарон харида шудаед,+ дигар ғуломи одамон нагардед. 24 Эй бародарон, ҳар кӣ дар кадом ҳолате даъват шудааст, дар ҳамон ҳолат назди Худо бимонад.
25 Дар бораи касоне, ки оиладор нашудаанд,* аз Ҳазрат амре нагирифтаам, вале ба суханонам бовар карда метавонед,+ зеро аз лутфи Ҳазрат баҳравар гаштаам. 26 Андешаи ман ин аст, ки ба сабаби душвории замона барои одам беҳтар аст, ки чи хеле ҳаст, бимонад. 27 Агар зандор бошӣ, дар фикри ҷудо шудан набош,+ агар безан бошӣ, дар ҷустуҷӯйи зан набош. 28 Лекин, оиладор шавӣ ҳам, гуноҳе намекунӣ. Агар касе, ки зан ё шавҳар накардааст,* хонадор шавад, гуноҳ намекунад. Аммо дар ҳаёти чунин касон душвориҳои нав ба миён меоянд*. Ман бошам, ғами шуморо мехӯрам.
29 Эй бародарон, ба шумо боз гуфтаниям, ки вақти боқимонда кӯтоҳтар шудааст.+ Минбаъд зандорон мисли безанон бошанд, 30 касони гирён мисли он ки гирён набошанд, шоддилон мисли он ки шод набошанд, харидорон мисли он ки соҳиби чизе нашуда бошанд 31 ва онҳое, ки аз ҷаҳон истифода мебаранд, мисли онҳое бошанд, ки аз он пурра истифода намебаранд, чунки саҳнаи ин ҷаҳон дигар шуда истодааст. 32 Ман мехоҳам, ки шумо беғам бошед. Марди безан ғами кори Ҳазратро мехӯрад, то ба Ҳазрат маъқул шавад. 33 Аммо марди зандор дар бораи чизҳои ин ҷаҳон ғам мехӯрад,+ то ба зани худ маъқул шавад, 34 ва диққати вай ба як чиз равона нест. Зани бешавҳар ё духтари бокира низ ғами кори Ҳазратро мехӯрад,+ то ки ҳам дар ҷисм ва ҳам дар рӯҳ пок бошад. Зани шавҳардор бошад, ғами чизҳои ин ҷаҳонро мехӯрад, то ба шавҳараш маъқул шавад. 35 Инро ба фоидаи худи шумо мегӯям, на барои он ки шуморо аз чизе маҳрум кунам, балки шуморо даъват кунам, ки ба таври шоиста рафтор намоед ва пайваста ба Ҳазратамон хизмат кунеду ҳушатон парешон нашавад.
36 Лекин, агар касе фикр кунад, ки хубаш оиладор шавад, бигзор оиладор шавад, ба шарте ки аз ҳад ҷавон набошад. Дар ин сурат ӯ гуноҳе намекунад.+ 37 Аммо касе, ки ба ин эҳтиёҷ надораду дар қарори худ устувор аст ва худдорӣ карда метавонаду дар дилаш азм кардааст, ки оиладор нашавад*, кори хубе мекунад.+ 38 Пас, ҳар кӣ оиладор мешавад, кори хуб мекунад, вале ҳар кӣ оиладор намешавад, кори беҳтар мекунад.+
39 Зан то он вақте, ки шавҳараш зинда аст, бояд бо ӯ бимонад.+ Аммо, агар шавҳараш аз олам чашм пӯшад, вай метавонад бо ҳар касе, ки хоҳад, оиладор шавад, фақат ки он шахс пайрави Ҳазрат бошад.+ 40 Вале, ба фикри ман, агар зан дубора оиладор нашавад, хушбахттар аст ва бовар дорам, ки ман низ рӯҳи Худоро дорам.