Яҳува дар вақтҳои душворӣ моро тасаллӣ медиҳад
«Худои ҳар тасалло... моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад» (2 ҚӮР. 1:3, 4).
1, 2. Чӣ тавр Яҳува моро дар вақтҳои душвор дастгирӣ мекунад ва Китоби Муқаддас моро ба чӣ боварӣ мебахшад?
БАРОДАРИ ҷавоне, ки шартан номашро Эдуардо мегӯем, оиди гуфтаҳои 1 Қӯринтиён 7:28, дар бораи он ки оиладорон «дар ҷисм азобҳо хоҳанд дошт», мулоҳиза ронд. Ӯ фаҳмидан мехост, ки «азобҳо» гуфта дар ин оят чӣ дар назар дошта шудааст ва чӣ тавр вақте оиладор мешавад, он «азобҳо»-ро паси сар кунад. Ӯ ин саволҳоро ба пири ҷамъомад Стивен, ки оиладор буд, дод. Бародар Стивен пеш аз ба ин саволҳо ҷавоб додан бо Эдуардо дигар гуфтаҳои Павлусро, аниқтараш дар бораи он ки Яҳува «Худои ҳар тасалло... моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад», муҳокима кард (2 Қӯр. 1:3, 4).
2 Яҳува, дар ҳақиқат, Падари меҳрубон аст ва дар вақтҳои душвор моро тасаллӣ медиҳад. Шояд ҳар яки мо дар ҳаёти худ ҳис кардем, ки чӣ хел Яҳува ба воситаи Каломаш моро дастгирӣ карда роҳ нишон дод. Мо бояд боварӣ дошта бошем, ки, чи тавре ки Ӯ дар бораи ходимони пешинааш ғамхорӣ мекард, дар бораи мо низ ғамхорӣ мекунад. (Ирмиё 29:11, 12-ро хонед.)
3. Дар ин мақола мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?
3 Вақте мо сабаби душвориҳои оилавиро мефаҳмем, ба мо паси сар кардани онҳо осонтар мешавад. Биёед дар ин мақола ба саволҳои зерин ҷавоб ёбем: ба «азобҳо»-е, ки Павлус дар бораашон гуфт, чиҳо дохил мешаванд? Чӣ тавр мисолҳои замони пеш ва ҳозира моро тасаллӣ медиҳанд? Ҷавоб ба ин саволҳо ба мо ёрдам мекунанд, ки душвориҳоро аз сар гузаронем.
«АЗОБҲО» ДАР ОИЛА
4, 5. Аз чӣ сабаб оиладорон «дар ҷисм азобҳо» дошта метавонанд?
4 Дар аввали таърихи инсоният Яҳува гуфта буд: «Мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд» (Ҳас. 2:24). Яҳува ин суханонро вақти барпо кардани оилаи аввалин гуфта буд. Аммо аз сабаби нокомилӣ оилаҳо бо душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд (Рум. 3:23). Масалан, пеш аз шавҳар кардан одатан зан ба волидонаш итоат мекунад. Лекин баъди хонадоршавӣ бояд ба шавҳараш итоат кунад, чунки Худо шавҳарро сардори зан таъйин кардааст (1 Қӯр. 11:3). Дар аввал шояд ба шавҳар сардорӣ кардан ва барои зан ба шавҳар гӯш додан душвор шавад. Боз як душвории дигар, ки навхонадорон бо он рӯ ба рӯ мешаванд, ин бо хусуру хушдоман ва дигар хешу табори ҳамсар забон ёфтан аст.
5 Душвории дигар пас аз ҳомиладор шудани зан пайдо мешавад. Одатан ҳамсарон аз фарзанддор шудан хурсанд мешаванд, лекин баъзан аз сабаби душвориҳо ҷойи хурсандиро ғаму ташвиш мегирад. Масалан, дар вақти ҳомиладорӣ ё таваллуд саломатии модар ва ё кӯдак бад шуда метавонад. Ё шояд оила муваққатан ё дурудароз аз ҷиҳати иқтисодӣ азоб кашад. Пас аз таваллуд шудани кӯдак низ ҳаёти ҳамсарон дигаргун мешавад. Акнун ҳушу ёди модар бештар ба кӯдаки навзод мешавад. Аз ин сабаб бисёр шавҳарон худро танҳо ҳис мекунанд. Ғайр аз ин, бар дӯши падар масъулиятҳои нав меафтад, чунки кӯдаки навзодро хӯрондан, пӯшондан ва нигоҳубин кардан лозим аст.
6–8. Бефарзандӣ чӣ гуна таъсир дошта метавонад?
6 Баъзе ҳамсарон бо дигар намуди душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Онҳо сахт мехоҳанд, ки соҳиби фарзанд шаванд, лекин ин орзуяшон амалӣ намегардад. Издивоҷ ва фарзанддорӣ душвориҳои худро дорад, бефарзандӣ бошад, дарду алами худро. Вақте ки зан ҳомиладор намешавад, ӯ зиқу рӯҳафтода мегардад (Мас. 13:12). Дар давраҳои қадим бефарзандӣ мусибат ҳисоб мешуд ва занон аз ин азоб мекашиданд. Яке аз ин занон Роҳел, зани Яъқуб, буд. Ӯ аз дидани он ки апааш фарзанддор мешаваду вай не, зиқ мешуд ва дарду аламаш зиёд мегашт (Ҳас. 30:1, 2). Дар замони мо ҳам дар баъзе ҷойҳо бефарзандиро бадбахтӣ мешуморанд. Масалан, вақте ки миссионерон дар ҷойҳое, ки одатан оилаҳо серфарзанданд, хизмат мекунанд, аз онҳо зуд-зуд мепурсанд, ки чаро кӯдак надоранд. Ҳатто пас аз он ки ҳамсарон боэҳтиромона сабабашро мефаҳмонанд, одамон бо ҳамдардӣ мегӯянд: «Мо дуо мегӯем, ки шумо фарзанддор шавед».
7 Биёед мисоли хоҳареро аз Англия дида бароем. Ӯ дар орзуи фарзанд буд, вале баъд фаҳмид, ки ба ин орзуяш расида наметавонад. Ин хоҳар сахт зиқ шуд, ки то омадани дунёи нав кӯдакдор шуда наметавонад. Аз ин рӯ ӯ ва шавҳараш кӯдакеро ба фарзандӣ гирифтанд. Вале ӯ ҳоло ҳам баъзан зиқ мешавад. Ӯ мегӯяд: «Ман то ҳол аз доғи бефарзандӣ азоб мекашам. Кӯдаки бегонаро ба фарзандӣ гирифтан дигар асту таваллуд кардани кӯдаки худ дигар».
8 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки зани худотарс «ба воситаи бачазоӣ наҷот хоҳад ёфт» (1 Тим. 2:15). Вале ин суханон маънои онро надоранд, ки ба воситаи таваллуд кардан ё кӯдакдор будан зан ҳаёти ҷовидониро ба даст меорад. Ин оят ба он ишора мекунад, ки зани кӯдакдор бо тарбияи фарзанд ва корубори хона банд шуда, аз ғайбат ва бинӣ халондан ба корҳои дигарон дур буда метавонад (1 Тим. 5:13). Бо вуҷуди ҳамаи ин зан аз душвориҳо дар оила эмин нест.
9. Шахси оиладор боз аз кадом сабаб азоб кашида метавонад?
9 Баъзе оиладорон боз бо чӣ хел душворӣ дучор шуданд? Яке аз азобҳои сахттарин марги ҳамсар мебошад ва ин зарба ногаҳонӣ буда метавонад, зеро шахс гумон намекунад, ки рӯзе ҳамсарашро аз даст медиҳад. Лекин ваъдае, ки Исо дар бораи зиндашавӣ дода буд, ба ҳамсари танҳо умед бахшида ба дили реши ӯ марҳам шуда метавонад (Юҳ. 5:28, 29). Падари меҳрубону дилсӯзи мо дар Каломаш боз бисёр ваъдаҳоеро навиштааст, ки шахсони ғамзадаро тасаллӣ ва дилбардорӣ мекунанд. Биёед дида бароем, ки чӣ тавр Яҳува баъзе ходимонашро таскину тасаллӣ бахшид.
ТАСАЛЛӢ ДАР ВАҚТҲОИ ДУШВОРӢ
10. Чӣ тавр Ҳанно аз ғаму ғуссае, ки дар дил дошт, озод шуд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
10 Ҳанно, ки зани дӯстдоштаи Элқоно буд, аз бефарзандӣ азоб мекашид. Баръакси ӯ зани дигари Элқоно, Фанинно, фарзанддор буд. (1 Подшоҳон 1:4–7-ро хонед.) Барои ҳамин Фанинно «сол ба сол» Ҳанноро таъна зада меранҷонид. Ҳанно сахт зиқ шуда дарди дили худро ба Худо кушод. Ӯ ба Яҳува дурудароз дуо гуфт ва ба кӯмаки Худо боварӣ дошт. Пас аз дуо гуфтан ӯ худашро беҳтар ҳис кард ва «чеҳрааш дигар ғамгин набуд» (1 Подш. 1:12, 17, 18). Ҳанно боварӣ дошт, ки Яҳува оқибат ба ӯ фарзанд ато мекунад ё ҷойи фарзандро бо ягон тарзи дигар пур месозад.
11. Чӣ тавр мо дар вақтҳои душворӣ тасаллӣ ёфта метавонем?
11 То он даме ки мо нокомилем ва дар ин дунё, ки зери роҳбарии Шайтон аст, зиндагӣ мекунем, аз азоб ва ғаму андӯҳ озод намешавем (1 Юҳ. 5:19). Аз ин рӯ донистани он ки Яҳува «Худои ҳар тасалло» мебошад, ба мо сабукӣ меорад! Барои паси сар кардани душвориҳо мо дуо гуфта метавонем. Бо ин тарз Худо моро тасаллӣ медиҳад. Ҳанно бори дилашро ба Яҳува партофт. Мо низ дар вақти душвориҳо бояд ҳиссиётамонро ба Яҳува на фақат гӯем, балки зорию илтиҷо кунем, яъне диламонро ба Ӯ пурра холӣ кунем (Флп. 4:6, 7).
12. Чӣ ба Ҳано, ки шавҳарашро аз даст дода буд, хурсандӣ меовард?
12 Мо аз сабаби бефарзандӣ ё марги ҳамсар рӯҳафтода шуда метавонем, вале дар ин гуна ҳолатҳо низ тасаллӣ ёфтан имконпазир аст. Инро дар мисоли пайғамбарзани 84-солае, ки дар замонҳои Исо зиндагӣ мекард ва Ҳано ном дошт, дидан мумкин аст. Ҳано пас аз ҳафт соли оиладориаш бевазан шуд. Дар бораи кӯдак доштан ё надоштани ӯ бошад, дар Китоби Муқаддас чизе гуфта нашудааст. Чӣ ба Ҳано ёрӣ дод, ки солҳои дароз пас аз марги шавҳараш дарди ҷудоиро сабук кунад? Дар Луқо 2:37 навишта шудааст: «Вай аз маъбад дур нашуда, бо рӯза ва дуо шабу рӯз ба Худо ибодат мекард». Бале, Ҳано аз ибодат ба Яҳува тасалливу хурсандӣ мегирифт.
13. Мисол оред, ки чӣ тавр ҳамимонон дар вақти душворӣ моро дастгирӣ карда метавонанд?
13 Муошират бо ҳамимонон ба мо имкон медиҳад, ки дар байни онҳо дӯстони наздик ва ёрони қарин ёбем (Мас. 18:24). Як хоҳарамон, ки Паула ном дорад, инро аз таҷрибаи худ медонад. Вақте ки ӯ 5-сола буд, модараш аз ҳақиқат рафт. Паси сар кардани ин душворӣ барои Паула осон набуд, лекин баъдтар хоҳаре бо номи Энн, ки пешрав буд, ба ӯ хеле ёрдам кард. Паула дар ин бора чунин мегӯяд: «Энн хеши ман набошад ҳам, ба ман хеле ғамхору меҳрубон буд. Бо ёрии ӯ ман тавонистам ба Яҳува хизмат карданро давом диҳам». Паула ҳоло ҳам ба Яҳува содиқона хизмат мекунад ва хушбахт аст, ки модараш ба ҷамъомад баргашт ва акнун онҳо якҷоя ба Яҳува хизмат мекунанд. Энн ҳам хурсанд аст, ки ба Паула ёрдам дод, то ӯ хизматашро ба Яҳува давом диҳад.
14. Онҳое, ки дигаронро дастгирӣ мекунанд, соҳиби кадом баракатҳо мешаванд?
14 Ҳам хоҳарони муҷаррад ва ҳам оиладор медонанд, ки бо Худо ҳамкорӣ кардан ва хости Ӯро ба ҷо овардан хурсандии бисёр меорад. Барои баъзеҳо хизмат ба Яҳува ҳатто мисли дорую дармон аст. Вақте ки мо ба дигарон ёрӣ медиҳем, зиқӣ ва ғаму дарди худи мо камтар ё ҳатто бартараф мешавад. Бешубҳа, ҳамаи мо метавонем ба дигарон ғамхорӣ намуда хушхабарро ба онҳо расонем. Ҳамчунин вақте мо ба бародарону хоҳарон некӣ мекунем, дар ҷамъомад меҳру муҳаббат зиёдтар мешавад (Флп. 2:4). Дар ин кор Павлуси ҳавворӣ бароямон намунаи ибрат аст. Ӯ барои масеҳиёни шаҳри Таслӯникӣ мисли модаре буд, ки кӯдакони худро навозиш мекунад. Ӯ ҳамчунин барои онҳо мисли падар буд, чунки ба онҳо ҳақиқатро таълим медод. (1 Таслӯникиён 2:7, 11, 12-ро хонед.)
ДАСТГИРӢ НАМУДАНИ АЪЗОЁНИ ОИЛА
15. Таълим додани ҳақиқат ба кӯдак асосан вазифаи кист?
15 Чӣ тавр мо оилаҳоро дастгирӣ карда метавонем? Баъзан аъзоёни нави ҷамъомад аз воизони ботаҷриба хоҳиш мекунанд, ки барои ба фарзандонашон таълим додани ҳақиқат кӯмак кунанд ё ҳатто бо кӯдаки онҳо омӯзиш гузаронанд. Гарчанд дар баъзе мавридҳо кӯмаки дигарон, дар ҳақиқат, лозим аст, ин волидонро аз масъулияти таълиму тарбияи фарзандонашон озод намекунад. Мувофиқи Китоби Муқаддас таълим додани фарзандон вазифаи падару модар аст (Мас. 23:22; Эфс. 6:1–4). Хеле муҳим аст, ки падару модар бо фарзандони худ доимо сӯҳбат кунанд.
16. Ҳангоми ёрӣ додан ба кӯдакон чиро дар хотир доштан лозим аст?
16 Баъзе волидон аз ягон аъзои ҷамъомад хоҳиш мекунанд, ки бо кӯдаки онҳо Китоби Муқаддасро омӯзад. Агар чунин шавад, он бародар ё хоҳар набояд кӯшиш кунад, ки ҷойи падару модарро гирад. Ҳамчунин баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки Шоҳиди Яҳува ба кӯдаконе, ки падару модарашон ба ҳақиқат шавқ надоранд, Каломи Худоро таълим медиҳад. Он вақт ҳам чунин бародар ё хоҳар бояд дар хотир дорад, ки ӯ ба кӯдак барои ба Худо наздик шудан кӯмак мерасонад, на ин ки падар ё модари вай мешавад. Дар ин гуна ҳолатҳо дар куҷо гузаронидани омӯзишро низ ба назар гирифтан даркор аст: онро дар хона, дар ҳузури падару модар ё ягон масеҳии баркамол, ё дар ҷойи ҷамъиятӣ гузарондан аз рӯйи хирад мебуд. Чунин амал намегузорад, ки касе аз ягон чизи бад гумонбар шавад. Шояд дар оянда худи волидон фарзандашонро дар роҳи ҳақиқат таълиму тарбия кунанд ва вазифаеро, ки Худо ба онҳо супоридааст, иҷро намоянд.
17. Чӣ тавр фарзандон сарчашмаи тасаллӣ шуда метавонанд?
17 Фарзандоне, ки Худоро дӯст медоранд ва аз рӯйи маслиҳатҳои Ӯ амал мекунанд, барои оила манбаи тасаллӣ мегарданд. Масалан, онҳо волидонашонро ҳурмат ва аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ карда метавонанд. Ғайр аз ин, фарзандон барои рӯҳан пешравӣ кардани аҳли оила саҳм гузошта метавонанд, чуноне ки дар оилаи Ломак буд. Ломак аз авлоди Шет буд ва ҳанӯз пеш аз Тӯфон Яҳуваро ибодат мекард. Ӯ дар бораи писараш Нӯҳ чунин гуфт: «[Ӯ] моро тасаллӣ хоҳад дод аз аъмоли мо ва аз заҳмати дастҳои мо аз замине ки Худованд ба он лаънат хонд». Ин пешгӯйӣ пас аз Тӯфон, ҳангоми аз замин дур кардани лаънате, ки бар он буд, иҷро шуд (Ҳас. 5:29; 8:21). Ба ин монанд, фарзандоне, ки Яҳуваро ибодат мекунанд, метавонанд барои паси сар кардани душвориҳо, чӣ ҳозир ва чӣ дар оянда, ба оилаашон ёрӣ диҳанд ва сарчашмаи тасаллӣ шаванд.
18. Чӣ ба мо ёрӣ дода метавонад, ки ҳама гуна душвориҳо ё азобҳоро паси сар кунем?
18 Дуо, мулоҳиза оиди намунаҳои Китоби Муқаддас ва дӯстӣ бо халқи Яҳува ба миллионҳо ходимонаш кӯмак кард, ки аллакай ҳозир ҳангоми душвориҳо тасаллӣ ёбанд. (Забур 144:18, 19-ро хонед.) Яҳува Сарчашмаи беохири тасаллӣ мебошад. Донистани ин ба мо қувват мебахшад, то ҳар душвориеро, ки имрӯз ё дар оянда бо он рӯ ба рӯ мешавем, паси сар кунем.