Пандгӯ
3 Ҳар чиз вақту соати худро дорад,
Барои ҳар кори зери осмон замоне ҳаст:
2 Вақте барои зода шудан ва вақте барои мурдан,
Вақте барои шинондан ва вақте барои решакан кардан,
3 Вақте барои куштан ва вақте барои шифо додан,
Вақте барои вайрон кардан ва вақте барои обод кардан,
4 Вақте барои гиристан ва вақте барои хандидан,
Вақте барои нолидан ва вақте барои рақсидан,
5 Вақте барои санг партофтан ва вақте барои ҷамъ кардани сангҳо,
Вақте барои оғӯш гирифтан ва вақте барои парҳез кардан аз оғӯш,
6 Вақте барои ҷустуҷӯ кардан ва вақте барои даст кашидан аз ҷустуҷӯ,
Вақте барои нигоҳ доштан ва вақте барои партофтан,
7 Вақте барои даррондан+ ва вақте барои дӯхтан,
Вақте барои хомӯш мондан+ ва вақте барои гап задан,+
8 Вақте барои дӯст доштан ва вақте барои бад дидан,+
Вақте барои ҷанг ва вақте барои сулҳ.
9 Коргарро аз тамоми меҳнаташ чӣ суд?+ 10 Ман кореро, ки Худо ба одамизод дод, то бо он машғул шаванд, дидам. 11 Ӯ ҳама чизро дар вақташ хуб* ба вуҷуд овардааст.+ Ӯ ҳамчунин абадиятро дар дили одамон ҷой кардааст, аммо онҳо ҳеҷ гоҳ кореро, ки Худо кардааст, аз аввал то охир дарк нахоҳанд кард.
12 Ман фаҳмидам, ки барои онҳо чизи аз ин беҳтаре нест, ки дар давоми умрашон хурсандӣ ва некӣ кунанд.+ 13 Инчунин фаҳмидам, ки ҳар як инсон бояд бихӯраду бинӯшад ва аз тамоми заҳмати дастонаш баҳра барад. Ин атои Худост.+
14 Ман дарк кардам, ки ҳар чӣ Худо мекунад, то абад мемонад. Ба он чизе илова карда ё аз он чизеро кам карда намешавад. Худо чунин кардааст, то одамон аз ӯ битарсанд.+
15 Ҳар чизе рӯй диҳад, дар гузашта рӯй дода буд ва ҳар чӣ дар оянда ба амал ояд, аллакай шуда буд,+ вале Худо он чиро меҷӯяд, ки одамон аз паяш ҳастанд*.
16 Ҳамчунин ман дар зери осмон инро дидам: ба ҷойи адолат бадкориро ва ба ҷойи инсоф беинсофиро.+ 17 Он гоҳ дар дил гуфтам: «Худо ҳам росткор ва ҳам бадкорро доварӣ мекунад,+ зеро ҳар кору амал вақту соати худро дорад».
18 Ҳамчунин дар дилам гуфтам, ки Худо одамизодро санҷида, ба онҳо нишон медиҳад, ки мисли ҷонваронанд, 19 зеро он чӣ бо одам рӯй медиҳад, бо ҳайвон ҳам рӯй медиҳад, оқибати ҳар ду як аст.+ Чуноне ки яке мемирад, дигаре низ мемирад, ҳамаашон як хел рӯҳ доранд.+ Пас, одамизод аз ҳайвонот бартарӣ надорад. Ҳама чиз ҳеҷу пуч аст. 20 Ҳама ба як ҷо меравад.+ Ҳамаи онҳо аз хоканд+ ва ҳамаашон ба хок бармегарданд.+ 21 Кӣ медонад, ки рӯҳи одамизод боло мебарояд ва ё рӯҳи ҳайвонот ба замин мефарояд?+ 22 Ман фаҳмидам, ки барои инсон чизи аз ин беҳтаре нест, ки аз меҳнати худ баҳра барад,+ зеро ин мукофоти ӯст, зеро кист, ки он чиро, ки баъди сараш рӯй медиҳад, ба ӯ нишон диҳад?+